МАВҚЕИ ҒАЗАЛ ДАР ДЕВОНИ ФОРСИИ НАВОӢ (ФОНӢ)

Шоир ва мутафаккири бузурги халқи ӯзбек Алишер Навоӣ, ки дар ашъори тоҷикии хеш тахаллуси Фониро интихоб карда буд, дар анвои гуногуни шеър, аз ҷумла қасоид, ғазал, марсия, мусаддас, мухаммас, муқаттаъот, моддаи таърих, рубоиёт, луғз, муаммо, пайвастаҳо ва маснавии хурд ба забони форсии тоҷикӣ асарҳо эҷод кардааст.

Шоир ва мутафаккири бузурги халқи ӯзбек Алишер Навоӣ, ки дар ашъори тоҷикии хеш тахаллуси Фониро интихоб карда буд, дар анвои гуногуни шеър, аз ҷумла қасоид, ғазал, марсия, мусаддас, мухаммас, муқаттаъот, моддаи таърих, рубоиёт, луғз, муаммо, пайвастаҳо ва маснавии хурд ба забони форсии тоҷикӣ асарҳо эҷод кардааст. Дар ин миён ғазал аз навъҳои шеърие будааст, ки шоир ба он таваҷҷӯҳи хос дошта,  аз ҳама бештар дар ин жанр қувва озмудааст. Фонӣ ба забони форсии тоҷикӣ 552 ғазал суруда, ки дар маҷмӯъ аз 4351 байт иборат мебошад ва ин гувоҳи дар “Девони форсӣ”-и Фонӣ ва эҷодиёти ӯ ҷойгоҳи хос доштани ин навъи шеърӣ мебошад.
Устод Айнӣ аввалин шахсест, ки дар заминаи нусхаҳои хаттии дастрас ғазалиёти ба  форсии тоҷикӣ сурудаи Фониро дар рисолаи “Алишер Навоӣ” (1948) ба чоп расонидааст. Ҳамчунин нахустин таҳлили кӯтоҳе аз “мазмун ва сифати” ғазалҳои Фонӣ ба қалами Устод Айнӣ тааллуқ дорад, ки дар рисолаи ёдшуда анҷом додааст (Садриддин Айнӣ. Алишер Навоӣ / Садриддин Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 11. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – С. 267-484).
Минбаъд дар Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шакли комили “Девони форсӣ”-и Фонӣ аз ҷониби Рукниддини Ҳумоюнфаррух, Ҳамид Сулаймон  ва Алии Муҳаммадӣ таҳия ва чоп гардид, ки бештарин қисмати девон аз ғазалҳои шоир ба ҳам омадааст. Дар бораи  ғазалҳои тоҷикии форсии Фонӣ ва мавқеи ин жанр  дар эҷодиёти шоир аз устод Айнӣ сар карда то Абдулғанӣ Мирзоеву Аълохон Афсаҳзоду Алии Муҳаммадӣ ва баъзе муҳаққиқони дигар ба таври мухтасар сухан кардаанд, вале  хусусиятҳои мавзӯиву сохтории ин навъи адабӣ ва моҳияти таҷрибаи ғазалсароии Фонӣ дар сурудани ғазалиёти  форсии тоҷикӣ то имрӯз ба таври алоҳида ва ҷомеъ мавриди таҳқиқ ва арзёбии адабиётшиносон қарор нагирифтааст. 
Аз ёдвораҳои худи Фонӣ ва ишораҳои муҳаққиқон бармеояд, ки Фонӣ хеле барвақт ба шеъргӯйӣ шурӯъ карда, ҳанӯз дар 10-12 солагиаш бо Лутфӣ ва Амиршоҳӣ барин шоирони куҳансол робитаи мактубӣ доштааст. Дар понздаҳсолагӣ чун шоири тозагӯ шинохта шуда, аз ибтидои фаъолияти шоириаш ба забони модариаш – ӯзбекӣ ва форсии тоҷикӣ шеър, аз ҷумла ғазал гуфтааст. Вай  ба “маънии ширину рангин”-аш, ки “ба туркӣ беҳад” будааст, ишора карда, ба форсӣ низ “ҳам лаълу дурҳои симин” гуфтанашро ёдоварӣ кардааст. Чунончи:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ 
беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои симин, 
чун бингарӣ.
Гӯиё дар растабозори сухан
 бикшудаам,
Як тараф дӯкони қаннодиву як сӯ 
заргарӣ.
Ин таҷрибаи Фонӣ дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ҳанӯз устод Айнӣ дар рисолаи “Алишер Навоӣ” навишта буд: “Мир Алишер Навоӣ ба адабиёти форсӣ тарбия ёфт, Фирдавсӣ, Аттор, Низомӣ, Саъдӣ ва дигар классикҳои адабиёти форсиро омӯхт ва аз Ҷомӣ барин классики даври охирии адабиёти форсӣ шахсан тарбия ва таълим гирифт. Дар натиҷа яке аз беҳтарин шоирони замони худ гардид” (С. Айнӣ. Ҳамон асар, с. 204).  
Аз ин назар, Фонӣ  ғазалҳояшро дар пайравӣ ва истиқболи ғазалҳои шоирони бузурги тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол, Котибӣ, Исмат, Шаҳобӣ, Шоҳӣ, Ҷомӣ ва дигарон суруда, дар ин замина равиши хоси ғазалсароии худро низ ба роҳ андохтааст. Адабиётшиноси фақид Аълохон Афсаҳзод ба чунин хулоса омадааст, ки “Миқдори ками он ғазалҳо дар шаклу услуб аз ибтикороти худи ӯст” (Аълохон Афсаҳзод. Навоӣ ва адабиёти тоҷик/А. Афсаҳзод. Пайванди қарнҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – С.92-131). Ин натиҷагирӣ чандон саҳеҳ набуда, исбот мехоҳад, ки сурат нагирифтааст. Дар асл бошад худи Фонӣ ғазалҳоеро, ки аз ибтикороти худи ӯст, бо истилоҳи мухтараъ ё ихтироъ ёд кардааст, ки ишора ба хусусияти тозакориҳои шоир дар эҷоди ин навъи шеър мебошад. Илова ба он ки Фонӣ  бисёре аз ғазалҳояшро дар пайравии дигарон нагуфта ва шаклу услуби хос доранд, дар ғазалҳои дар татаббӯъи шоирони дигар, аз ҷумла Ҳофизу Камол гуфтааш низ тозагӯву навовар аст, ки оиди ин масъала мо дар мақолаи “Камол ва адабиёти ӯзбек” баъзе мулоҳизаҳои муқуддамотиро баён карда будем.
Муҳимтарин имтиёзоти ғазалҳои  форсии тоҷикии Фонӣ дар он аст, ки онҳо аз такаллуфоти лафзӣ дур буда, тараннуми хушиҳои зиндагӣ, тасвири маю мутриб ва баҳору ҷамоли хубрӯён, тавсифи инсон ва хислатҳои наҷиби он, ҳусни маъшуқа, хубиҳои маҳбуба, ташхиси хайру шарр бо мизони ишқ, шикваҳои ҷонгудози ишқ, лаззати иштиёқу заҳри фироқро ба муҳокима кашидаанд, ки дар тарзи тасвир ва баёни мавзӯву масъалаҳо тозагӣ доранд.
Аълохон Афсаҳзод “он нақши таҷриба ва халлоқияти Навоӣ”-ро, ки “дар осори ӯзбекии ӯ ҳувайдост”, дар девони  форсии тоҷикии шоир мушоҳида накардааст (А. Афсаҳзод. Ҳамон асар, с.101-102). Вале ин даъво низ, мутаассифона, собитнашуда мебошад. Баръакс, он азамат ва шукӯҳе, ки дар баёни мавзӯву масъалаҳо ва тарзи тасвир дар ғазалҳои ӯзбекии Алишер Навоӣ  ҳаст, дар ғазалҳои форсии тоҷикиаш, ки бо тахаллуси Фонӣ навиштааст, низ ба назар мерасад. Дар ин гуна ғазалҳо, дар қатори дигар масъалаҳо, афкори иҷтимоиву ахлоқии ӯ дақиқ ифода шудаанд, ки танқиди аҳли зулм, накӯҳиши ахлоқи разила ва шинохти мушкилоти ҳастии инсон аз ин ҷумла мебошад. 
Мо дар баъзе ғазалҳои Фонӣ ба таркибу таъбирҳои тавсифие дучор мешавем, ки дар таъкиди фазилати ҳунари ғазалгӯии ӯст. Масалан, вай ин гуна ашъори худро “дурри хушоб”, “оби ҳаёт”, “ғазали тар”, “лафзи дурфишон”, “дақиқу ширин”, “риштаи дурр”, “сеҳри мубин” ва ғайра номида, “пурхаёлӣ”, “малоҳат”, “маънии хос”, “лутф”, “навӣ”, “борикӣ”, “диловезӣ” ва дигар тавсифотро аз хусусияти он медонад. Сифатҳои зикршуда муҳимтарин ҷиҳатҳои таҷрибаи шеърии Фониро дар сурудани ғазали форсии тоҷикӣ ифода кунанд ҳам комил набуда, бо санади қотеъ мустанад сохтани онҳоро лозим медонем.
Ҳамчунон ки дар боло ёд кардем, Фонӣ имтиёзоти ғазалиёти худро дар мухтараъ будан донистааст, ки ишора ба навӣ ва тозагии онҳост.  Ин хусусият ҳам дар тарзи ифодаи мазмун ва ҳам тасвиру хаёлоти шоирона равшан ба назар мерасад.
Дар ғазали зерин, ки пурра иқтибос меоварем, идроки бадеии ӯ дар бораи баҳор, ки яке аз асбобҳои хуши зиндагонӣ аст, тоза буда, хуруши булбулвораш баҳорро ҳамчун унсури зиндаи табиат ва ҳастии инсон зинда сохтааст:
Баҳор омаду тар шуд димоғи
 соғарҳо,
Ба оби ток бишӯед косаи сарҳо.
Ту ҳам ду орази худро зи бода 
гулгун кун,
Ки шоҳидони чаман бастаанд 
зеварҳо.
Бараҳнапой тавон кард сайри боғ 
чу сарв,
Ки сабза дар чаман афгандааст 
бистарҳо.
Ба ин умед, ки шояд ба он ҳарам 
бирасам,
Чу нома ҷой кунам дар пари 
кабӯтарҳо.
Муқими хонаи худ бош чу сари 
занҷир,
Чу қуфл чанд биҷӯйӣ кушоиш 
аз дарҳо?
Чигуна дам занад оина пеши мо, 
Фонӣ,
Ки ҳаст бар ҳама равшан сафои 
ҷавҳарҳо.
Фонӣ дар тасвири ҳусни хубрӯён на фақат чун рассоми зебонигор амал мекунад, балки бо сувари хаёл нодиракор низ ҳаст. Тасвир дар заминаи воқеият сари кор омадааст, ки намоёнгари ҳусн дар матни воқеияти зиндагист:
Бар гули рӯйи ту то сунбули 
пурчин афтод,
Саҳаре чанд намудор шуд аз 
шоме чанд.
Дар ин байт низ маънӣ ва тасвир тоза 
ва таъсиргузор аст:
Бар тарфи гули рӯйи ту он холи 
дилафрӯз,
Чун қатраи аз ғолия бар моҳ чакида.
Байти дигар, яъне:
Нест ин дил, ки мани зори балокаш 
дорам, 
Аз ту дар синаи худ пораи оташ 
дорам.
-хусусияти дигари тасвири шеъри ӯро ошкор месозад, ки кӯшиши шоирро дар роҳи моддӣ кардани бисёре аз маъонӣ ва ҳолот дорад. Дар ин тарзи нигориш, ки байти боло аз як ғазали ӯ намунаи он аст, муҳимтарин ҳадафи шоир аз тасвир он аст, ки “амре нуҳуфтаро ошкортар кунад” (Дуктур Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ.  Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1366. –с. 565). Ба ин далел, дар ғазалҳои Фонӣ  бисёре аз ҳолоти рӯҳӣ дар қолиби моддӣ ва ҳиссӣ адо шудааст ва мушаххасу таъсиргузор аст: оташи дилашро ба хонанда менамояд, нахли пурхуни ҳаёташро монеъи боровариаш медонад (Нахли ҳаёти ман дили пурхун баровард, Нахле, ки хун хурад, беҳ аз ин чун бар оварад?), ғазабу нафраташ ба олам асоси моддиву ҳиссӣ дорад (Оламе хоҳам, ки набвад мардуми олам дар ӯ, В-аз ҷафои мардуми олам набошад ғам дар ӯ), шамшери ситам захми бемарҳам дошта, ҳазорон дев аз ҷинси банӣ одам омилони онанд (Не зи шамшери ситам сад захми бемарҳам дар ӯ, Не ҳазорон дев аз ҷинси банӣ одам дар ӯ), шоири бузург одамонро ба як ранг намебинад, сифатҳои неку бади онҳоро ҷудо мекунад (Фонӣ, абнои ҷаҳонро натавон як донист, Гул ҷудо, сабза ҷудо, шӯра ҷудо, хор ҷудо), тавоноии рӯҳи моддӣ сабру шикебоиашро дар муқобили сахтиҳо мушаххас месозад (Фониё, мунтазири рӯзи висолаш мебош, Марги худро зи Худо дар шаби ҳиҷрон маталаб), чеҳраи ӯ аз шеъраш ҳамчун як мусиқинавози хушовоз нағмасароӣ мекунад, ки ифодаи печидатарин ҳолат ва маънои малмус (конкрет) аст (То ба рақс оянд шабҳо шоҳидони базми фикр, Ҳамчу най дар каф қалам сози хушоҳанги ман аст).
Маълум аст, ки Фонӣ қисмате аз ғазалиёташро дар истиқболи ғазалҳои Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва шоирони дигар гуфтааст. Абдулғанӣ Мирзоев ғазалҳои ҷавобияи Фониро бо ғазалҳои Ҳофиз муқоиса карда, аз ҷумла навишта буд: “Умуман маънои тоза ва тасвири латифи бадеъ дар ин ду ғазали ҷавобияи Алишер Навоӣ (сухан аз ҷавобияҳои Фонӣ ба ду ғазали Ҳофиз меравад) то дараҷае зиёд  ва моҳирона оварда шудаанд, ки онҳоро ба ғазалҳои ба куллӣ мустақил ва ашъори дараҷаи якуми нимаи дуюми асри понздаҳи форс-тоҷик мубаддал гардонидаанд”. Ба ин далел, ин донишманд Алишер Навоиро “баъд аз Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳамчун яке аз беҳтарин ғазалсароёни асри понздаҳи форс-тоҷик” унвон кардааст (Абдулғанӣ Мирзоев. Фонӣ ва Ҳофиз / А. Мирзоев. Сездаҳ мақола. – Душанбе: “Ирфон”,1977. – С. 211-222). Вале Аълохон Афсаҳзод баръакси А. Мирзоев бар ин назар аст, ки “Ғазалҳои ҷавобия ва истиқболияи Фонӣ дар шаклу мазмун ғазалҳои аслро акс намуда, дар ҷузъиёт ва тарзи баён ба тарзи тоза ҷилвагар мешаванд”. Ин назари А. Афсаҳзодро намунаи ғазалҳои ҷавобияи аз Фонӣ овардааш рад мекунанд. 
Ҷавобияҳои Фонӣ, ки худаш бо ишораи “мухтараъ ё ихтироъ” ҷойгоҳи онҳоро муайян кардааст, ҳам аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво, ҳам аз назари тасвиру сабки баён тозагиҳо доранд. Зайли намуна дар бораи ҷавобияи ӯ ба ғазали машҳури Ҳофиз, ки бо байти:
Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу 
минбар мекунанд, 
Чун ба хилват мераванд, он кори 
дигар мекунанд.
оғоз мешавад, метавон гуфт, ки ғазали ҷавобияи ӯ, ки бо байти:
Воизон то чанд манъи ҷому соғар 
мекунанд,
Чун димоғи хешро ҳам гаҳ-гаҳе тар 
мекунанд.
- шурӯъ мегардад бо маъонии тоза ва тасвири моддигароёна фарқ дошта, маънӣ ва сурати ғазали Ҳофизро такмил бахшидааст. Агар Ҳофиз дар байти аввали ғазал масъалаи ба гуфтори воизон  муқобил будани кирдорашонро ба миён гузошта бошад, Фонӣ умқи моддиву ахлоқии масъала, яъне мардумро аз маю соғар манъ кардан, вале ба гуфтаи худ амал накардани онҳоро ба хонанда менамояд, ки дар замони зиндагиаш ҷасорати бузург буд. Илова ба ин, тарзи тасвири Фонӣ низ бо содагиву хаёлангезиаш диққатангез буда, ҷавобияи ӯро наметавон, чунон ки А. Афсаҳзод гумон кардааст, “дар шаклу мазмун ғазалҳои аслро акс намуда” унвон кард. 
Ба ин тартиб, Фонӣ ҳам дар ғазалҳои аслаш, ҳам дар ҷавобияҳояш чеҳраи хоси шоирии худро ҳифз карда, ғазали форсии тоҷикиро, ҳамчунон ки шодравон А. Мирзоев гуфтаанд, “ба ғазалҳои ба куллӣ мустақил ва ашъори дараҷаи якум” мубаддал гардонидааст, ки гувоҳи шаҳомати ҳунарии ӯ дар таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек аст.

Ҷумъа ҲАМРОҲ, 
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики 
Донишгоҳи давлатии Самарқанд, 
доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: