МАСЪУЛИЯТИ СУХАН ВА ТЕАТР

(Аз дафтари ёддоштҳо)

Ҷамоаи собиқ Театри миллии академӣ-драмавии ба номи Ҳамза (ҳоло Театри миллии академӣ-драмавии Ӯзбекистон) рӯйи ба саҳна гузоштани фоҷеаи  «Отелло» солҳои 1939-1940 саъю кӯшиш ба харҷ дода буд. Он солҳо камина дар омода кардани спектакли «Отелло» ёвари  коргардон Маннон Уйғур будам. Дар атрофи мизи мудаввар тарҷумон, актёр ва коргардонҳо ҷамъ меомаданд. Ғафур Ғулом, сарфи назар аз он ки кайҳо песаро тарҷума кардааст, дар давра ҳар рӯз паҳлӯи Маннон Уйғур менишаст. Дар суҳбати давра ба талаффуз ва ҷарангдории ҳар як сухан эътибор дода мешуд. Сатҳи бадеии тарҷумаи Ғафур Ғулом баланд буд. Бо вуҷуди ин, ба хотири оҳангнокӣ, калимаву ибораҳоро бурдборона тағйир медод. Ёдам ҳаст, танҳо як монологи «Ман оё сиёҳам?»-ро чанд бор аз нав сабт карда будем.
Бино ба пешниҳоди Маннон Уйғур ба образи Родриго суханони мутойибаомез ва хандаовар ворид карда шуданд. Зеро аз нигоҳи ӯ масъалаҳое, ки дар осори Шекспир ба миён гузошта шудаанд, басе ҷиддианд ва шояд онҳо тамошобинро ба ҳаяҷон оваранд. Суханони мутойибаомез, як андак бошад ҳам, торҳои асабро ором мекардаанд. Табиист, ки монанди Гамлет Отелло низ дар саҳнаҳои гуногун ҳар хел талқин шудааст. Аммо Отеллои Аброр Ҳидоятов мисли Отеллои дигарон ҳасуд нест, балки як инсони хушбовар аст. Ҳатто ба Ягои дар дилаш ғулғулаандохтаву ба куштани дӯстдоштааш Дездемона водорнамуда низ аз таҳти дил бовар дорад. Ва Отеллои соддадил маҳбубаи худ Дездемонаро бо дастони худ мекушад. Отелло чунин меҳисобид, ки Яго дӯсти содиқтарини ӯст...
Бино ба фикри шекспиршиноси номӣ М. М. Морозов нақши Отелло дар иҷрои Аброр Ҳидоятов хеле дуруст талқин ёфтааст. Вай нақл карда буд, ки барои дидани  спектакли мазкур панҷ маротиба аз Маскав ба Тошканд омада рафтааст. Дар яке аз ҷамъомадҳо ӯ Отеллои актёрон Томазо Салвини, А. А. Остужев, В. К. Папазянро мавриди муқоиса қарор дода чунин гуфта буд: «Отеллоро баъзеҳо қурбони рашк, баъзеҳо қурбони хушбоварӣ намудаанд. Шекспир бовариро фазилати Отелло ҳисобидааст. Ва нақши Отелло дар иҷрои Аброр Ҳидоятов тибқи талқини муаллиф сурат гирифтааст»...
Ман бо Асқад Мухтор дар рӯзҳои маданият дар Иркутск ширкат ҷуста будам, ӯ яке аз инсонҳои наздикам буд. Шоме доир ба театр сухани мо чунон тафсид, ки аз дамидани субҳ  бехабар мондаем. Ҳар  ду натиҷа гирифтем, ки ҳунарпеша Шукур Бурҳонов бахти театри мост. «Асаре сазовори диапазони ӯ офарида натавониста истодаам», гуфт дар рафти суҳбат Асқад Мухтор. Ӯ дар театри Лоҳутии Душанбе спектакли «Шоҳ Эдип»-ро дар иҷрои Ҳошим Гадоев тамошо карда будааст. Дар ин хусус нақл кард. Ҳошим Гадоев «Шоҳ Эдип»-ро худ ба саҳна гузоштааст. Дар он суҳбат Асқад Мухтор ҳамчунин дар хусуси ба тарҷумаи ин шоҳасар даст заданаш ҳарф зад. Аз ҷумла гуфт: «Дар ҷараёни кор дар театр, вақте мулоҳизаҳои Шукур Бурҳоновро дар бораи Эдип мешунидам, ба назарам ӯ инсони хеле инҷиқ намуда буд. Камина асарҳои зиёде таълиф намудаам. Вале нисбати сухан серталабии беш аз андозаро бори  аввал медидам. Дертар дарк намудам, ки он инҷиқиҳои ҳунарпеша ба такмили образ ва хуб баромадани асари саҳнавӣ мусоидат намуда будаанд»...
... Воқеан, театр оинаи ҳаёт аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки театр тамошост, гурӯҳи дигар онро ибратхона номидаанд. На, театр театр аст. Бино ба фикри Вилям Шекспир «Дунё худ театр аст, одамон дар он актёранд». Актёре, ки дар оғӯши нишоту фоҷеаҳо умр ба сар мебарад, дар лавҳи ёди мардум таассуроти носутурданӣ боқӣ мегузорад. Биноан, дар байни санъатҳо шояд дарозумртаринаш саъати театрист.

Зикир МУҲАММАДҶОНОВ,
Қаҳрамони Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: