Дар ҷаҳон забонҳо бисёранд, лекин барои ҳар як фарзанд забони модарӣ – мероси модар муқаддас бояд бошад.
Дар ҷаҳон забонҳо бисёранд, лекин барои ҳар як фарзанд забони модарӣ – мероси модар муқаддас бояд бошад. Барои донишҷӯёну шеърдӯстони охирҳои солҳои 80-уму солҳои 90-уми асри XX ашъори дар мавзӯи забони модарӣ, гиромидошти он ва хештаншиносӣ навишташудаи Мӯъмин Қаноат “Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ”, Бозор Собир “Забони модарӣ”, Лоиқ Шералӣ “Забонгумкарда”, Расул Ҳамзат “Забони модарӣ” хеле гиромӣ буданд.
Мавзӯи забони модарӣ, эҳтиром намудан ва дӯст доштани он яке аз мавзӯъҳои асосии шоир Абдуллоҳ Раҳмон аст. Аз ҷумла, дар китоби нахустини ӯ “Қадаҳи лола” (Душанбе – 2005) якчанд дубайтӣ ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Самимияту садоқати муаллифро Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дарк намуда, дар сарсухани маҷмӯа чунин нигоштааст: “Дубайтиҳои Абдуллоҳ Раҳмон бо забони фасеҳ шоирона, дардмандона ва бенуқс суруда шудаанд”. Шоир забони модариро калиди даргоҳи илм қаламдод кардааст:
Забони модарӣ мифтоҳи илм аст,
Туро мушкилкушои роҳи илм аст.
Агар онро намедонӣ мукаммал,
Ба рӯят баста сад даргоҳи илм аст.
Дар дубайтии дигар забони модариро чун ангубин ширину чун шири модар матбӯъ дониста, ҳастии худро бо ҳастии забони модарӣ вобаста медонад.
Забони модариам шаҳду шаккар,
Гуворо бошад он чун шири модар.
Агар он зинда бошад, зиндаам ман
Агар мирад, ба ӯ мирам баробар.
Шоири маҳбуб дар ҷойи дигар фармуда, ки забони модарӣ ҷони одам аст:
Забони шодию ғам – лафзи модар,
Забони дарду марҳам – лафзи модар.
Чӣ сон онро тавонӣ кард инкор?
Ки бошад ҷони одам лафзи модар.
Бузургон пешомадро дарк мекунанд, масалан Абдуллоҳи Раҳмон дар суҳбате гуфта буд, ки фикри истиқлол дар ман дар ҷанги афғон (1979) пайдо шуда буд, ин орзу соли 1991 амалӣ шуд. Устод ба мардум рӯ оварда, марги забон – марги миллат буданашро таъкид мекунад:
Ало, эй мардуми дар хоби ғафлат,
Ба нури ақл берун о зи зулмат.
Забони модариат чун бимирад,
Расад з-он баъд бар марги ту навбат.
Шоираи шуҷоъ Гулрухсор гуфта: “Марги миллат аз марги забон сар мешавад, марги забон аз беномусиву бегонапарварии соҳибзабонон”. Шоири зинданом ба онҳое, ки забони ғайрро аз забони модарӣ боло мегузоранд, бо ҷасорат хитоб менамояд:
Ту ҳам мирӣ, агар мирад забонат,
Намонад дар ҷаҳон ному нишонат.
Забони ғайрро беҳ гӯйӣ аз худ,
Илоҳо, кӯр гардад дидагонат.
Дар ҷойи дигар таъкид менамояд, ашхосе, ки барои мавқеи худ аз миллаташ ор мекунаду шири модарро пушти по мезанад, ба забони ғайр вафодорӣ намекунад:
Яке аз миллати худ мекунад ор,
Ки то созад мақоми хеш подор.
Касе, ки шири модар пушти по зад.
Магар бар дигаре гардад вафодор?
“Дар бораи бузургдошти забони модарӣ бисёр навиштаем. Аммо навиштаи Абдуллоҳ Раҳмон... бисёр муассир аст” – гӯён шоир Гулназар дубайтии зеринро ҳамчун намуна овардааст:
Ду-се нокас ба ғафлат доварӣ кард,
Ки ор аз шеваи лафзи дарӣ кард.
Хиёнат бар Ватан созад касе, к-ӯ
Хиёнат бар забони модарӣ кард.
Инак, чанд намуна аз “Қадаҳи лола” овардем, ки аз танӯри сӯзони қалби шоири ҳассос бурун омада, ҳисси худшиносию забондӯстӣ, эҳтирому садоқат ба забони модарии моро афзун менамоянд. Ҳақ будани шоири дурбин, ки соҳибзабононро ба ҳушёрию садоқатмандӣ даъват карда буд, вақт нишон дод. Аз соли хониши 2013-2014 забони таълими мактабҳои тоҷикӣ иваз карда шуд. Абдулло Раҳмон аз аввалинҳо шуда, ба ҳимояи забони тоҷикӣ бо дӯстони ҳаммаслаку шарафманд – Нарзуллоҳ Муродуллоев, Абдуҷаббор Фаттоев, Тоштемур Шукуров ва дигарон ба по хестанд. Таълим ба забони модарӣ ба роҳ монда шуд.
Тобистони соли равон тариқи шабакаҳо аз ҷониби наздикони шоир намунаҳо аз ашъори устод пешниҳод шуда истод. Албатта, интизори нашрёбии маҷмӯаи комили устод ҳастем, ки гулшани маърифату маънавияти шеърдӯстону мухлисон, ҳамзабонону хештаншиносонро боз ҳам рангину муаттару шодоб хоҳад гардонид.
Маҳкам ҶАЪФАРОВ,
омӯзгор.