Мушкили омӯхтани инсону шахси ӯ ва таърифи тавсифи илмӣ додан ба он барои ҳамаи соҳаҳои илмҳои иҷтимоии бо инсоншиносӣ иртиботдошта муаммои абадӣ ва муҷиби мунозираҳои беҳадду канор аст.
Мушкили омӯхтани инсону шахси ӯ ва таърифи тавсифи илмӣ додан ба он барои ҳамаи соҳаҳои илмҳои иҷтимоии бо инсоншиносӣ иртиботдошта муаммои абадӣ ва муҷиби мунозираҳои беҳадду канор аст. Донишмандони ҷамъияти инсонӣ аз замонҳои қадим доир ба моҳияти инсону шахс, пайдоиши он баҳсу мунозира меороянд, таҳқиқу тадқиқ мекунанд, таълифот анҷом медиҳанд.
Сиёсатшиноси шинохта Нарзулло Ҷӯраев дар бораи инсон ва шахс фармудааст: «Инсон воқеияти биологию иҷтимоист. Шахс тимсоли комили моҳияти иҷтимоӣ мебошад. Ҳар гуна инсон тавассути ҷамъият ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба Шахс табдил меёбад, ҳис мекунад, ки ба бисёр чизҳо ниёз дорад: нисбат ба дигарон дар намоиш додани моҳияти ҳаёт ва ақлу заковати худ дорои имкониятҳои зиёд аст». Илова ба ин таъриф инсон дар ҷараёни дарки хеш ва сафарбар кардани худ ба мақсадҳои бузург, ҳамчунин, ҷалби диққати атрофиён ва таъсиргузорӣ ба онҳо худро ба сифати Шахс нишон дода метавонад.
Одами боақл, бо назардошти фоидарасонӣ ба ҷамъият, имконияти ҳадафгирӣ ва сӯйи мақсади муайяне сафарбар кардани худро дорад. Дар ҳамон сурат арзишҳои офаридаи ӯ ба арзиши шахс табдил меёбанд.
Шахси комил ба ҳар гуна арзиш арҷ мегузорад, дар айни ҳол нисбати худ муносибати боэҳтиромонаро талаб дорад. Инсоне, ки натиҷагирии дақиқ надорад, наметавонад роҳбари ҷамъият бошад. Ба ин гуна инсон сухан гуфтан оиди табдил ёфтан ба арзиши иҷтимоӣ беҳуда аст. Инсоне, ки нисбати воқеаву ҳодисаҳо муносибати худро баён карда наметавонад, бо фикри дигарон ва назардошти вазъият амал менамояд, беш аз андоза нарм аст, чун Шахс ба камол намерасад. Пас, шахс бояд қиёфаю хулосаҳои худро дошта бошад ва аз ҳар гуна вазъият баромада тавонад.
Дар мамлакати рӯ ба рушду такомулниҳодаи мо бояд ба ин ду истилоҳ — инсон ва шахс, ки якдигарро пурра мекунанд, эътибори алоҳида дод. Инсон дар атрофи манфиатҳои миллие, ки дар сатҳи арзишҳои умумӣ қарор доранд, бошуурона, тибқи ақлу идрок муттаҳид мегардад. Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев қотеона таъкид намудааст: «Дар замоне, ки замона бо шиддат ривоҷ меёбад, кӣ бурд мекунад? Ҷамъияте, ки ба фикри нав, ғояи нав ва инноватсия такя дорад, бурд мекунад».
Дар ин маврид суханони роҳбари давлатро доир ба ғояҳои куҳнашуда ва ғояҳои наве, ки ба рушди миллӣ мутобиқат мекунанд, оварданиям: «Мо тамоюли «давлат — ҷамъият — инсон»-ро, ки тӯли солҳои зиёд амал мекард, тағйир додем. Дар мамлакатамон аввал манфиати инсон, баъд манфиати ҷамъияту давлат асоси ҳаракатҳоямонро ташкил хоҳад дод, дар ҳаётамон ғояи халқии «Давлат — барои инсонҳо» пайгирона ба амал татбиқ мегардад». Ин ғоя бино ба моҳияти худ ба рушди миллӣ дигаргунии инқилобӣ ворид хоҳад кард.
Воқеан, инсон дар ҷамъият воқеияти биоиҷтимоӣ, шахс бошад ҳодисаи иҷтимоист. Инсон танҳо дар ҷамъият чун шахс ба камол мерасад ва тавону салиқаи худро пурра нишон дода метавонад. Нишонаҳои муҳиму ба худ хоси шахс ҳадафмандии иҷтимоии ӯст. Ва ӯ бо ин ҳадафмандӣ ба рушди ҷамъият саҳми назаррас мегузорад, дар фаъолияти худ мақсаду манфиатҳои аксариятро таҷассум менамояд. Ин аст, ки инсон аз доираи арзиши як инсон берун рафта, ба арзиши умумимиллӣ табдил меёбад. Ӯ дар айни ҳол нишонаҳои доҳигиро зоҳир менамояд. Дар ин маврид қудрати даҳои шахс: ақлу заковат, тафаккури амиқ, мушоҳидаҳои мантиқӣ ва истеъдоди нодиру нотакрор ӯ ба рушди ҷамъият такони эҳсосшаванда мебахшад.
Ба туфайли зиракии Президент Шавкат Мирзиёев бино ба стратегияи Ӯзбекистони нав қоидаи дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайдгардида: «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон демократия ба принсипҳои умумиинсонӣ такя менамояд, бино бар он инсон, ҳаёт, озодӣ, шаън, қадру қимат ва дигар ҳуқуқи дахлнопазири ӯ арзиши олӣ маҳсуб меёбанд», инсон дар ҷойи якум гузошта шудааст. Ё худ бигирем, моддаи 14-умро, ки дар он гуфта шудааст: «Давлат фаъолияти худро бо назардошти фаровонии инсону ҷамъият, тибқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва қонуният ба амал татбиқ менамояд». Наход, ки мо баъди 29 сол ин моддаро дарк намудем?!
Дарвоқеъ, ин таъбири ҳаққонӣ ва ошкорои Президент аз ташаббусҳои созандаи ӯ буда, дар айни ҳол ба яке аз вазифаҳои ҳалкунанда ва аввалиндараҷаи рушди Ӯзбекистони нав табдил ёфтааст. Наход ки мо то имрӯз ба ҳазрати Инсон, Ҷамъият ва асоси мустаҳками он — Давлат кӯр-кӯрона ба тарзи бюрократӣ қаробат ҷуста бошем?!
Нерӯву рағбат, саъю кӯшиш ва эҳсосоти ботинӣ дар инсон муғчаҳои даҳогиро мекушоянд. Он асоси феномени инсон ва омили муайянкунандаи истиқбол мебошад. Бино ба фикри Паскал, нерӯи даҳои инсон дар тавони мушоҳидаҳои мантиқӣ, нерӯи тафаккур ва тарзи фикрронии ӯ намоён мегардад. Дар замири кошифӣ, иқтидори эҷодӣ ва ба таври субъективӣ ғанӣ гардондани ҳар гуна ташаббус пешвоӣ зуҳур мекунад. Нерӯи даҳои инсонҳо яксон нест, дар яке кам, дар дигаре бештар. Ин аст, ки ҳаёт ва тарзи зиндагии ҳар инсон дар доираи нерӯи камолоту даҳои ӯ ташаккул меёбад. Даҳоёни «Худо назаркарда» Мосарт, Рафаэл, Бедил, Ҳофиз, Пушкин, Ҷалолуддини Балхӣ, Алишер Навоӣ, Авраам Линколн, Пётри I, Амир Темур, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев мисле, ки булбул бо дили сӯхта наво мекунад, ҳастии худро фаромӯш намуда, эҷод ва ба мардум раҳнамоӣ кардаанд.
Дар кишвари «Худо назаркарда»-и мо доҳиён кам набудаанд. Эҳёгарони давраи якуму дуюм, намояндагони ҳаракати ҷадидӣ, дар нимаи якуми қарни ХХ ва оғози садаи XXI истеъдодҳои нодир зуҳур карданд.
Ин ҳолат касро сари андешае меорад, ки дар доҳи будан ба ҷуз истеъдод, иқтидор ва заковат чизи дигаре низ ҳаст. На ҳамаи соҳибистеъдодон ва қудратмандон пешкору пешвоянд.
Ҳисси боварии доҳиён ба донишу иқтидор, ҷасорат ва пирӯзии худ бештар аст. Ин хислатҳо дар Искандари Мақдунӣ, Юлий Сезар, Чингизхон бо тоҷхоҳӣ, шуҳратпарастӣ, ҷаҳонгирӣ, ҳукмрони дунё будан, дар Наполеон бо некрофилӣ меомезад. Биноан, онҳо тохтутоз ва ҷанг бо дигаронро ба тарзи ҳаёти худ табдил додаанд...
Бояд гуфт, ки хулқи доҳогӣ бо мурури вақт такмил ёфта (ба фазилат табдил ёфтани хислатҳои табиӣ дар назар аст) аз ахлоқи замима (худбинии инсон) ба ахлоқи ҳамида (хулқи зебо) табдил меёбад. Тарбияи нафс — роҳи камолоти маънавӣ ва ташаккулёбии ахлоқи ҳамида низ ҳаст.
Хулоса, Инсон ва Шахс танҳо бо омӯзондани қоидаҳои одобу ахлоқ ташаккул намеёбад. Тавре бояд кард, ки дар инсон ҳисси масъулият, маҷбурият ташаккул ёбад, дар дилаш нисбат ба табиат, гирду атроф, меҳнат, касбу кор, илм ва инсонҳо меҳр пайдо шавад, барои ба мақсад расидан дар ӯ қатъияте бошад. Бояд гуфт, ки кас аз китобҳо навиштаҳоро дар бораи Ватан, миллат ё адолат хонда, филфавр ватанпарвар ва адлгустар намешавад. Барои он, ки Ватан, миллат, адолат ба арзиши маънавии устувор табдил ёбад, бояд ватану миллат ва адолатро дӯст дошт. Ин ҳама ба тарбияи насли ҷавон бо самимият ва масъулиятшиносӣ қаробат ҷустанро тақозо менамояд.
Карим НОРМАТОВ,
доктори илмҳои таърих,
профессор.