Материали наве офарида шуд, ки аз ҳавои биёбон об ҳосил карда метавонад

Олимони ИМА ва Олмон маводи бисёрқабатаро таҳия карданд, ки қодир аст, ҳатто дар биёбон дар як шабонарӯз то 1,3 литр обро ҷаббида ва хориҷ кунад.

Он аз сорбент - шабеҳи минерали табиии сеолит ва мис сохта шудааст ва буғи обро аз ҳавои хушк ҷаббида мегирад.

Олимон хабар доданд, ки дар доираи таҷриба онҳо тавонистанд барои ҳар килограмм сорбент то 5,8 литр об истихроҷ кунанд, хабар медиҳад RuNews24.

Қайд карда мешавад, ки мавод обро дар ҳарорати муқаррарии ҳаво ҷаббида мегирад, аммо ҳангоми аз 70 дараҷа боло рафтани ҳарорат ба хориҷ кардани он шурӯъ мекунад. Гузашта аз ин, охирин хеле зуд рух медиҳад - танҳо дар 11-12 дақиқа.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: