МАВСИМИ ҒАЛЛА САР ШУД

Дар саҳроҳои вилояти Намангон ғунучинии ҳосили ғалла сар шуд.

Имсол деҳқонони намангонӣ дар 68 ҳазор гектар майдон ғалла коштанд. Дар ғаллапарварӣ аз кумаки 243-то комбайни замонавӣ истифода бурда мешавад.
Дар хоҷагии фермерии «Мирзаорол уруғчи»-и ноҳияи Поп семинари вилоятӣ бахшида ба мавсими дарав гузаронида шуд. Дар семинар бо роҳбарии ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов роҳбарони ноҳияҳо, секторҳо ва масъулони соҳаи аграрӣ дар бораи сифатнок ва беталафот гузаронидани мавсим  ва кишту кори такрорӣ  маслиҳат карданд.  Дар айни ҳол  дар ин хоҷагии фермерӣ  корҳои дарав оғоз гардида, дар дигар ноҳияҳо низ ғунучини ҳосил шурӯъ мегардад.   
– Майдонҳои кишт бо усулҳои  агротехникӣ хуб парвариш шудааст ва аз ин ҳосили фаровони дилхоҳ ҷамъоварӣ мегардад. Умедворем, ки ғаллапарварони заҳматкаш нақшаҳои пешбинишударо барзиёд ба иҷро мерасонанд, – мегӯяд яке аз иштирокчиёни семинар Икромхон Наҷмиддинов. 
Дар семинар гуфта шуд, ки заминҳои холишуда ба одамони камбизоат, оилаҳои  эҳтиёҷманд  барои кишту кори такрорӣ  дода мешавад. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

ДАРАВИ ҒАЛЛА ШУРӮЪ ШУД

Барои дар муддати кӯтоҳ ва беталаф ғундоштани ҳосили имсолаи ғалла дар хоҷагии деҳқонии «Ҳайдаробод замини»-и ноҳияи Данғара семинари минтақавии намоишӣ баргузор гардид.
Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, сардорони секторҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони кластерҳои ғаллапарварӣ, сардорони дружинаҳои ҷамъоварии беталафи ғалла, масъулини сохторҳои соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд.
Онҳо нахуст дар киштзорҳои васеъи хоҷагии «Ҳайдаробод замини» ҳосили пухтарасидаи ғалларо аз назар гузарониданд. Баъд ба мавсими ҷамъоварии ғалла старт дода шуд.
Ҳокими вилоят қайд намуд, ки дар натиҷаи меҳнати пурсамари деҳқонон дар вилоят ҳосили фаровон руёнда шуда, раванди муҳиму масъулиятнок – вазифаи ҷамъоварии ҳосили ғалла шурӯъ шудааст. 
Ин маъракаро бояд муташаккилона пушти сар кунем ва ҳосили гаронбаҳои ғалларо ҳарчи зуд ва беталаф ҷамъоварӣ кунем. Зеро ғалла барои мардум яке аз маҳсулоти кишоварзии аз ҳама муҳим маҳсуб меёбад, – гуфт Хайрулло Бозоров.  
Вай афзуд, ки дар солҳои 2022-2023 вилояти Фарғона аз ҷиҳати ҷамъоварии ҳосили ғалла дар ҷумҳурӣ ҷойи якумро ишғол намуд. Имсол низ бояд ҷаҳду талош ба харҷ дод, ки вилоят мавқеашро дар ин самт нигоҳ дорад.
Дар семинар муовини ҳокими вилоят Алибек Турсунов оид ба корҳои дар соҳаи кишоварзӣ анҷом додашуда ҳисобот дод. Вай гуфт, ки имсол кишоварзони вилоят аз майдони 95 ҳазору 720 гектар ҷамъоварии 745,8 ҳазор тонна ғаллаи хушсифатро ҳадаф қарор додаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: