МАВОДИ РӮЗМАРРА ВА АРЗИШМАНД

Ҳаёт гӯё ду саҳифа дорад: сафеду сиёҳ.

Ин маъниро аҳли эҷод, ки ба мардум ғизои маънавӣ медиҳанд, борҳо дар асарҳояшон таъкид кардаанд. Яъне ҳамзамонони мо аз онҳо огоҳ бошанд, ҷамъияти солим ташаккул меёбад. Барои дарки маънии асли ҳаёт ва мақсади зист чандин олимон аз таҷрибаи ҳаёти худ гуфтаанд, ки барои дигаре сабақ шаваду иштибоҳ такрор нагардад. Бисёре аз одамон ҳангоми фавти касе ба даргузарии дунё бовариро дучанд карда, ба нек будан ва накӯӣ кардан ҳаракат мекунанд. Мутаассифона, боз нафси моддӣ аз маънавӣ дастболо гардида, нобаробарӣ ва ҳамон гушнагии маънавӣ пойдор мемонад. Маҳз ҳамин маънӣ дар шеъри “Дунё гузарон аст”-и шоир Ориф Гулхании Самарқандӣ хеле гуворо инъикос шудааст. 
Барои ин мафҳумро амиқтар фаҳмидан мутолиаи асари тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев ва узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Фаридуни Фарҳодзод, ки аз ҷониби нашриёти “Қалам” бо номи “Ҳикмати зиндагӣ” рӯйи чоп омад, муфид аст. Дар он мулоҳизаҳо оид ба эҷодиёти шоир Ориф Гулхании Самарқандӣ меравад, ки охири садаи XIX ва нимаи аввали асри XX эҷод кардааст. 
Китоб дар асоси ғоя ва лоиҳаи шахси фарҳангдӯст Муқимҷон Орифӣ нашр шудааст. Он дар чор забон: тоҷикӣ-форсӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ дарҷ гардида, шеъри “Дунё гузарон аст”-и шоири зуллисонайн Ориф Гулхании Самарқандӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.  
Муаллифони китоб шеъри шоирро, вобастагии он ба ҳаёти кунуниро бомаҳорат таҳлил намуда, тавассути забони сода ва ноб манзур кардаанд. 
Дар ин забонҳо баррасӣ шудани мазмуну муҳтавои шеър ва бо алифбои мансуби забонҳо рӯйи чоп омадани онҳо ба хонандагон имкони бо забони дилхоҳ мутолиа кардани шеърро фароҳам меоварад.
Муроҷиат ба ҷавонон ва маводи шарҳу тафсири шеър паси ҳам зикр шудаанд. 
Агар маҷмӯаро бо диққат мутолиа намоем, аз хаму гашти рӯзгор канора гирифта, ба беҳбудӣ ноил мегардем. Хусусан, хоҳиши накӯкориро пеша кардан дар дил пайдо хоҳад шуд. Зеро мағзи шеър мавзӯи дину дунёро фарогир буда, ҳеч будани баъзе чизҳои ҳаётро тарғиб намудааст, ки овардани шеър ва шарҳи он омӯхтанист:
Меарзад, ки аз “ишқи маҷозӣ ба ҳақиқат” шитоб кунем ва дар дил ишқи Офаридгорро пойдор созем. Нури имону эътиқодро фурӯзон намоем. Фирефтаи ҳусну ҷамол ва зебоиҳои даргузар нашуда, бахти абадро соҳиб гардем, мегӯяд шоир: 
На дилбари дилбарони Чин мемонад,
На ишваю нози нозанин мемонад.
Аз ишқи маҷозӣ бар ҳақиқат биштоб,
Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад.
Ба мулоҳизоти мо асар хусусияти мондагорӣ дорад. Зеро дар он маводи рӯзмарра ва арзишманд сабт шудааст.  Дар муассисаҳои таълимӣ низ истифодаи он мувофиқи мақсад мебошад, ки барои покии ботин ва зоҳири фарзандон мусоидат мекунад. Зеро онҳо давомдиҳандаи ҷомеа мебошанду ояндаи ҷамъият ба онҳо вобаста аст. Ҳадафҳое, ки дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ба ҷавонон зарур аст. Бо як сухан метавон гуфт, ки ин асар ба дилу дидаи китобхонони ҷавон зуд роҳ меёбад. Омӯзиш ва хулоса баровардан аз  “Ҳикмати зиндагӣ” ба беҳбудии рӯзгор хидмат хоҳад кард. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
муаллим.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: