МАТБУОТ – ОИНАИ ТАМАДДУН

Таърихи интишори рӯзнома дар ҳудуди Ӯзбекистони муосир, бахусус рӯзномаи тоҷикӣ, ба беш аз як сада мерасад.

Таърихи интишори рӯзнома дар ҳудуди Ӯзбекистони муосир, бахусус рӯзномаи тоҷикӣ, ба беш аз як сада мерасад. Дар ин муддати тӯлонӣ матбуоти тоҷик роҳи пуршараферо тай намуд. Аз нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX нашрияҳои саршор аз ғояҳои маорифпарварию навхоҳӣ дар зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ, минҷумла дар ҳудуди ҷуғрофиёии имрӯзаи кишвари мо ҷойгоҳи худро пайдо намуд ва ба тадриҷ ба як узви пайвастаи ҳаёти фарҳангӣ табдил ёфт, кормандони нашрияҳо барои бедории шуури иҷтимоиву сиёсӣ ва огаҳии мардуми диёр саҳм гирифтанд. 
Дар ин давра бо огаҳӣ аз аҳамияти матбуот дар пешрафти ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ равшанфикрони зиёди мо аз қабили Саидризо Ализода, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳоҷӣ Муин ва даҳҳо дигарон барои интишор додани нахустин рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ ва дастрас намудани беҳтарин маводи публитсистию адабӣ бисёр заҳмат кашиданд ва ҳатто дар ин роҳ ҷонҳои азизи худро бохтанд. Марому ормонҳои волои ин мардони зиёӣ ҳамеша беҳбуди зиндагонии мардум буд.
   Рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳам, ки баъдан интишор меёбад, бештар бо ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардум робита ба вуҷуд оварда, дар ҳамқадамӣ бо замон, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи мардуми тоҷик хабар медиҳад. Дар ин давра “Овози тоҷик” воқеан ба минбар ва мактаби маҳорати шоирону адибон ва рӯзноманигорони ҷавони тоҷик мубаддал мегардад.
   Пеш аз ва пас аз ба истиқлоли миллӣ мушарраф гардидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвар имкони таъсис додани нашрияҳои гуногуни тоҷикӣ падид омад. Алҳол баробари рӯзномаҳои “Садои Сӯх”, “Ховар”, “Овози Самарқанд”, ки сирф  тоҷикӣ ҳастанд, баъзе нашрияҳои дузабона (ӯзбекӣ ва тоҷикӣ) низ фаъолият доранд.
Имрӯз бо вуҷуди он ки  вазъияти пандемӣ  дар сатҳи ҷаҳон ҳукмрон аст, ниёз ба  воситаҳои ахбори оммавӣ афзудааст. Воқеан, мо дар асри технологияи ахбор зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, нашрияҳо низ дар назди ҷамъият беш аз пеш масъулият эҳсос мекунанд. Шароити мавҷуда тақозо менамояд, ки  нашрияҳо ба сифати яке аз қисматҳои таркибии васоити ахбори умум кори худро аз тариқи интернет идома диҳанд. Дар ин ҷараён барои кормандони матбуот имконияти   роҳандозии лоиҳаҳои нав ба нав даст медиҳад. 
   Кормандони рӯзномаҳои “Овози тоҷик”,“Садои Сӯх”,“Ховар”, “Сариосиё”, “Овози Самарқанд”, дар тӯли чанд моҳи охир яканд лоиҳаҳои ҷолибро ба муштариёни худ тақдим намудаанд. Алҳол  дар дастгоҳҳои идории матбуоти ватани мо ҷавонҳои соҳибистеъдоду кордон, заҳмандписанду меҳнатқарин ҳамчун ворисони сазовори матбуотчиёни нахустини мо адои вазифа доранд. Имрӯз мабуот ба маънои томаш ба мардум ва омӯзиши вазъи зиндагонии онҳо майли бештар дорад ва ин  ҳадафи ҳама гуна нашрия ҳам бояд бошад.
Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва матбуотро бо ҷашни пурифтихорашон  самимона таҳният мегӯям. Ба онҳо дар кори басо муҳиму пурмасъулияташон барору комёбиҳо орзу мекунам. 

Таваккал ЧОРИЕВ,
   депутати Палатаи қонунгузории
   Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.   

   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: