МАВОДИ ИМТИҲОНОТИ ЗИНАВӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ ҶАМЪБАСТӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФИ VII ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ МИЁНАИ УМУМӢ ТАВСИЯ БАРОИ ИМТИҲОНИ ЗИНАВӣ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ СИНФИ 7 ХАТТӢ (ДИКТАНТ)

Мақсади асосии таълими забони тоҷикӣ иборат аз ташаккул додани фикри мустақилонаи донишомӯзон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маданияти китобхонӣ дар онҳо, дурусту равон баён карда тавонистани фикри даҳонию хаттии худ, афзудан ба саводнокии шифоҳию хаттӣ, тақвият бахшидани фикрронии мустақилонаю эҷодкоронаи хонандагон, маданияти дарки фикри дигарон, хулоса, ташаккул додани шахси маданияти нутқу муошираташ инкишофёфта мебошад.

Мақсади асосии таълими забони тоҷикӣ иборат аз ташаккул додани фикри мустақилонаи донишомӯзон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маданияти китобхонӣ дар онҳо, дурусту равон баён карда тавонистани фикри даҳонию хаттии худ, афзудан ба саводнокии шифоҳию хаттӣ, тақвият бахшидани фикрронии мустақилонаю эҷодкоронаи хонандагон, маданияти дарки фикри дигарон, хулоса, ташаккул додани шахси маданияти нутқу муошираташ инкишофёфта мебошад.
Бо мақсади муайян кардани ташаккули қобилияти нутқӣ ва  лингвистии хонандагон аз фанни забони тоҷикӣ, ки дар СДТ пешбинӣ шудааст, инчунин бо мақсади муайян кардани дараҷаи саводнокӣ, имтиҳони зинавӣ дар синфи 7 дар шакли кори хаттӣ, яъне диктант гузаронида мешавад.
Ҳангоми диктант дар баробари санҷидани саводнокӣ ва мустаҳкам намудани донишҳои оиди сохти забон азбарнамудаи донишомӯзон, маҳорати бо амалиёт алоқаманд намудани дониши онҳо ва ташаккул додани малакаи хаттиашон ба эътибор гирифта мешавад.
Матни диктанти интихобшуда ба талаботи зерин мувофиқ буданаш лозим: 
– бояд ба мустаҳкам намудани малака ва донишҳои дар давоми сол андӯхтаи донишомӯзон оиди мавзӯъҳои гузашта ва барои санҷидани саводнокии онҳо хидмат кунад;
– ҳаҷми матни диктант аз 100-120 калима иборат буда, бояд ба мавзӯъҳои гузашта мувофиқат кунад, мавод барои имконияти санҷидани донишҳои андӯхтаи донишомӯзон интихоб шуда бошад;  
– матни интихобкардашуда аз китоби дарсӣ гирифта нашуда, ҳаддалимкон эҷодӣ ва аз асарҳои ба донишомӯзон ношинос гирифта шуда, бояд аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ дошта бошад. 
Диктант бо роҳи хонда шунавонидан нависонда мешавад. Пас аз навишта шудани диктант, матни он бори дигар ифоданок хонда дода мешавад.
Диктант дар асоси меъёрҳои зерин санҷида, баҳогузорӣ карда мешавад: 
Меъёрҳо
Хол (Балл)

Ба диктанте, ки бо хати зебо навишта шудаасту 1-то хатои имлоӣ ва 2-то хатои аломати китобатӣ дошта бошад (ин дар шакли 1/2 ишора карда мешавад), – 5 хол;
миқдори хатоҳо гуногун буданаш мумкин: 2-то хатои имлоӣ+2-то хатои аломати китобатӣ; 1-то хатои имлоӣ+3-то хатои аломати китобатӣ;  0-то хатои имлоӣ+4-то хатои аломати китобатӣ. (Ин: 2\2; 1\3; 0\4). Миқдори хатоҳо дигаргун шуданаш мумкин, лекин миқдори умумии онҳо аз 4-то, миқдори хатоҳои имлоӣ аз 2-то зиёд набуданаш лозим, – 4 хол;
4-то хатои имлоӣ + 4-то хатои аломати китобатӣ; 3-то хатои имлоӣ + 5-то хатои аломати китобатӣ; 0-то хатои имлоӣ + 7-то хатои аломати китобатӣ; 4-то хатои имлоӣ + 6-то хатои аломати китобатӣ. (Ин: 4\4; 3\5; 0\7; 4\6). Аммо миқдори хатоҳои имлоӣ аз 4-то зиёд набуданаш лозим, – 3 хол;
7-то хатои имлоӣ +7-то хатои аломати китобатӣ;  6-то хатои имлоӣ +8-то хатои аломати китобатӣ;
5-то хатои имлоӣ +9-то хатои аломати китобатӣ; 8-то хатои имлоӣ +6-то хатои аломати китобатӣ. (Ин:7\7;  5\9;  8\6). Ба ҳар гуна диктанти хатоҳои имлоии аз 7-то зиёд гузошта мешавад,– 2 хол;
Эзоҳ:
1. Агар хатоҳо аз меъёрҳои додашуда зиёд бошанд, «1» хол гузошта мешавад.
2. Ҳангоми баҳогузорӣ дар диктант ба меъёри додашуда сарҳад шуданаш лозим.
Масалан: барои баҳои «4» миқдори хатоҳои имлоӣ аз 2-то, барои баҳои «3» миқдори хатоҳои имлоӣ аз 4-то зиёд нашуданаш лозим ва барои баҳои «2» миқдори хатоҳои имлоӣ аз 7-то зиёд буданаш лозим.
3. Дар матни диктанте, ки миқдори хатоҳояш аз 2-то ё аз он зиёд бошад, баҳои «панҷ» гузошта намешавад. 
4. Миқдори хатоҳои ислоҳкунӣ, ё сиёҳкардашуда 5-то ва аз он зиёд бошад, баҳои диктант худ аз худ як хол паст гузошта мешавад. Дар ин гуна ҳолат масалан, баҳои “4” ба баҳои “3” фароварда мешавад. 
5. Агар хатоҳои аломати китобатӣ умуман набошанд, фақат 4-5-то хатои имлоӣ бошад, баҳои “3” гузошта мешавад.

МАТНҲО БАРОИ ДИКТАНТ:

Адаб ҳусни инсон аст

Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислатҳои ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, 
мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб ҳаст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:
«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфт: «Аз беадаб. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
(115 калима)

Фазилати салом

Салом чанд фазилат дорад, ки донистани он ба манфиати шахс мебошад. Салом, пеш аз ҳама, ба покии ҷисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози қабеҳро аз забони инсон дур месозад ва гӯяндаро фозилу хирадманд мегардонад. Кӯдак агар ба бераҳмтарин шахс бо лафзу лаҳни тифлона салом гӯяд, раҳмдил мешавад ва ҷаҳлаш ба фазл мубаддал мегардад. Аз ин рӯ, салом барои хушҳол гардонидани инсон низ таъсир мерасонад. Муҳим он аст, ки салом адоват, хусумат, бухл, кина, ҳасад барин хислати инсониро рафъ месозад. Саломи аз рӯйи сидқ дар дили инсон ҷойгирифта, савоби беш дорад, зеро тавассути он шахс тадриҷан дорои хислатҳои ҳамида: ростқавлу ростгӯӣ, дилсофу раҳмдил, мушфиқу меҳрубон, дилсӯзу ғамхор, халқдӯсту мардумнавоз, раиятпарвару меҳнатқарин, содиқу вафодор, хушзабону хушмуомила, ҳалиму дилҷӯ, дидадарову маҳбуб, ғамхору ғамгусор мегардад. 
(124 калима)

Китоб муниси ҷону дил аст
     
Китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин роз, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрори олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад.
(158 калима)

Ҷумъаназар ЭШОНҚУЛОВ,
равишомӯзи фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими назди Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: