МАСЪУЛИЯТРО БОЯД БАР ДӮШ ГИРЕМ

Ба деҳаи зебоманзари Нанай, ки дар доманаи кӯҳсор ҷой гирифтааст, нафаси баҳори нозанин мерасад.

Ба деҳаи зебоманзари Нанай, ки дар доманаи кӯҳсор ҷой гирифтааст, нафаси баҳори нозанин мерасад. Аз дур қуллаҳои барфпӯш намудор, мардум ҳоло ба корҳои баҳорӣ, кишту кор, ниҳолшинонӣ, тозагию озодагӣ рӯ овардаанд.
Ҷамоаи мактаби рақами 44-уми деҳа низ бо як кайфияти баҳорӣ гирду атроф, синфхона, ҷӯй-бор, кӯчаю боғи мактабро ба тартиб медароранд. Аз қадимулайём бобою момоёни мо баҳри сербориш омадани фасли баҳор, серҳосил шудани гандум ва дигар зироат оши худоӣ – суманак пухта, ба оилаҳои камтаъмин, серфарзанд, куҳансолон тақсим кардаанд. Мувофиқи ин анъана дар деҳаи мо бо сарварии модарони ботаҷриба таоми наврӯзӣ – суманак пухта шуд.
Мо – омӯзгорон аз «Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» эълон гардидани соли ҷорӣ мамнун ҳастем. Чунки рушди мамлакат ба мутахассисони пухтакор, соҳиби донишу таҷриба вобаста аст. Барои таълиму тарбия додани насли наврас ба зиммаи устодону омӯзгорон масъулияти калон гузошта шудааст. Президент дар Муроҷиатнома таъкид менамояд, ки пеш аз ҳама бояд худи омӯзгор бомаърифат, дорои дониши амиқ ва доимо дар ҷустуҷӯ бошад.
Таълим дар мактаби мо 11-сола буда, пурра ба забони тоҷикӣ аст, он 210 нафар хонанда дорад. Бо сарварии директори мактаб, Аълочии таълими халқ Муллобой Норматов ва ҷидду ҷаҳди муаллимони пешқадам Дилфуза Рӯзметова, Зулфия Норматова, Яйра Ҳайитметова ва дигарон таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳаракат мекунем, ки ҳар як соати дарсро бо аёният, адабиёту анҷомҳои таълимӣ гузарем. Дар мактаб доир ба зодрӯз, ҳаёт ва фаъолияти бузургони хирад – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ... зуд-зуд шабнишиниҳо баргузор мегарданд, то ҷавонон аз илму маърифати онҳо боз ҳам бештар баҳраманд гарданд. Инчунин, хонандагонро ба мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ҷалб менамоем. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 9-ум Рухшона Раҳматуллоева аз фанни информатика, хонандаи ҳамин синф Сарвар Рашидов ва хонандаи синфи 10-ум Дилшод Ҷӯрабоев аз фанни физика ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Шароити мактаб бо дастгирии раиси деҳшӯро Шодмон Тошпӯлодов солҳои охир беҳтар мегардад. Дар мактаб ҳоло корҳои таъмир ҷараён дорад. Баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ бисёранд. Дар китобхона китобҳои бадеӣ ва дастурҳои методӣ ба забони тоҷикӣ хеле кам мебошанд.
Маърифатпарвари бузург Абдулло Авлонӣ дар «Гулистони туркӣ ё ахлоқ» таъкид мекунад, ки тараққӣ ва пешрафти кишвар, осудагӣ ва фаровонии ҳаёти мардум ба кори тарбия алоқаманд аст ва мегӯяд, ки «Тарбия барои мо масъалаи ҳаёт ё мамот, наҷот ё ҳалокат, саодат ё фалокат аст». Аз ин рӯ, мо, омӯзгорон масъулиятро бояд аз пештара бештар ба ӯҳда гирем.

Ирода ЭРМАТОВА,
муаллимаи мактаби рақами 44-уми  
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.      

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: