Матое офарида шуд, ки 97 дарсади нури офтоб ва гармиро намегузаронад

Матоъ то 97 дарсади нури офтоб ва гармиро нагузаронида, бадани инсонро сард нигоҳ медорад.

Муҳандисони Донишгоҳи Чжэнчжоу (Чин) ва Донишгоҳи Австралияи Ҷанубӣ (UniSA) матоъеро таҳия карданд, ки қодир аст ҳарорати бадан ва ашёро дар муҳити шаҳр кам намояд.

"Қобилияти мато бобати паст кардани ҳарорат як муқобили устувор ба кондитсионерҳо буда, барои сарфаи энергия ва кам кардани сарборӣ ба шабакаҳои барқ дар давраҳои гармии ғайримуқаррарӣ хидмат мекунад" гуфт коршиноси UniSA Янҷҷе Ҳоу.

Се қабати хунук

Санҷишҳо нишон доданд, ки матоъ то 97 дарсади нури офтоб ва гармиро намегузаронад. Хоу гуфт, ки дар он принсипи хунуккунии радиатсионӣ истифода шудааст ва ин як раванди табиӣ буда, материалҳо гармиро ба атмосфера мебароранд.

"Баръакси матоъҳои муқаррарӣ, ки гармиро нигоҳ медоранд, ин матои сеқабата таъсири баръаксро нишон дод” гуфта фаҳмонд ӯ.

Қабати боло аз нахҳои полиметилпентен иборат аст, ки гармиро самаранок пароканда мекунанд. Қабати мобайн аз нановимҳои нуқра пур карда шудааст, ки қобилияти инъикоскунии матоъро зиёд мекунад ва интиқоли гармиро ба бадан пешгирӣ менамояд. Ва қабати поён аз пашм иборат аст, ки ҳатто дар гармии шадид аз гармӣ муҳофизат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: