«МАВЛОНО ҶОМӢ»-И ТЕАТРИ ӮЗБЕК

Масҷид ва мадраса, ёдгориҳои таърихӣ, қадамҷоҳои мубораки Тошканди азим асосан дар қисмати куҳнаи шаҳр ҷой гирифта буданд.

 Агар гӯем, таҳкурсии санъати театр ва кинои Ӯзбекистон дар давраи муосир, айни замон, дар «шаҳри куҳна» гузошта шудааст, муболиға намешавад. Ин қисмати шаҳр, воқеан, Аброр Ҳидоятов, Миробид Ҷалилов, Ғанӣ Аъзамов, Махсум Юсуфов, Соат Тоҷибоев барин чеҳраҳои намоёни ҳунарро, ки ба тараққии маданият ва санъати ҷумҳуриамон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд, тарбия намуд ва ба камол расонд. Дигар аз намояндагони барҷастаи санъати театр ва кино Ҳунарпешаи мардумии  Ӯзбекистон Сайфиқорӣ Ҷалилов мебошад, ки низ дар қисмати кӯҳнаи Тошканд ба дунё омадаву истиқомат карда, бо нақшҳои ҷолиб қалби бинандагони сершуморро тасхир сохтааст. 
Алъон дар бораи фаъолияти пурсамари яке аз саромадагони театр ва кино Сайфиқорӣ Ҷалилов, ки ӯро дар Тоҷикистон низ хуб мешинохтанд, нақл карданием. 
Мегӯянд, С. Олимов дар сафи симоҳои бузург, аз зумраи Ш. Бурҳонов, О. Хоҷаев, М. Мироқилов, Н. Раҳимов ва дигарон қарор дошт, образҳои ҷолиб меофарид, аз эҷодкорони фидоӣ буд, вале бо фазилати хуби инсонӣ – хоксорию фурӯтанӣ аз ҳампешагон ҷудо шуда меистод. Баробари актёри бузург будан чун инсони комил, шахси ғамхору дилсӯз ба дилу дидаҳо ҷо шуда буд. 
Табассумаш беғубор ва дилбардор, гӯё ба чашм не, ба дили ҳамсуҳбатон ҳалимона нигариста, суханони самимӣ ба забон меовард. Вале танҳо дар  нақшҳои мусбат не, дар офаридани образҳои манфӣ низ маҳорати комил дошт. Чун баъзе ҳунарпешагон, ки мехоҳанд танҳо нақшҳои асосиро бозанд, худбинӣ намекард. Бо ҳамин қадар машҳурӣ агар мегуфтанд шумо танҳо дар саҳнаи оммавӣ намоён мешавед, ба коргардонҳо баҳс карда наменишаст ва бо фурӯтанӣ ҳар гуна хоҳишро мепазируфт. 
С. Олимов дар «Овозаҳо дар маҳалла»-и коргардон Шуҳрат Аббосов (филм соли 1960 ба экранҳо баромадааст) нақши хаткашонро бозидааст.
Танҳо ӯ соҳиби хату савод, бинобар ин номаеро, ки аз Маскав фиристода шудааст, худаш хонда медиҳад: «Ман сюрприз тайёр карда мондаам». Вай чашм бардошта, ба атрофиён андак ҳайратомез менигарад ва худро «доно» вонамуд сохта, шарҳ медиҳад: «Ба фикри ман, сюрприз мошинест, ки либос мешӯянд».
Ё худ, аз ҳавлӣ баромада, ба Ойпошшо (Марям Ёқубова), ки дар қалб ҳасад ба гапи онҳо номаълум гӯш меандохт, сахт нигоҳ меафканад, чун дид, ки вай ба дарича дармонд, айнаки чашмашро боло бардошта, таҳайюромез «ия» мегӯяд, ки аз ин ҳолат тамошобин беихтиёр завқ мебарад, табассум мекунад.
Дар картинаи Набӣ Ғаниев «Саргузаштҳои Насриддин» С. Олимов образи саррофро офарида ва  дар талқини шахси каззоб, хасис, нобакор ва худбин низ маҳорати  том доштани актёр дар он ба зуҳур меояд. Вай бечорагонро ба ивази қарзи ночизашон мефиребад, бо нокасӣ зебу зинати бевазани нодорро кашида гирифта ва ба бадали он аз фош шудани бевафоии ҳамсараш шармсор мегардад.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, шодравон Шуҳрат Аббосов дар яке аз интервюҳои худ гуфта буд, ман аз тақдири худ, бинобар дучор оварданаш ба актёрҳои нотакрор, бисёр мамнунам, агар онҳо намебуданд, ба ман ин комёбиҳо даст намедод, мо коргардонҳо аз соҳибистеъдодҳое чун Сайфиқорӣ Олимов  қарздорем, афсӯс, вақте онҳо зинда буданд, аз хидмат ва маҳораташон ба таври кофӣ истифода карда натавонистем. С. Олимов аз актёроне буд, ки соҳиби иқтидори  бузурганд. 
Қаҳрамони Ӯзбекистон, зиндаёд Зикир Муҳаммадҷонов низ С. Олимовро чун яке аз устодони саҳнаи театр ва кино эҳтиром мекард. Мегуфт, чеҳраҳои намоёне чун Ҳикмат Латифов, Махсум Юсуфов, Ҷӯра Тоҷиев, Ҳамидулло Наримонов, Соҳиб Икромов, Абдулҳақ Норбоев ва дар қатори онҳо Сайфиқорӣ Олимов ба маънои ҳақиқӣ пирҳои хуштадбири майдони ҳунар буданд. Яке аз асосгузорони театри миллии ӯзбек С. Олимов бошад, бешак, «хазина»-е буд бо забон ва характери бой, ба маънои ҳақиқӣ пири хирад, ки меарзад таҷрибаҳои ҳаётиаш омӯзем ва дар рӯзгори саҳнавиамон аз он омӯхтаҳо истифода намоем.
Вай натанҳо нақш дар театр ва киноро бо маҳорати баланд иҷро менамуд, балки партнёри (ҳамроҳ) худро бисёр эҳтиром месохт, барои он ки образи худро кушояд, ба ӯ шароит фароҳам меовард. 
Талаффузи равшан, садоқат ба маданияти нутқ низ дар саҳна чизи муҳим. Ба ҳар сухане, ки аз даҳон баромад, тамошобин эътибор медиҳад. Ҷуз ин ба қиёфабозӣ (мимика), ҳолат ва ҳаракатҳои ҳунарпеша.
Ба ин гуна чизҳо С. Олимов аҳамияти калон менигаронд, усули хоси кор дар болои образҳоро ба ҳампешагон, хусусан, нақшофарони ҷавон талқин месохт, ба онҳо падарона ғамхорӣ менамуд. Дар ҳар гуна ҳолат онҳоро дастгирӣ мекард. Хуллас, образҳое, ки С. Олимов дар спектаклҳои «Табиби Туркистон», «Бой ва хизматкор», «Макр ва муҳаббат», «Парвози уқоб»,«Алишер Навоӣ»,«Ҳамлет», «Имон», «Шахси номаълум», ҳамчунин филмҳои бадеии «Саргузаштҳои Насриддин», «Таназзули аморат» , «Мафтуни туям», «Ҳамза», «Овозаҳо дар маҳалла», «Ситораи Улуғбек», «Нодирабегим» ва ғайраҳо офарид, аз нотакрорӣ ва барҳаётии симояш дар театр ва синамои миллӣ дарак медиҳанд.
Зимнан, дар драмаи «Алишер Навоӣ» С. Олимов нақши устод Ҷомиро бо маҳорати том бозида, чун «Мавлоно Ҷомӣ» низ замонҳое вирди забонҳо будааст.
Падари актёрро Олимқорӣ мегуфтанд. Ӯро, ки дар асл Сайфиддин ном дошт – Сайфиқорӣ. Чаро?
Барои он ки падару писар сӣ пора Қуръони Каримро азёд медонистанд ва қироат мекарданд.

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: