МАВСИМИ ИСТИРОҲАТИ БАЧАГОН

Давраи истироҳаткунии мактаббачагон фаро расид. Мавсими имсола дар 11 оромгоҳи беруназшаҳрӣ ва 129-то майдончаи солимгардонии рӯзона, ки назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ созмон ёфтаанд, ҷамъ дар 140 ҷой ташкил намудани истироҳати шавқовари наврасон ба нақша даромадааст.

Аз ҷумла, дар 11-то оромгоҳи шабонарӯзӣ бо назардошти риояи талабҳои ҳимоя аз пандемия 3 ҳазору 455 нафар  ва дар майдончаҳои солимгардонии рӯзонаи таълимгоҳҳо 11 ҳазору 290 нафар, яъне аз 233 ҳазору 709 нафари бачагони 7-14 сола ба истироҳат ҷалб намудани 14 ҳазору 745 нафари онҳо пешбинӣ шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки фаъолияти оромгоҳҳо ҳар пагоҳӣ бо машғулиятҳои солимгардонӣ оғоз ёфта, сипас навбат ба маҳфилҳои гуногун,  аз қабили мутолиаи китоб, мусобиқаҳои варзишӣ, викторинаҳо, бозиҳои шавқовар ва шабнишиниҳо мерасад. Дар оромгоҳҳо хусусан аз рӯзи нахустин амал кардани варзиши бадан, машғулиятҳои иловагӣ аз фанни забони англисӣ, информатика дар асоси бозиҳои шавқовар, бешубҳа, ба наврасон писанд меояд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Олот дар мактабҳои таълими умумӣ ва мактаб-интернати таълими умумии давлатии рақами 14-ум баҳри табъи дил истироҳат кардани  шогирдон дар чор баст зина ба зина барнома таҳия ёфта, ба он бештар аз 600 нафар омӯзгорон ҷалб гардидаанд. Бинобар хабари хидмати матбуоти садорати таълими халқи вилоят дар оромгоҳҳо ба бачагон омӯхтани қоидаҳои ҳаракати роҳ низ ба роҳ монда шудааст.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: