«МАВРИГӢ»– ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО

Ба наздикӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар саҳнаи тобистонаи Қасри санъати «Туркистон» барномаи консертии дастаи ҳунарии «Мавригӣ»-и Бухорои шариф пешкаши тамошобинон гардид.

Ба наздикӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар саҳнаи тобистонаи Қасри санъати «Туркистон» барномаи консертии дастаи ҳунарии «Мавригӣ»-и Бухорои шариф пешкаши тамошобинон гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ аҳли шеъру ҳунар ва сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуданд. Яке аз хусусиятҳои халқҳои тоҷику ӯзбек он аст, ки ба фарҳангу ҳунар дилбастагии зиёд доранд. Суруду гӯйишҳояшон мисли ши-ру шакар ба ҳам меомезанд. Дар суруду таронаҳои халқӣ бисёртар орзуву умед, ҳаёти ноором ва зиндагии душвори халқ дар гузашта, ҷудоӣ аз ёр, муҳаббати пок ва ба ҳаёти осудаи имрӯза шукронаҳо гуфтан ифодаи худро ёфтааст. Либосҳои миллии тоҷиконаи онҳо эҳёи арзишҳои миллии халқи тоҷикро бори дигар намоён месозад. 
Ба қавли оҳангсози номӣ Мустафо Бафоев «Мавригӣ» ҳамин хел навъи суруд аст, ки онро ба русӣ ҳам метавон иҷро кард. Савту сурудҳои «Мавригӣ» ҳамаро ғайриихтиёр ба рақс даъват менамояд. Ин бор низ чунин шуд. Ҳангоми иҷрои сурудҳо пиру ҷавон ба рақс даромаданд. Дар рафти барнома дастаҳои дигари ҳунарӣ низ ҳунарнамоӣ карданд.
Бешубҳа, он шом ба шоми дӯстии халқҳо табдил ёфта буд. Хотири болидаи тамошобинон аз он гувоҳӣ медод, ки онҳо аз консерт як олам ғизои маънавӣ гирифтаанд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: