МАВОДИ ИМТИҲОНОТИ ЗИНАВӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ ҶАМЪБАСТӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФҲОИ IХ ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ МИЁНАИ УМУМӢ

САРСУХАН

САРСУХАН

Мақсад аз таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ ба камол расондани шахси мустақиландеш, ҷаҳонбиниаш васеъ ва босавод аст. Дониш, маҳорат ва малакаи донишомӯзон аз фанҳои забони тоҷикӣ ва адабиёт бояд дар асоси нишондодҳои стандартӣ санҷида ва муайян карда шавад. Малакаи фикрро ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ баён карда тавонистан яке аз ҷараёнҳои асосӣ буда, мақсади таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ низ дар ҳамин параметрҳои стандартӣ таҷассум меёбад. Дар синфҳои 7, 9, 11 нишондиҳандаи асосӣ ин аст: аз имкониятҳои васеи забон истифода бурда, фикри худро мантиқан пай дар пай баён намудан; малакаи равон ва дуруст баёнкунӣ; вусъати дониш ва тарзи баёни фикр оиди мавзӯъ; дараҷаи саводнокии  имлоӣ, услубӣ, ё маҳорати мустақиландешӣ. 
Донишомӯзони синфҳои 9-ум аз фанни адабиёт имтиҳони ҷамъбастиро ба таври баёни эҷодӣ месупоранд. Аз ин лиҳоз хатмкунандагони синфи 9-ум аз фанни забони тоҷикӣ дар аттестатсияи ҷамъбастӣ нақли хаттӣ менависанд.
Дар ин синфҳо маводи интихобшуда бояд бо қарорҳои шӯрои педагогӣ ва иттиҳодияи методӣ тасдиқ карда шаванд. 
Забони тоҷикӣ барои синфи IХ
(баёни эҷодӣ)

Нақли хаттӣ яке аз навъҳои кори эҷодӣ аст. Нақли хаттӣ, аз он ки донишомӯз ба мазмуни матни интихобкардашуда эҷодкорона қаробат меҷӯяд, аз дигар навъҳои баён фарқ мекунад. Дар нақли хаттӣ, ки дар асоси матни интихобкардаи донишомӯз навишта мешавад, бояд фикр аз нигоҳи бадеӣ пухта, пай дар пай ва ба ҳаёти иҷтимоӣ вобаста баён шавад. Дар он дониш, дараҷаи саводнокӣ, маҳорат ва малакаи донишомӯз таҷассум меёбад. Дар баёни мавзӯъҳо бештар масъалаҳои бадеӣ ва маънавию маърифатӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, навгониҳои илму техника ва вобастагиҳои байни фанҳо дар мадди назар қарор мегирад.
Дар нақли хаттӣ навъҳои зерини баён мавҷуданд:
а) дар матн аз воситаҳои тасвири бадеӣ истифода бурда, нақли хаттӣ навиштан;
б) матни тайёрро дар асоси фикру мулоҳизаи худ такмил додан;
в) шахси матнро дигар карда, нақли хаттӣ навиштан;
г) навиштани баёни эҷодии дорои супориши грамматикӣ.
Дар ҷараёни навиштани нақли хаттӣ донишомӯзон бояд ба ин ҷиҳат эътибор диҳанд: 
мазмун ва моҳияти матнро дуруст дарк карда, бояд донанд, ки дар бораи чӣ менависанд;
доир ба мавзӯи матн маълумотҳоро ба хотир овардан;
нақшаи матнро тартиб додан;
дар асоси нақша муваффақ шудан ба пай дар пай ва равшан баён кардани фикрҳои асосӣ;
ҳодиса ва воқеаҳои дар матн бударо дар ҳолати мушоҳида тасвир кардан;
оиди мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро барои навиштан мувофиқ кардан;
ҳангоми навиштан ба равонии ҷумлаҳо (услуб) ва саводнокӣ (имло) эътибор додан;
пас аз тайёр шудани нусхаи сиёҳнависи нақли хаттӣ онро бори дигар хонда баромадан;
кори хаттии тайёрро ба сафеднавис рӯбардор кардан.
Матнҳои нақли хаттӣ, яъне баён дар 3 вариант тайёр карда мешавад. Дар ҳар як вариант яктоӣ матн дода шуда, дар баробари ҳар як матн ба яке аз навъҳои он барои навиштани нақли хаттӣ супориш дода мешавад. Донишомӯз аз 3 вариант (конверт) яктоашро интихоб мекунад. Мавзӯи интихобшуда ба тахтаи синф навишта мешавад. Супориши ба нақли хаттӣ додашуда ҳам ба тахтаи синф навишта мешавад. Матни баёни эҷодиро омӯзгор як маротиба (агар зарур бошад, ду маротиба) хонда медиҳад. Донишомӯзон дар бораи матни шунидаашон дар асоси супоришҳои додашуда нақли хаттӣ менависанд. Ҳаҷми нақли хаттӣ аз 3,5 саҳифа бояд кам набошад. Барои навиштани нақли хаттӣ 2 соати астрономӣ вақт дода мешавад. 
Матнҳои нақли хаттӣ аз ҷониби омӯзгор интихоб гардида, дар иттиҳодияи методии мактаб муҳокима  ва қабул карда мешавад. Маводи қабулшударо раҳбарияти мактаб тасдиқ менамояд. Дар синфҳои 9-уми мактабҳои таълими миёнаи умумӣ дараҷаи тайёрии таълимии донишомӯзон аз рӯйи баҳодиҳии системаи рейтингӣ дар асоси элементҳои умумигардонидашудаи зерини ДММ нақли хаттӣ санҷида ва баҳогузорӣ мешавад:
дар асоси нақша пурра ва пай дар пай навишта шудани нақли хаттӣ 1,5 хол;
бамавқеъ истифода бурдани калима, ибора ва мафҳумҳои фразеологӣ 0,5 хол;
пурра кардани матн бо ғоя ва фикрҳои иловагӣ 0,5 хол;
барои мустақил ва эҷодкорона баён кардани фикр 0,5 хол;
барои дуруст гузоштани аломатҳои китобатӣ ва роҳ надодан ба хатои имлоӣ 0,5 хол;
барои ба талабот ҷавоб додани услуб ва ҳусни хат 0,5 хол.
Баъди ҷамъбасти холҳо бали миёна бароварда мешавад.
Мавзӯи матнҳои баёни эҷодӣ дар синфи 9-ум аз фанни забони тоҷикӣ барои соли хониши 2020-2021:
   
1. Ӯзбекистон – Ватани ман
2. Меҳри модар
3. Нон ҳам нон – нонреза ҳам нон 
4. Сулҳ – неъмати олӣ 
5. Адабро аз беадаб омӯз 
6. Вақтро ғанимат дон  
7. Забондонӣ – ҷаҳондонӣ 
8. Китоб – манбаи дониш
9. Ростгӯӣ камоли инсонист 
10. Шарафи одамӣ аз илм аст

Ҷумъаназар ЭШОНҚУЛОВ,
равишомӯзи фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими назди Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: