Дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҷлиси Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиш ба амал омад.
Дар он масъалаҳои зарурии минбаъд самаранок рӯйи об баровардани сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ва пурзӯр кардани ҳамкории тарафайни Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия ва намояндагӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар маҷлис аъзои кумита, намояндагони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, як қатор вазорату идораҳо ва ходимони ВАО ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷамъият мебошанд. Дар пешрафти ҷомеа ва давлат нақши муҳим доранд. Дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо имрӯзҳо ба яке аз самтҳои устувори сиёсати давлати мо табдил ёфтааст. Бар ин бино созмон ёфтани Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар ин раванд ҳодисаи дилхушкунанда гардид.
Кӯмак ба ҷавонон ва ба корҳои муҳими соҳаҳои гуногун сафарбар кардани онҳо яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Маҳз, бо дастгирии Президентамон доир ба фаъолияти Иттифоқи ҷавонон 40-то ҳуҷҷатҳои қонун ва зерқонун ба тасвиб расид ва бинобар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июни соли 2018 Барномаи давлатии «Yoshlar – kelajagimiz» қабул гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки бисёр муаммоҳои вобаста ба ҳаёти ҷавонон мавҷуд аст, ки ҳанӯз ҳал нагардидаанд. Кор бо ҷавонон мунтазам ба роҳ монда нашавад, таъсири маданияти оммавӣ ва дигар ғояҳои вайронкорро, ки асосан аз тариқи интернет паҳн мешавад, пешгирӣ накунанд, бо кор таъмин кардани ҷавонон аз назар дур монад, дар натиҷа холигоҳи маънавӣ ба вуҷуд меояд. Эътибор ба ҷавононро дар оилаҳо пурзӯр карда, дар шабакаҳои интернетӣ маводҳои маърифатиро зиёд намудан талаби давр аст.
Раиси Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев таъкид намуд, ки мақсади мо муайян кардани доираи ҳар кори вобаста ба ҷавонон ва ба ҷойҳои дахлдор барои ҳал кардан расонидани муаммоҳои мавҷуда мебошад. Иттифоқи ҷавонон пеш аз ҳама, бояд эътиборро барои аз ҷиҳати ғоявӣ пурзӯр кардани ғояи ҷавонон нигаронад, ба онҳо тарзи фикррониро омӯзондан мувофиқи мақсад аст. Дар он сурат онҳо метавонанд бидуни ҳар гуна душворӣ монеаҳоро аз пеши роҳи худу дигарон дур кунанд. Фикрронии таҳлиливу танқидиро дар ҷавонон ташаккул додан айни муддаост.
Таъкид гардид, ки имсол беш аз 1 млн. нафар довталаб ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурданд, пас дар бобати чунин ҳолатҳо фикру мулоҳиза кардан дуруст меояд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ба сиёсат бештар ҷалб кардани ҷавонон зарур аст, зеро онҳо муаммои ҳамсолони худро хубтар ҳис мекунанд.
Дар маҷлис барои бартараф кардани камбудиҳо оид ба ҳаёти ҷавонон як қатор тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.
Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».