Ишораи ногузир
Ишораи ногузир
Пас аз фикру мулоҳизаҳои амиқ дар алфози достону қиссаҳои “Маснавӣ”-и Мавлонои Балхӣ – олитарин асари адабию ахлоқии башарият, ба хулосае омадем, ки ин ганҷи шойгон, сарфи назар аз соддабаёнию фасеҳзабонияш, боз ҳам пур аз вожаҳои душворфаҳми арабию ибриву туркӣ ва дигар забонҳо буда, барои хонандаи имрӯз фаҳми он дар аксар маврид дастнорас аст. Шояд дар аҳди Мавлоно, ки замони шукуфоии илму адаби арабӣ буд ва аксар уламову шуарои дигар миллатҳо, минҷумла бузургони мо, осори худро ба забони арабӣ низ менигоштанд ва мизони ифтихороташон ҳам буд, Маснавӣ ниёзе ба тавзеҳу ташреҳ надошт. Вале имрӯз ва барои хонандаи тоҷики кунунӣ бидуни кӯмак ҷустан аз луғатномаву фарҳангҳо дарки маънои ноби “Маснавӣ” муяссар нахоҳад шуд.
Дар баргардониши ин манзумаҳо ба насри тоҷикӣ мо талош кардем, то вожагони ғарибу бегона (бо нигаҳдошти асолати забони Мавлоно) камтар мавриди истифода қарор бигиранд. Дар ин роҳ якчанд нусха, ки дар ихтиёрамон ҳаст, минҷумла бархе нусхаҳое, ки дар китобхонаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ маҳфузанд, бо муқоиса баррасӣ ва таҳқиқ шуда, ҳикоятҳо муҷаз ва мухтасар баргардонида шуданд.
Дар аксари достонҳову қиссаҳои «Маснавӣ» таъбироту истилоҳоте ба чашм мехӯранд, ки барои хонандаи имрӯз, на ҷузван, балки куллан бегонаанд... Чун ин ҳол аён буд, дар фикр фурӯ рафтем... Чӣ бояд кард? Агар ба шарҳи он таъбирот пардозем, хеле ба дарозо мекашад ва бояд ду-се сафҳа сиёҳ кард, то хонанда аз асли мавзӯъ бохабар шавад. Дар чунин ҳолатҳои ногувор саъй кардем, то мизони мухтасаргӯӣ, муҷазбаёнӣ, оммафаҳмӣ риоят шавад, гуфтор аз ҳадди эътидол таҷовуз накунад ва ба газоф нагарояд. Ва гоҳе низ (барои он ки сайди маъно осонтар гардад) ба панду амсолу ҳикматҳои омиёна (фолклор) рӯй овардем. Аҷиб он аст, ки гоҳе дар «Маснавӣ» як калимаи куллан тоҷикиро, ки дар замони Мавлоно роиҷ ва барои ҳама фаҳмо будааст, маҷбурем имрӯз бо калимаҳои дар забонамон мустаъмали арабӣ баён кунем. Чунин иттифоқ афтоданҳоро дар адабиёти урупоӣ “парадокс” мегӯянд. Яъне чӣ? Яъне мо дурдонаҳои маънавии адаби худро тавассути калимаҳои забонҳои дигар сайд мекунем. Магар ин парадокс (таноқузбаёнӣ) нест? Ба ҳар ҳол, ин роҳ ҳамроҳи савоб аст, зеро моро ба асли худ (ҳарчанд ба василаи вожагони дигар) раҳнамун месозад ва ба худи мо мешиносонад.
Муҳимтарин хулосаи банда дар баргардониши «Маснавӣ» ба наср, имрӯз ва баъд аз ҳазорон ҳазораҳои дигар низ ин аст ва ин хоҳад буд, ки мо, агар ҳар қадар бо Қуръон ва ояту сураҳои қуръонӣ ошноии бештар дошта бошем ва ё ҳадди ақалл бо тарҷумаи тоҷикии Қуръон шинос шавем, дарки қиссаву ҳикоятҳои Маснавӣ, ки “Қуръон дар забони паҳлавӣ”-яш хондаанд, бароямон осонтар хоҳад шуд. Чун «Маснавӣ»-ро ба Қуръони забони мо нисбат додаанд, пас ҳар ки маснавидону маснавихони асил бошад, яқин Қуръони гӯёст, ки дар байни мо чун чароғе нурафшонӣ мекунад. Бесабаб нест, ки паёмбарон, авлиёуллоҳ, олимони раббонӣ, ҳофизону қориёни Қуръонро «Қуръонҳои зинда» хондаанд. Имрӯз низ чунин мардони Худо, чунин Қуръонҳои зиндаву гӯёву пӯё дар байни мо убуру мурур мекунанд ва ба мо волотарин саодат – амнияту оромиши рӯҳу ҷон мебахшанд.
Дар «Маснавӣ» натанҳо аз Қуръон, балки аз ҳамаи кутуби муқаддасаи осмонӣ (Инҷилу Тавроту Забур) мисолҳои равшан оварда шудаанд. Лиҳозо, донистани муҳтавои умумии он китобҳо низ барои мо заминаи хуберо ҷиҳати дарку ҳазми достонҳои маънавӣ фароҳам хоҳад намуд.
Умедворем, кори хоксоронае, ки бо инояти Парвардигор анҷом ёфтааст, роҳкушои вуруди ҷавонону пирони Маснавидӯсти мо ба дунёи бузурги ахлоқ бошад ва онон аз ин Ганҷурнома сабақи озодмардӣ, озодагӣ, сарафрозӣ, накукорӣ ва аз ҳама муҳим, дарси оромиши рӯҳу ҷонро биёмӯзанд.
Барову дурахш, эй баландафтоб,
Бурун ойу бар фарқи гардун битоб!
Ду “ман” дар як саро нагунҷанд
Рӯзе ошиқе ташнаи висол бар даргоҳи ёри азизаш омаду дари ӯро бизад. Ёраш гуфт: “Эй каси муътамад, ту кистӣ?” Гуфт: “Ман”. Гуфташ: “Бирав, вақт надорам! Барои мисли ту хоме хони иззату икром нахоҳам орост! Чун “ту”-и ту ҳанӯз аз ту нарастааст, мебояд дар нори сӯзон бисӯзӣ, то пухта гардӣ”. Ошиқи мискин ночор, бо дили абгор ва ашкҳои шашқатор аз дари хонаи маъшуқа баргашт ва соле дар сафар гузаронид ва дар нори фироқи ёр басе сӯзиду нолид:
Рафт он мискину соле дар сафар,
Дар фироқи ёр сӯзид аз шарар.
Пас аз сипарӣ шудани соле ва сӯхтанҳо дар оташи ҳиҷрони хубхисолеву моҳҷамоле боз ба сӯйи хонаи маъшуқа бозгашт ва бо сад тарсу бим ва одоби азим бар дари хонаи ёр ҳалқа зад ва муроқиби он буд, ки дар посух ба саволи маъшуқа лафзе беадабонае аз лабонаш наҷаҳад. Чун бори дигар дар кӯфт, ёраш бонг зад: “Бар дари хона кист?”. Ошиқи ҳайрон бо дили сӯзону чашми гирён посух дод: “Ту”-ӣ! Ҳам дар беруни хона ва ҳам пушти дар Туӣ, эй дилситон, на ман!”. Маъшуқа гуфт: “Акнун ки чун “Ман” шудаӣ, эй Ман, ба хона даро, зеро ду “ман” яке бошанд ва “ту”-ву “ман” дуист ва дуӣ дар як саро нахоҳанд ғунҷид. Ҳоло ки ману ту ягона гаштаему “манӣ” – “ту”-ӣ бархоста, бифармо ба хона ва хони ороста бифармо ба суфраи Ваҳдати вуҷуд ва аз он лаззатҳо бубар”.
Ёддошт: Шайх Аттор – устоди Мавлоно низ дар “Мусибатнома” ин достонро овардааст.
Баргардониши
Файзхоҷа МАҲМУД.