МАВҚЕИ ТАШАББУСКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПОРЛУМОНИИ ИДМ ЭЪТИРОФ ГАРДИД

Дар Сенати Олий Маҷлис бо ҳайати Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот Раиси Сенат Т.Норбоева ба ҳолати ҷории ҳамкории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон бо порлумонҳои кишварҳои ИДМ ва нақшаҳои оянда дар ин самт эътибори алоҳида нигаронд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибати дӯстонаи байни давлатҳои иштирокдори ИДМ мустаҳкам гардида, дар тамоми соҳаҳо ба дараҷаи нав баромад, ки ин барои некуаҳволии халқҳо хеле муҳим аст. Аз ҷумла, мақоми афзояндаи порлумонҳо дар ин ҷараёнҳо ва мавқеи ташаббускори Ӯзбекистон дар фаъолияти Ассамблея таъкид ёфт. Зимни мулоқот дар заминаи вусъати минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистон бо Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ ва бо давлатҳои аъзои он, татбиқи лоиҳаҳои нав созишнома ба даст омад. Норгул Абдураимова, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: