«МАВҚЕИ АБУАЛӢ СИНО ДАР ТАМАДДУНИ ҶАҲОН»

Маълум аст, ки олими қомусии сатҳи ҷаҳонӣ, поягузори илми тиб, фарзанди фарзонаи Бухоро Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино дар тамаддуни олам саҳми арзанда дорад.

Беҳуда нест, ки вай дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои «Шайх-ур-раис», «Устод-аллома», «Шараф-ул-мулк», «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ», «Ҳаким-ул-вазир» ва ғайра ба чашм мерасад.
Асарҳои таълифнамудааш беш аз 450-то бошад ҳам, танҳо 50-тои онҳо то замони мо омада расидааст. Аз ҷумла 80-тои онҳо ба илми фалсафа, 43-тоаш ба илми тиб, дигараш ба илмҳои мантиқ, психология, табиатшиносӣ, астрономия, математика, мусиқӣ, адабиёт, кимиё ва забоншиносӣ дахл доранд. Олими набототшиноси швед Карл Менней ба дарахти ҳамешасабзи тропикии худ «Ибни Сино» («Авитсенна») ном гузоштааст. Минерале, ки соли 1956 дар Ӯзбекистон кашф гардидааст ва сайёраи хурде, ки дар галактика дарёфт шудааст, низ номи «Ибни Сино»-ро гирифтаанд.
Соли 2000 дар шаҳри Кортрейки Белгия ба Абуалӣ ибни Сино ҳайкал гузоштаанд. Дар Исроил Бунёди байналхалқии «Абуалӣ ибни Сино» амал мекунад.
Ба қарибӣ дар зодгоҳи Шайх-ур-раис деҳаи Афшона – техникуми саломатии ҷамоати ноҳияи Пешкӯ конференсияи илмию амалии  анъанавӣ таҳти унвони «Мавқеи Сино дар тамаддуни ҷаҳон» ба амал омад. Бояд таъкид намуд, ки ин тадбир бо ташаббуси Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ва як идда ташкилоти дахлдор  сурат гирифт. Дар он олимони соҳаи тиб, духтурон, дорушиносон, таърихчиёну шарқшиносон, файласуфону кимёгарон, намояндагони соҳаҳои табобати халқӣ, донишҷӯёни маҳаллию хориҷӣ иштирок карданд. Иштироккунандагони тадбир бо сардории ректори институт, доктори илмҳои тиббӣ, профессор Шуҳрат Тешаев ба пояи ҳайкали Абуалӣ ибни Сино гул гузоштанд ва осорхонаи олими тоҷики ҳамадонро тамошо карданд. Ҷонишини аввали вазири ҳифзи тандурустӣ Амрулло Иноятов,  духтуре аз Куриёи Ҷанубӣ Сонг Ёнг Ил, ректори Академияи тибби анъанавии Русия Светлана Нестерова иштироккунандагони тадбирро ба тарзи ZOOM табрик намуда, аҳамияти оламшумул доштани мероси илмии Синоро таъкид карданд. Ш. Тешаев ҳангоми маърӯзааш аҳамияти мероси илмии Абуалӣ ибни Сино, хусусан дар соҳаи тиб дар давоми ҳазор сол чун дастурамали пурқимати нотакрор хидмат кардани китоби вай «Қонуни тиб»-ро алоҳида қайд кард. Сипас маърӯзакунандагон дар бораи ақидаҳои фалсафии Ибни Сино, хидматҳои вай бобати арзи вуҷуд кардани мутахассисони соҳаҳои табобати халқӣ,  дандонпизишкӣ ва ғояҳои ахлоқию тарбиявии ӯ таваққуф карданд. Мутахассисони хориҷӣ дар бораи истифода аз таълимоти Ибни Сино ҳангоми муолиҷаи «COVID-19», таъсири вай ба Аврупо, тадқиқоти мероси илмии Абуалӣ Сино дар Ҳиндустон ҳарф заданд.
Дар конференсия дар қатори олимони Ҳиндустон, Исроил ва Русия Муҳаммад Шемам, Сара Шепиева, Ваҷачал Фараҳноз муҳаққиқони маҳаллӣ Шаҳло Қодирова, Муяссар Ҷабборова, Баҳодур Ҷумъаев, Гулчеҳра Раҷабова низ маърӯза карданд. Таъкид ёфт, ки гузаронидани чунин конференсияҳо бобати амиқтар омӯхтани мероси илмии  Сино судовар аст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: