МАВСИМИ ҒАЛЛА ДАР АВҶ

Дар вилояти Сирдарё дарави ғалла дар авҷ мебошад.

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияҳои Сайҳунобод, Сардоба, Боёвут, Оқолтин, Мирзообод, Хавос ва Гулистон дар 85 ҳазор гектар ғалла ва ҷав кишта буданд. Имрӯзҳо ҳосили ин ғаллазорҳо пухта расидааст. Кишоварзон барои дар муддати кӯтоҳ ва беталаф ғун доштани ризқу рӯзии хеш шабу рӯз дар саҳро заҳмат мекашанд.
Ба ин маърака комбайнҳои МТП-и вилоят хуб таъмир шуда, ба саҳроҳое,  ки аллакай ғалла пурра пухта расидааст, сафарбар карда шуданд. Ҳоло дар саҳроҳои вилоят беш аз 200 комбайни “Кейс” ва “Класс” омодаи коранд. Аз рӯйи сарҳисоби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ин комбайнҳо метавонанд рӯзе 12-14 гектар ғаллазорро дарав кунанд. Бояд қайд кард, ки коҳи ғаллазорҳоро деҳқонон пас аз дарав зуд ғун мекунанд. Баҳри ин кор тамоми шароитро муҳайё сохтаанд. Барои кашондани дони ғалла бештар аз 600 мошини боркашонии шахсӣ ва давлатӣ омодаанд.
Дар 2552 хоҷагии фермерӣ, ки фаъолияти онҳо махсус ба ғаллакорӣ равона карда шудааст, кор дар авҷ аст. Аз рӯйи маълумоти пешакии раёсати кишоварзии вилоят ин хоҷагиҳо аз ҳар гектар беш аз 50-60 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Гуфтан лозим аст, ки аллакай дар вилояти Сирдарё беш аз  200 хоҷагии фермерӣ супоришоту ӯҳдадориҳои хешро пурраву барзиёд иҷро карданд. Масалан, хоҷагии фермерии “Султон” аз ноҳияи Сайҳунобод аз ҳар гектар 60 сентнерӣ, ҷамъ 80 тонна ҳосил ба даст оварда, яке аз аввалинҳо шуда ба марра расид. 
Имрӯзҳо ҳосилғундорӣ дар авҷ аст. Тамоми техникаи корӣ ба отрядҳо тақсим шуда, оиди фаъолияти он саривақт ба штаби ғалла маълумот дода мешавад. Барои комбайнчиён ва дигар идоракунандаи воситаҳои техникие, ки ба мавсим сафарбаранд, хӯроки гарм ва  шароити маишӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳокимияти вилоят ва ноҳияҳо барои пешқадамони корҳои саҳро дар ҳар 10 рӯз мукофотҳои арзишнок ташкил намудаанд. Чунин муташаккилии кор аз он дарак медиҳад, ки кишоварзони вилоят дар муддати кӯтоҳ марраи муродро фатҳ мекунанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”
Вилояти СИРДАРЁ. 
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: