МАВҚЕИ ҒАЗАЛ ВА ҒАЗАЛХОН

Дар адабиёти классикии бештар аз ҳазору дусадсолаи мо жанри ғазал мавқеи мустаҳкам дорад.

 Адабиётро ба осмон, суханварони моро ба ситораҳо, дар маҷмӯъ адабиёти тоҷикро ба осмони пурситора монанд кунанд, қариб ҳамаи ин ситораҳои тобон дар алоҳидагӣ ғазал гуфтаанд. Ба суоли: «Дар адабиёти классикии тоҷик кӣ аввалин ғазал гуфт?»– ҷавоб додан душвор. Вале ҳамин маълум маҳз Рӯдакии бузургвор аввалин суханваре буд, ки шеърияти тоҷикро бо ғазалҳои шоиронаи худ зеб дод. «Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад» – эътироф карда буд Кисоӣ. Ба қавли устод Турсунзода:
Дар он ҷо Рӯдакӣ чун рӯд бинвохт,
Тамоми аҳли олам гӯш андохт.
Ғазалҳои равону шоирона,
Аз ӯ монданд дар олам нишона.
Дар адабиёти давраи навин устод Айнӣ бо «Гули сурх» шакли анъанавии ғазалро давом дода бошад, устодон Лоҳутиву Турсунзода ин жанрро ба дараҷаҳои нав бардоштанд. Дар ним асри охир беҳтарин ғазалҳои тоҷикро, бидуни шубҳа, Лоиқ офарид. Ғазалсароии кунуниро Низом Қосим, Фарзона ва чанд нафари дигар бо самимияти эҳсос ва бозёфтҳои шоирона идома мебахшанд.
Ғазал, ки тӯли бештар аз дувоздаҳ аср ба такомул расид, дар ин жанр табъ озмудан ва ҳатто ғазалгуна эҷод кардан кори душвор. Бо вуҷуди ҳамин аксар шоиронамон ҳанӯз ба ин жанр рӯй оварда ва дар зинда доштани ғазал, таъмини дарозумрии он қадри тавон ҳисса мегузоранд.
Баъзеҳо дар ақидаи онанд ҳоло ғазали хуб ниҳоят кам шудааст. Умумигӯӣ, тақлид ва такрорҳои ношоиста... Аз ин хел навиштан нанавиштан беҳтар.
Ва боз фикре ҳаст, ғазал гӯё куҳна шуда ва аз «мӯд» монда...
Аммо ин фикр, ба назари мо, асос надорад. Ғазал дар адабиёти имрӯз набояд мавқеъ гум кунад. То зебоӣ ҳаст, то шеърияти зебо мавҷуд, ғазал ҳамеша вирди забони мост. Ба қавли шоире:
Ғазал, гӯянд ёрон, аз даҳан монд,
Замони саъҷу шеъри нав шуд акнун.
Чу дидам байти абрӯи туро ман
Ба дил меҳри ғазал гардид афзун.
Дар давраи асримиёнагӣ ғазал дар адабиёти ӯзбек низ ривоҷ ёфт. Танҳо дар куллиёти «Хазоин-ул-маъонӣ»-и Алишери Навоӣ 2600 ғазал мавҷуд. Навоӣ ва пайравони ӯ лирикаро маҳз тавассути ҳамин жанр ғановатманд сохтанд.
Халқ ва умуман ҳаводорони адабиёт ба ин жанр ихлоси бештар доштанд. Дар романи «Навоӣ»-и Ойбек чунин сатрҳо ҳастанд: «Куҷое равӣ, як шоирро мебинӣ: дар масҷид, дар мадраса, дар бозор, дар ошпазхона – ғазалхонӣ ва ҷанҷоли ғазал».
Ғазал буд, ғазалхонӣ буд. Имрӯз низ ғазал ва ғазалхонӣ мавҷуд. Шоирони ғазалсаро дар рӯзҳои мо шояд башумор, вале ғазалхонҳо зиёд. Касе, ки ғазал хонд – ӯ ғазалхон. Афсӯс, ғазалро, ки дар мавзӯъҳои гуногун, шакл ва баҳрҳои рангоранг гуфта мешавад, ифоданок хондан аз дасти ҳама ҳам намеояд.
Давраи донишҷӯиямон ба хотир меояд. Дар ифоданок хондани ғазал қобилияти хуб надоштем. Тавре ба назар мерасид, ба оҳанг ва мақомҳои мардумӣ ин жанр мувофиқ гардонда шудааст. Таври худ «оҳангдор» хонем муаллими фанни «Хониши ифоданок» хуни дил мешуд:
– Ҳой, чӣ кор мекунӣ ту? Суруд мехонӣ?
Ҳамон вақтҳо амиқ дарк кардем, ғазалро, ки заргари воқеии сухан навиштааст, маҳз оне, ки қадр ва қудрати суханро медонад, маънои онро мефаҳмад, ҳадиси ифоданок хондани сухани бадеиро гирифтааст, зебо ва шево хонда, ба дили шунаванда расонда метавонад.
Дар ин бахш, устодамон Абдухолиқ Набиев (умраш зиёда бод) ба мо ибрат шуда, аз Турсунзодаву Қаноату Лоиқ, бештар аз классиконамон намунаҳо ба тарзи марғуб мехонд. Мешунидем ва роҳат мекардем.
Вай ба таври оддӣ ғазал намехонд. Балки «қироат» менамуд.
Қироат – ин бо оҳанг хондан. Қироат – ин тиловат. Тиловат ин бо овоз хондани сураҳои Қуръон. Бале, тартибу қоида, меъёр ва мақом дар тиловати Қуръон мавҷуд. Ба худ хос оҳанг дорад тиловат. Ба ҳамин монанд қироати ғазал низ. Тавре қироат сохтани Қуръонро меомӯзем, чӣ тавр қироат сохтани ғазалро низ бояд ёд гирем. Дар навбати аввал, маънии ғазалро амиқ дарк накарда, ба ифоданок хондани он шурӯъ сохтан кори одами оқил нест. Дуюм, дар вазъи эътибори қатъӣ ба қоидаҳои талаффуз, сар фурӯ бурдан ба талаботи ҳар ҳарф ва ҳар хиҷо, ба эътибор гирифтани рукнҳо бояд ғазалхонӣ кард.
Чӣ тавр мехоҳем ғазалро нафаре ифоданок хонад. Гӯш кунем ва ҳаловат барем. Муҳаббати мо нисбати муаллифи ғазал, айни замон, фузун гардад.
Айёми донишҷӯӣ ба мо тавсия мекарданд ба гуфтори адабии радио бефарқ набошем. Хусусан, ба ғазалхонии ровӣ ва ҳунарманди номӣ Маҳмудҷон Воҳидов эътибор диҳем. Муаллимамон нафареро вазифадор кард қироати Воҳидовро ба навор сабт созад. То аз он чизи даркориро ба худ қабул кунем. Баъди вафоти ногаҳонии Воҳидов «Гуфтугӯ бо худ» (рубоиёти Хайём), «Ишқи зиндагӣ» (ғазалиёти Ҳофиз) ва «Ватан ва фарзандон» (шеъри ҳамзамонон)-и ӯ тавассути граммпластинкаҳо дастраси умум гашт. Чӣ тавр хонда шудани ғазалро, қадри тавон, аз М.Воҳидов омӯхтем. Боз ба мо дар хусуси ҳунари волои ғазалхонии шахсиятҳои машҳур Наима Қаҳҳорова ва Абдуқодир Маниёзов нақлҳои аҷиб мекарданд.
Ба ифоданок хондани ғазал дар Ӯзбекистон низ эътибори алоҳида менигаронданд. Наттоқи машҳури радиои ҷумҳурӣ Қодир Махсумов чӣ тавр бо рӯҳияти хосса ва оҳанги лирикӣ ғазал қироат мекард, ҳамон дар ёди мо. Вай баробари наттоқӣ сирҳои чӣ тавр ғазал хонданро ба шогирдон меомӯзонд. 
Маънои луғавии ғазал – дӯст доштан, изҳори муҳаббат намудан. Дар вазъи баромада омадан аз ҳолати рӯҳии қаҳрамони лирикӣ ба эҳсоси пок ва оташини сатрҳои назмӣ овоз додан – аввалин талаби қироати ғазал. Баҳри пурзӯрсозии таъсири эстетикию ҳиссии жанр хидмат намудани ифодаи мусиқии ғазалро ғазалхон бояд сидқан ва қалбан ҳис кунад.
Ифодаи дарозӣ ё кӯтоҳии садонокҳо, дар ҷараёни қироат қатъиян риоя намудан ба тақтеъ – як тараф, аз тарафи дигар, тавре ҳар ҳарф ва сухан ба худ хос ранг ва бӯй дорад, дард, ҳиссиёт ва таассуроти қаҳрамони лирикӣ, айни замон, садои ба худ хос дорад.
Танҳо донишманд ва санъаткори ҳақиқӣ ба ҳар ҳарфу ҳиҷои ғазал чун сиёҳӣ фурӯ рафта, тамоми ҳастиашро ба ҳар сатр бахшида, ғазалхониро ба ҷо гузоштанаш мумкин. Воқеан, шеърхонӣ санъат бошад, ғазалхонӣ санъаткорона қироат ё тиловат кардан аст.

М. ШОДИЕВ. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: