ё худ назари Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба забономӯзӣ
ё худ назари Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба забономӯзӣ
Падидаи тозаи адабиву маънавии халқи тоҷик дар оғози қарни ХХ ин таъсис ёфтани матбуоти тоҷик ва ҳамзамон матбуоти дузабона, яъне тоҷикиву ӯзбекӣ мебошад, ки ҳамчун дастгоҳи нерӯманди иттилоотӣ дар инъикоси ҳаводиси тоза ва таблиғоти фикрӣ, дар бозтоби масоили умдаи адабӣ, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.
Матбуоти тоҷик, ба вижа нашрияҳои дузабона, чун “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина”, пеш аз ҳама, ба вусъати ниёзҳои маънавии халқи тоҷику ӯзбек, дар огоҳ кардани мардум аз дастовардҳои тозаи адабию фарҳангии кишварҳои дигар низ то ҳадди имкон замина гузоштанд. Адибони равшангар баҳри ғанои фарҳангӣ ва маънавии мардуми кишвар саъю талоше намуда, ҳамзамон барои равобити адабӣ шароити мусоиде фароҳам оварданд, ки дар оғози садаи бист ҳамаҷониба ба манфиати кор буд.
Пайванди адабӣ ҳамчун падидаи адабию фарҳангӣ дар оғози садаи бист ба василаи рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» рӯ ба густариш ниҳод. Ҳамчунин равобити адабӣ шароитеро ба вуҷуд овард, ки аҳли адаб, пеш аз ҳама, бо дастовардҳои тозаи мардуми мамолики дигар ошноӣ пайдо намоянд. Ошноӣ бо дастовардҳои илму адаби кишварҳои дигар дар оғози садаи бист дар зеҳни эшон андешаи қиёс карданро парвариш намуд. Ин парвариш нигоҳи мардумро бори дигар ба масоили муҳим ва ҳалталаби ҷомеаи он рӯз ҷалб карда, андешаи ислоҳи ҷомеаро дар зеҳну тафаккури аҳли ҷомеа тақвият бахшид. Аз ҷониби дигар равобити адабӣ худ чун нишони эҳтиром ва пос доштани адабиёти кишвари дигар, дар тафаккури аҳли адаб ва ҷомеа андешаи гиромидошти суннатҳои адабии он мамоликро бедор кард. Ва маҳз ин бедорӣ боис гардид, ки матбуот чун василаи ҷавлонгоҳи афкор ва омили муассире дар рушди равобити адабӣ эътироф гардад.
Бояд зикр намуд, ки маҳз матбуоти тоҷикиву ӯзбекӣ дар оғози садаи бист дар рушду густариши афкору маънавиёти ин ду халқ саҳми муассир гузоштаанд. Аввалан, ошноӣ бо намунаҳои назму насри рус ва дигар миллатҳо аз роҳи мутолиаи нашрияҳои бонуфуз ва маҷаллаҳои форсиву туркӣ, чун «Сироти мустақим» сурат гирифтааст. Дар ин кор нашрияҳои тоҷикӣ «Бухорои шариф», «Турон», «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» ҳамчун василаи муҳим хидмат карданд. Чунончӣ, «асоси маводи публитсистикаи Айнӣ ва мақолаҳои адибони дигари ин давраи адабиёти ду даҳсолаи аввали тоҷик аз ҳамин мутолиа ва огоҳии онҳо аз матбуот маншаъ гирифтааст» .
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ чун яке аз чеҳраҳои барҷастаи наҳзати маорифпарварӣ ва асосгузори публитсистикаи тоҷику ӯзбек мақоми забонҳоро дар рушду таҳаввули шахсият ва ҳамчунон рушду равобити адабӣ ва масоили дигар барҷаста медонад. Далел бар ин матлаби мо нашрияҳои “Самарқанд” ва маҷаллаи «Ойина» буда метавонанд, ки муассис ва ношири онҳо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ буд ва маҷаллаи худро бо се забон аз чоп мебаровард. Дар саҳифаи аввали маҷалла номи он бо се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, суроға ва макони идораи маҷалла низ бо забони русӣ оварда шудааст, ҳарчанд матолиби русӣ ба назар намерасанд. Ба андешаи Беҳбудӣ бо донистани забонҳои русӣ ва туркӣ метавон аз асарҳои донишмандони рус ва фаранг воқиф гашт, зеро асарҳои оламшумул ба ин забонҳо тарҷума гардидаанд. Дар ин замина метавон ба ҳайси муҳаррири нашрияи нахустини тоҷикӣ «Бухорои шариф» таъин шудани Мирзо Ҷалол Юсуфзодаро яке аз иқдомоти шоистаи равшангарон дар мавриди рушди равобити адабии халқи тоҷик шуморид.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ хусусан ба масъалаҳои забон таваҷҷӯҳи зиёд намуда, ҳамзамононашро даъват менамояд, ки эҳтироми забони модарии хешро, пеш аз ҳама, ба ҷой оваранд, донистани забонҳои гуногунро баҳри рушду пешрафти ҷомеа ва ҳамчунон равобити адабии он замон аз умдатарин вазоифи давр мешуморад. Чунончӣ, дар шумораи нахустини маҷаллаи «Ойина», дар навиштаи «Дуто не, чор забон лозим аст» андешаҳои ҷолиби худро чунин баён намудааст: «Имрӯз барои мо туркистониҳо туркӣ (ӯзбекӣ), форсӣ (тоҷикӣ), арабӣ ва русӣ хондан лозим аст». Ӯ аз аҳли ҷомеа донистани ин забонҳоро талаб намуда, мақоми онҳоро ба хонандагони маҷалла алоҳида шарҳ медиҳад.
Ӯ аз ганҷинаи бебаҳои илму адаби форс-тоҷик бо эҳсос ёдовар гардида, қайд менамояд: он хазинаи маънавиест, ки баҳри истифодааш аврупоиҳо миллиардҳо сӯм сарф менамоянд. Барои мо саодат аст, ки туркӣ ва форсиро бетаҳсил медонем. Ҳар турк форсӣ ва ҳар форс туркиро бояд донад.
Дар мақолаи «Дар масъалаи забон» хусусан ба раванди ҳамроҳшавии вожа ва ибораҳои форсӣ ба забони туркӣ, лаҳҷа ва шеваҳои гуногуни забони туркӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар Осиёи Марказӣ, содагии забон, забони адабиву илмӣ андеша ва мулоҳизаҳои ҷолиби хешро баён намудааст. Фикрҳои Беҳбудӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, немисӣ, фаронсавӣ, англисӣ, итолиёвӣ, арабӣ, ҷопонӣ низ аз аҳамият холӣ нестанд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нашрияҳои дузабона – тоҷикиву ӯзбекӣ омили асосии рушди равобити адабии ин ду халқ дар оғози садаи бист ба шумор мераванд. Омӯзишу баррасии матолиби ин нашрияҳо имрӯз, дар даврони ҷаҳонишавӣ беш аз пеш муҳим ва зарур мебошад.
Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Б. Ғафуров.