МАТЛУБАИ МАҚБУЛ

Ӯ ба синни нафақа расиду ба номи роҳбари идора ариза навишт.

Сардор Бахтиёр Қосимов ба коғаз чашм давонду бо ҳайрат сӯи ӯ нигарист.
– Матлуба Абдусаломовна, магар ягон кас шуморо хафа кард ё камбудӣ аз ман гузашт? – пурсид, – хӯш, чӣ гап шуд?
– Укаҷон, ҳамааш олиҷаноб, – хандид Матлуба Муртазоева, – дар як соҳа, дар як идора беш аз 40 сол меҳнат кардам. Ана акнун ба ҷавонон имконияти кор кардан диҳем, сонӣ наберапоӣ гуфтагӣ гапҳо ҳаст.
Бахтиёр Қосимов зуд розигӣ надод. Зеро Матлуба бо хислатҳои неки инсонӣ – некӣ, ба қадри одам расидан, аҳду вафо, хоксорию росткорӣ ба дилу дидаи корафтодагону атрофиён соҳиб буду миннатдории мизоҷон интиҳо надошт.
Воқеан ба соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ба кор омадани вай тасодуф аст. Зеро ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 2-юми шаҳри Самарқанд ният дошт, ки омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёт шавад. Аммо ҳангоми дохилшавӣ ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гӯё чанд хол нарасида будааст. 
Модари дилсӯзу меҳрубонаш Хосият Баҳриева (илоҳӣ ҷояш дар ҷаннат бошад) барои аз беадолатӣ дилгиру рӯҳафтода нашудани духтараш назди ақрабои наздикаш, сардори идораи таъминоти иҷтимоии шаҳр Абдурафиқ Самиев рафт, ки ҷигаргӯшаашро ба кор гирад. Ана ҳамин тавр Матлуба Муртазоева ҳисобчии идораи таъминоти иҷтимоӣ шуд. Аз нахустин устодаш Маҳфиза Аҳадова бисёр чизҳоро омӯхт. Соли дигар бо тавсия ва роҳхати корхона ба омӯзишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд дохил гардида, онро ғоибона хатм кард.
Сипас беш аз сӣ сол дар идораи шуъбаи хазинаи ғайрибуҷавии нафақа дар ноҳияи Самарқанд дар вазифаи нозир фаъолият бурд. Маҳз бо кумаку маслиҳати беғаразона ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ҳазорҳо нафар шахсон нафақа мегиранд.
– Бо амри тақдир бо бисёр шахсон ҳамкору ҳамдил будем, – мегӯяд Матлуба Муртазоева, – Абдурафиқ Каримов, Илҳом Ваҳҳобов, Тамара Рашидова, Моҳира Мансурова, Шоира Мухторова, Гулсара Ҳакимова ва дигарон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ба корафтодагон хизмати беминнат расонанд. Шояд аз ҳамин сабаб дар кӯча ё тӯю маъракаҳо бо онҳо рӯ ба рӯ шавем, албатта арзи сипос мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки ин бонуи дилёбу дарёдил, ки лабонаш ҳамеша моили табассуманд, ба аксарият ҷавонону навкорон устод аст. Фирдавс Ғаниев, Аббос Худойбердиев, Зафар Боймуҳаммадов, Бахтиёр Қосимов ва дигарон ӯро ҳамчун мураббии ғамхору меҳрубон эҳтиром мекунанд.
– Дар ноҳияи мо ҳар сол қариб ду ҳазор нафар ба нафақа мебароянд, – мегӯяд сардори идора Бахтиёр Қосимов, – бо таҳияи ҳуҷҷат ва таъин кардани нафақа ҳамагӣ бист нафар ходимон машғуланд. Ба идораи мо ҳар гуна одамон омада, афсӯс, ки баъзе аз онҳо на одоби муошират доранду на андешаи солим. Матлуба барин шахсони масъулиятшинос «аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст» гуфта сифати неки инсонии хешро намоиш медиҳад. 
Воқеан, Матлуба Муртазоева дар нафақа бошад ҳам, зуд-зуд ба идораи мо омада, барои ҳалли баъзе муаммоҳои сарбаста кумак мерасонад, ки барҳақ, пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд. 
– Дар нафақа будан хислатҳои аҷибе доштааст, – гуфт Матлубаапа – бештар вақт пайдо шуд, ки китоб хонам, бо тарбияи наберагон машғул шавам. Бо гузашти айём хотира суст мешудааст, ки набераи даҳсолаам Моҳинабону қариб нисфи Қуръони каримро аз ёд карду ман ҳамагӣ як пораи онро. Шаш нафар набера, гулдухтаронам Дилафрӯз, Дилрабо, Дурдона дар атрофам парвона. Сад дареғо, ки соҳиби сарам Ғайбулло Исматов баъди сӣ соли ҳамхонагӣ нобаҳангом вафот кард. Вақти намозгузорӣ ба ҳаққи ҳамсарам, хешу пайвандон ва ҳамкорон, ки бо дунёи фонӣ падруд гуфтаанд, дуои хайр мекунам. Бигзор рӯҳашон шод, хонаи охираташон обод бод!
Матлубаапа сипосгузор аст аз сарвари давлат, ки хосатан ба зан меҳрубонӣ зоҳир мекунад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: