МАВСИМ БО ИСЛОҲОТИ ҒАНӢ БА АНҶОМ РАСИД

Дар Маркази матбуоти миллӣ аз ҷониби Кумитаи корҳои оид ба дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар ҷамъбасти «Ҳаҷ – 2018» ва омодагӣ ба мавсими нав брифинг баргузор шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулони кумита дар доираи иҷрои Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 июни соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд такмил додани ташкил ва гузарондани тадбирҳои «Ҳаҷ» ва «Умра» оид ба чорабиниҳои «Ҳаҷ» ва «Умра», ки пайдарҳам ташкил гардидаанд, маълумот дода шуд.
Соли ҷорӣ мавсими «Ҳаҷ – 2018» дар руҳияи баланд ва бо ислоҳоти зиёд ҷамъбаст гардид. Аз ҷониби амири шаҳри Мадина Файсал ибни Салмон ботартибтарин ҳоҷиён эътироф гардидани зоирони ӯзбекистонӣ аҳамияти калон дорад. Дар давоми вақти сипаришуда аз ҷониби гурӯҳи корие, ки аз кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин ва Идораи мусулмонони Ӯзбекистон иборатанд, бо шаҳрвандоне, ки маросими Ҳаҷро ба поён расондаанд, бисёр вохӯриҳо ташкил гардиданд. Дар мулоқотҳо сарҳисоби корҳои хайру неки амалишудаи ҳоҷиён шунида шуд. 
– Ҳоҷиёни мо ба оилаҳои муҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, камтаъмин ва бепарасторе, ки дар маҳаллаҳои онҳо зиндагӣ мекунанд, 1,6 миллиард сӯмина ёрдами моддӣ расонида, ба корҳои ҷамоатӣ бо фаъолии худ намунаи ибрат мегарданд, – мегӯяд муовини раиси Кумитаи корҳои оид ба дин Нуриймон Абулҳасан. – Ҳамчунин дар бобати беҳтар кардани муҳити оилаҳои нотинҷ дар маҳаллаҳо суҳбатҳо гузаронда мешавад.  Дар чунин чорабиниҳои хайре, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил мегарданд, ҳоҷимомоҳо низ фаъол иштирок доранд. Онҳо барои бартараф кардани муаммоҳои ҳаёти рӯзмарра, маҳдуд кардани низоъҳои оилавӣ ва пешгирии ҷудошавӣ ба занону духтарон маслиҳат медиҳанд. То қадри имкон ба ҷавонон роҳи дуруст нишон дода мешавад. Дар ин гуна корҳо байни ҳокимиятҳои маҳаллии ҳудудҳо, шӯроҳои шаҳрвандони маҳалла ва бисёр ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамкории мутақобил роҳандозӣ шудааст. Айни замон бинобар масъалаҳои ташкил ва гузарондани тадбирҳои «Ҳаҷ» ва «Умра» аз ҷониби шӯрои ҷамоатӣ ба мавсими нав тайёрии пухта дида мешавад.

Абдулазиз МӮСОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: