«МАТБУОТ – ОИНАИ ҶАМЪИЯТ»,

– мегӯяд ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов

Баъди ба вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё таъин шудани Улуғбек Қосимов мавсуф аз ҷойҳо дидан намуда, бо мушкилоти мавҷуд шинос шуда, бо мутасаддиён, раҳбарони саридораву ташкилотҳо баҳри ҳалли муаммоҳо ҳар сари вақт вохӯриҳо созмон медиҳад. Чунин вохӯрӣ дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки намояндагони ВАО, раҳбарони Маркази ахбору китобхонаҳо баргузор гардид.
Раҳбари Саридораи ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят Заҳриддин Тӯраев мақсади ташкили чунин як вохӯриро изҳор дошт ва таъкид намуд, ки он бояд ошкоро, озод ва пурмазмун гузарад. 
Сипас, ҳокими вилоят дар бораи муаммоҳои вилоят ва роҳи ҳалли онҳо, нақшаву корҳои оянда батафсил ҳарф зад. 
– Дар ҷараёни омӯхтан ва таҳлил кардани муаммоҳои мубрам дар ҷойҳо маълум гардид, ки дар вилоят камбудиҳои ҷиддӣ хеле зиёданд ва роҳи ҳалли онҳоро дар якҷоягӣ бояд ҷустуҷӯ кунему ба зудӣ ҳаллу фасл намоем. Алалхусус, иҷрои қарору фармонҳои Президент ва ҳукумат, амалӣ намудани ислоҳот ва дастурҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мадди аввал бояд бошад. Дар соҳаи таълим, фарҳанг, ободонӣ, сохтмон, роҳ, саноат, кишоварзӣ, савдо, инвеститсия ва дигарҳо камбудиву муаммоҳо хеле зиёданд. Дар ин кор пеш аз ҳама ман ба шумо – намояндагони ВАО такя мекунам. Ошкороӣ ва ҳақиқатнигорӣ мизони асосии кори мо бояд бошад. Матбуот бояд оинаи ҷамъият бошад, – гуфт ҳоким.
Ҳоким  баробари ин изҳор дошт, ки дар вилоят оид ба соҳаи матбуот, телекоммуникатсия, китобхона низ камбудиҳо беҳисоб. Дар айни замон дар вилоят 38 рӯзнома ва маҷалла, 2 телевизион, 1 радио, 4 веб-сайт, 4 нашриёти хусусӣ, 2 чопхона, 58 матбаа ва 54 хидмати матбуот фаъолият дорад. 
– Аз рӯи таҳлилҳо маълум мегардад, ки аз 38 нашрияи чопӣ танҳо 10 таҳририят ба бинои худ соҳиб аст, – гуфт У.Қосимов. – Боқимондаи 28-тои он  дар иҷора. Дар замони кунунии электронӣ веб-сайт надоштани ВАО-ро чӣ гуна эзоҳ додан мумкин. Дар ҳокимиятҳои шаҳру навоҳӣ, корхонаҳои давлатӣ 54-то вазифаи котиби матбуот мавҷуд. Лекин дар идораҳое, ки мардум ба он бисёр муроҷиат мекунанд: саридораи  меҳнат, бонки марказӣ ва идораи минтақавии роҳи оҳани Тирмиз то ҳанӯз хидмати матбуот ба роҳ монда нашудааст.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба масъала ва муаммоҳои фаъолияти Маркази ахбору китобхонаҳо низ баҳсу мунозира баргузор шуд. Маълум гардид, ки дар ин соҳа низ камбудиҳо зиёданд. Марказҳо бо китобҳои илмиву бадеӣ, адабиёти ҷаҳон ба таври бояду шояд пурра таъмин нагардидаанд. Ба ин соҳа эътиборро афзун намуда, хонандагонро ба китобхонӣ ҷалб карда, маданияти китобхониро ба онҳо омӯхтан лозим.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: