МАВОДИ ИМТИҲОНОТИ ЗИНАВӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ ҶАМЪБАСТӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФҲОИ ХI ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ МИЁНАИ УМУМӢ

САРСУХАН

САРСУХАН

Мақсад аз таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ шахси мустақиландеш, ҷаҳонбиниаш васеъ ва босаводро ба камол расондан аст. Дониш, маҳорат ва малакаи донишомӯзон бино ба таълими забони тоҷикӣ ва адабиёт дар асоси нишондодҳои стандартӣ бояд санҷида ва муайян карда шавад. Малакаи фикрро ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ баён кардан яке аз ҷараёнҳои асосӣ буда, мақсади таълими забон ва адабиёти тоҷик низ дар ҳамин параметрҳои стандартӣ таҷассум меёбад. Дар синфҳои 7, 9,11 аз имкониятҳои васеи забон истифода бурда, фикри худро дуруст, равон ва мантиқан пай дар пай баён карда тавонистани хонанда нишондиҳандаи асосӣ мебошад. Аз матни хаттӣ вусъати дониш, тарзи баёни фикр, мустақиландешӣ ва саводнокии имлоӣ ва услубии хонандагон муайян карда мешавад. 
Донишомӯзони синфҳои 11-ум аз фанни адабиёт иншо менависанд. Иншо дар мавзӯъҳои адабию эҷодӣ ва озод навишта мешавад. Дар вақти баҳогузорӣ бояд фикрҳои пай дар пай ва бомантиқи  донишомӯзон, малакаи мустақиландешӣ, қобилияти равон ва дуруст баён карда тавонистани фикр, вусъати ҷаҳонбинӣ, инчунин дараҷаи саводнокии хаттии онҳо ба эътибор гирифта шавад.
Маводи интихобшуда барои ин синфҳо бояд бо қарорҳои шӯрои педагогӣ ва иттиҳодияи методӣ тасдиқ карда шавад. 

ТАВСИЯ БАРОИ АТТЕСТАТСИЯИ ҶАМЪБАСТИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СИНФИ 11-УМ (ИНШО)

Роҳи рушди Ӯзбекистони мустақил, дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ташаккул додани муҳаббат ва садоқати донишомӯзон ба Ватан, барқарор кардани анъана ва арзишҳои миллӣ аз ҷониби сарвари давлат, беҳбудии ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ барои фаҳмидани моҳияти ислоҳоти ҷорӣ, бо ин роҳ донишомӯзонро барои пухта азхуд кардани донишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ раҳнамун сохтан, ташаккул додани ифтихори миллӣ дар онҳо, дар мамлакатамон тарбияи ҳамаҷонибаи шахси солиму баркамол, тарбияи ҷавонон дар руҳи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар мактабҳои таълими миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба муносибати имтиҳонҳои давлатии ҷамъбастӣ (ниҳоӣ) аз соли равон дар байни донишомӯзони синфҳои 11-ум  мавзӯъҳои иншо тавсия карда мешаванд. Ҳадаф аз иншонависӣ ташаккул додани малакаи тафаккури мантиқӣ ва креативии донишомӯзон, ба мустақиландешӣ ва эҷодкорӣ омӯхтани онҳо, ташаккули саводхонии имлоию методӣ ва инкишофи малакаи нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳост. 
Ҷиҳати дигари муҳими мавзӯъҳои иншо он аст, ки дониши аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик гирифта ва саводнокии донишомӯзонро мустаҳкам месозад, малакаи онҳоро бобати эҷодкорӣ ва истифода аз бойгонии сухан зиёд мегардонад, дар онҳо ҷаҳонбинии мантиқӣ, пай дар пай баён кардани фикр ва озодандеширо тақвият мебахшад.
Барои хатмкунандагони синфҳои 11-ум мавзӯъҳои иншо дар 3 вариант тайёр карда мешавад. Дар ҳар як вариант 3-тоӣ мавзӯи иншо, яъне  2-то аз фанни адабиёт дар асоси барномаи таълимӣ ва СДТ ва  1-то мавзӯи озод дода мешавад. 
Барои навиштани иншо 3 соат (180 дақиқа) вақт дода мешавад.
Иншо дар асоси меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешавад:

Дониш, маҳорат ва малака

1. Агар хонанда ба мавзӯи иншо эпиграфи мувофиқ интихоб карда, нақша тартиб дода бошад; мавзӯи иншо мувофиқи нақша пурра инъикос ёфта бошад; фикр аз суханҳои рангоранг бой бошад; калимаҳо дуруст интихоб ва истифода шуда бошанд; ҷумлаҳо дуруст тартиб дода шуда бошанд; аз воситаҳои забонӣ бамаврид истифода шуда бошад; ба мазмуни иншо ҷиҳатҳои таърихӣ, адабӣ, публитсистӣ ва ғайраро дохил карда бошад; иншо дар асоси далелҳо мустақилона, эҷодкорона, равон ва босаводона навишта шуда бошад; ба иншо бо услуби ба худ хос фикри хулосавӣ навишта ба 1-2 хатои имлоӣ ё аломатҳои китобатӣ роҳ дода бошад – 5 хол;
2. Агар ба мавзӯи иншо эпиграфи мувофиқ интихоб карда, нақша тартиб дода бошад; мавзӯи иншо мувофиқи нақша пурра инъикос ёфта бошад; фикр аз суханҳои рангоранг бой бошад; калимаҳо дуруст интихоб ва истифода шуда бошанд; ҷумлаҳо дуруст тартиб дода шуда бошанд; аз воситаҳои забонӣ бамаврид истифода шуда бошад; ба мазмуни иншо ҷиҳатҳои таърихӣ, адабӣ, публитсистӣ ва ғайраро дохил карда бошад; иншо дар асоси далелҳо мустақилона, эҷодкорона, равон ва бо маҳорат навишта шуда, аммо бо услуби ба худ хос фикри хулосавӣ надошта, 1-2 хатои услубӣ,  2 хатои имлоӣ, 2 хатои аломати китобатӣ дошта  бошад – 4 хол;
3. Дар мавзӯи иншо барои тартиб додани нақшаи мувофиқ пайдарҳамӣ набошад; мавзӯи иншо мувофиқи нақша пурра ва пайдарпай инъикос наёфта бошад; ба тарзи баёни фикр ва истифодаи калимаҳо пайдарҳамӣ набошад, ба мазмуни иншо ҷиҳатҳои таърихӣ, адабӣ, публитсистӣ ба таври кофӣ дода нашуда бошад, иншо дар асоси далелҳо мустақилона, эҷодкорона, равон ва босаводона навишта нашуда, 3 хатои услубӣ, 4 хатои имлоӣ ва 5 хатои аломати китобатӣ дошта  бошад – 3 хол;
4. Ба мавзӯи иншо нақшаи мувофиқ тартиб дода нашуда бошад; иншо аз мавзӯъ берун навишта шуда бошад, иншо дар асоси далелҳо мустақилона, эҷодкорона, равон ва босаводона навишта нашуда, ба 4 хатои услубӣ, 5 хатои имлоӣ ва 6 хатои аломати китобатӣ роҳ дода бошад – 2 хол;
5. Ба мавзӯи иншо нақшаи мувофиқ тартиб дода нашуда бошад; барои навиштани иншо мавзӯъро дуруст дарк накарда бошад, барои баёни фикр ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ дода, босаводона навиша набошад, инчунин ба 5 хатои услубӣ, 5 хатои имлоӣ ва 7 хатои аломати китобатӣ роҳ дода бошад – 1 хол.
Варианти 1.
а) Панду ахлоқ дар ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
б) Аҳмади Дониш – адиби маорифпарвар
в) Ватани ман 
Варианти 2.
а) Аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқии “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ
б) Мавзӯъ ва масъалаҳои мактабу маориф дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ
в) Сулҳ – пойдор аст
Варианти 3.
а) Таҳлили образҳои асосии достони “Комде ва Мадан”-и Мирзо Абдулқодири Бедил
б) Мавзӯи модар ва Ватан дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
в) Касби ман – ифтихори ман 

Ҷумъаназар ЭШОНҚУЛОВ,
методисти фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими назди Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: