МАТЕМАТИКА – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ИЛМ

Дар Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ вобаста ба омӯзиши илми математика эълон гардидани қарори Президент “Дар бораи чораҳо доир ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи математика» барои ворисони закитабъи олимони шуҳратёри математикаи кишварҳои Шарқу Ғарб Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибн Мусо, Абӯрайҳон Берунӣ, Абӯалӣ ибн Сино, Абӯнаср Муҳаммад ал-Форобӣ, Муҳаммад ал-Фарғонӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Юсуф Ҳамадонӣ, Умар Хайём, Мирзо Улубек хурсанд

Дар Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ вобаста ба омӯзиши илми математика эълон гардидани қарори Президент “Дар бораи чораҳо доир ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи математика» барои ворисони закитабъи олимони шуҳратёри математикаи  кишварҳои Шарқу Ғарб Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибн Мусо, Абӯрайҳон Берунӣ, Абӯалӣ ибн Сино, Абӯнаср Муҳаммад ал-Форобӣ, Муҳаммад ал-Фарғонӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Юсуф Ҳамадонӣ, Умар Хайём, Мирзо Улубек хурсандӣ бахшид. Қарор барои боз ҳам беҳтар омӯхтани илми математика ва такон додани фаъолияти ҷустуҷӯи илмӣ имкониятҳо фароҳам овард.  
Шумо медонед, ки мувофиқи нақша ва дастурҳои таълимӣ омӯзиши илми математика аз давраи ба дабистон қадам ниҳодан оғоз ёфта, он минбаъд дар зинаҳои дигари таълим идома меёбад. Омӯзиши математика дар нақшаи таълимии силсилафанҳои аз панҷ равия таркибёфтаи Вазорати маориф дар синфҳои I-XI мактабҳои миёнаи умумӣ соати ҳафтаинаи таълимӣ ба миқдори 5 соатӣ муайян гардидааст. Соати ҳафтаинаи фанни математика дар ҳамаи синфҳо ягона буда, дар як ҳафта дар тамоми синфҳо омӯзиши он 55 соатро ташкил медиҳад.  
Дар қарори роҳбари давлат омадааст, ки пайвандии байни дараҷаҳои таълими математика пурра таъмин нагардидааст, ба китобҳои дарсии математика  нисбат ба синну соли донишомӯз масъалаҳои мураккаб дохил карда шудааст, инчунин аксар масъалаҳо дар робитаи математика бо  фанҳои дигар ҳеч гуна нақше надорад, барои ҷавонони соҳибистеъдод ва ғолибони озмунҳои байналхалқӣ, рушди илму фан дар муассисаҳои таълими олӣ шароит фароҳам оварда нашудааст, натиҷаҳои ҳамгироии илмиву амалии математика хеле суст ва ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст, фаъолияти ҷустуҷӯи илмию ҳамкории олимони ҳамзамон дар ҷодаи тарғиби нуфузи умумҷаҳонии математикаи миллӣ ба дараҷаи кофӣ мувофиқи матлаб намебошад. Бартараф намудани муаммоҳо ҳар яки моро ба масъулиятнокӣ ва фаъолӣ даъват мекунад. 
Дар қарор вазифаҳои устувори манфиатовар ва орзуҳои ояндадор нишонрас гуфта шудааст, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ ба пешрафти илми математика, бунёди масканҳои таълимӣ, ташкил намудани машғулиятҳои беруназсинфӣ, таъсиси синфҳои такягоҳи омӯзишӣ, баргузор намудани озмунҳои зинаҳои якуму чаҳорум ва байналмилалӣ, пурсамар давом додани фаъолияти ҷустуҷӯи илмӣ  чун дастуруламал хидмат мекунад.
Аз рӯзи қабули қарор дар кишварамон дар зинаи таълими томактабӣ ба воситаи технологияи педагогӣ машғулиятҳои мушоҳидакории математикӣ, дар зинаҳои таълими миёнаи умумӣ ва таълими махсус синфҳои такягоҳи омӯзишӣ, дар зинаи таълими олӣ миқдори соатҳои омӯзишии фанҳои математика бо барзиёдшавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар муассисаҳои ташкилнамуда ба сифати таълиму омӯзиши математика ва натиҷаҳои индикаторӣ эътибор дода мешавад. “Индикатор” вожаи лотинӣ буда, он дар забони тоҷикӣ маънои “нишон медиҳам”, “муайян мекунам”-ро ифода менамояд. Бо таъбири дигар  бигӯем, “индикатор” асбоб ё элемент, ки ҷараён ва ҳолати объекти мушоҳидашавандаро муайян намуда, хусусияти сифатӣ ё миқдории онро равшан инъикос менамояд. Дар тамоми зинаҳои таълимӣ платформаи индикаторӣ татбиқ карда шудааст. Ходимони ташкилотҳои ваколатдори соҳаи фарҳанг натиҷаҳои фаъолияти индикатории таълиму тарбия ва муваффақиятҳои педагогию илмиро муайян менамоянд. Пас аз сарҳисоби умумӣ натиҷаҳои индикаториро эълон менамоянд. Натиҷаҳои ноилгардидаи индикатории математикҳои ҷавони ноҳияҳои Қарокӯлу Олоти вилояти Бухоро фахри ҳамагон аст. Онҳо ҳар сол ба ғайр аз озмунҳои зинаҳои якуму чаҳорум дар озмунҳои байналхалқӣ иштирок намуда, бо медали тиллову нуқра, диплому ташаккурномаҳо ба диёр бармегарданд. Дараҷаи дониши математикии онҳо нисбати шарикдарсони ҳамсинну солашон ниҳоят баланд аст. Аз таҷрибаи ҳамдигар ибрат омӯхта дасти ёрӣ бояд дароз кунем. Натиҷаҳои мониторинг аз натиҷаҳои индикаторӣ фарқ дорад. Фарқ дар  он аст, ки натиҷаҳои мониторингӣ дар доираи маҳдуд, яъне дар миқёси мактаб, ноҳия, вилоят эълон гардида, маҳфуз мемонад. Натиҷаҳои индикаторӣ бошад, дар тамоми канораҳои кишвар барои ҳама эълон мегардад. 
Аз 1 январи соли 2021 ҳукумат барои математикҳои ҷавон сертификати миллиро ҷорӣ менамояд. Маркази давлатии тест бо саволҳои муайян дараҷаи дониши хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва тахассусиро месанҷад. Пас аз он вобаста ба натиҷаҳои бараъло сертификати миллиро медиҳад. Соҳиби сертификати миллӣ бе имтиҳонсупорӣ ба муассисаҳои таълими олӣ бо холи бадастдароварда ба хондан қабул карда мешавад. Ин имконияти хеле хуб аст.          
Дар қарор инчунин ба фаъолияти инноватсионии фундаменталию амалии ҷустуҷӯи илмӣ алоҳида эътибор дода шудааст. Ҳар як кашфиётгар  дар оянда бо нишони сарисинагии байналмилалии Муҳаммад Ал-Хоразмӣ, инчунин дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА рағбатнок гардонда мешавад. Истеъдод, маҳорат, иқтидори эҷодкориро ба кор андохта, дар инкишофи фаъолияти иқтисодиёти рақамӣ, илми математика ҳиссагузор гардида аз паси ба даст даровардани мукофоти байналхалқӣ ва сармоя бояд буд. 

Таваккал ЧОРИЕВ,
номзади илмҳои филология, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: