МАВЗӮИ ЗАН ДАР ЭҶОДИЁТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Зан-модар, духтар, хоҳар ва ёри вафодор дар эҷодиёти шоирон ва нависандагон яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад.

Зан-модар, духтар, хоҳар ва ёри вафодор дар эҷодиёти шоирон ва нависандагон яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ҳадисҳо ҳам дар бораи зан суханони нек гуфта шудаанд. Мисол, дар як ҳадис оварда шудааст: «Биҳишт дар зери қадами модарон аст».
Шоире ба ин маънӣ фармудааст:
Ҷаннат, ки ризои мо
 дар он аст,
Дар зери қудуми 
модарон аст.
Ин байт аз мавҷуди муқаддас будани зан дарак медиҳад. Қариб ҳамаи шоирони классики форсу тоҷик дар бораи зан шеъру байтҳои хуб эҷод кардаанд. Дар ёдам ҳаст, боре модарам ин чор сатр шеърро зери лаб замзама карда буд:
Духтари нодон будам,
Бандаи боён будам.
Дар фаранҷӣ пайваста,
Бандии зиндон будам.
Мо маънои шеърро пурсидем. Ӯ шарҳ дод, ки дар замонҳои пеш занону духтарон дар зери фаранҷӣ мегаштанд, бо мардон баробарҳуқуқ набуданд. Гӯянда ин ҳолати онҳоро ба зиндагии зиндонӣ монанд кардааст. Дертар, ҳангоми таҳсил дар донишкада донистам, ки он шеъри Абулқосим Лоҳутӣ будааст.
Дар давраи ба майдони адабиёт баромадани устод Мирзо Турсунзода ҳам мавзӯи озодии зани Шарқ бисёр муҳим ба шумор мерафт. Албатта, дар ин вақт қисми зиёди занону духтарон бе фаранҷӣ мегаштанд, ҳаққу ҳуқуқи онҳоро давлати шӯравӣ ҳимоя мекард. Бо вуҷуди ин, ба мактабҳои олӣ, мактабу маориф ва корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кардани занону духтарон кори осон набуд. Шеърҳои М. Турсунзода бо равонӣ ва оммафаҳмиаш аз шеърҳои шоирони дигар фарқ мекард. Шеърҳои ба занон ва духтарони озод бахшидаи ӯ зуд вирди забони мардум мешуд. Шоир бисёр хостааст, ки занону духтарони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳо бемамониат хонанд, дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъол бошанд.
Орзуву армонҳои шоири маҳбуб дар шеърҳояш инъикос меёфтанд. Мисол:
Мисли абре давраи 
пуроҳувоҳи ту гузашт,
Давраи нав сар шуда, 
рӯзи сиёҳи ту гузашт.
Дар замони куҳна, гӯё, 
бандаи осӣ будӣ,
Ин ҷаҳони нав тамоман 
аз гуноҳи ту гузашт. 
(«Ба духтари тоҷик»).
Мирзо Турсунзода дар манзумаи «Се нозанини Шарқ» зиндагии на танҳо занони тоҷик, балки ҳаёти тамоми занони шарқро, мувофиқи талаби замон, пеши назари хонанда ҷилвагар месозад:
Бандаи дирӯза зани 
Шарқ буд,
Дар сари он зан кафани 
Шарқ буд.
Рӯйи зани Шарқ, ки дар 
парда буд,
Ҳусни варо парда панаҳ 
карда буд.
Замони нав занро ба курсии иззат шинонд, мегӯяд шоир:
Зан ба сари курсии 
иззат нишаст,
Одати деринаи моро
 шикаст.
Дертар занони Шарқ, аз ҷумла занону духтарони тоҷик, дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъол мешаванд. Ин ҳолат шоирро хурсанд мекунад ва мегӯяд:
Дар диёри мо шуд одам 
арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи 
занҳо баланд.
Ҳеч коре нест бе зан, 
хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, 
хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба 
давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан 
гулзор шуд.
Ин иқтибос аз достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода аст. Шоир – қаҳрамони лирикии асар ҳисси баланди муҳаббат, садоқат ва вафодории худро нисбат ба оила – зану фарзандонаш баён менамояд, ки аҳамияти тарбиявӣ дорад. Дар асар оиди озодӣ, хушбахтӣ ва мавқеи ҷамъиятии занон, дар бораи нақши модар дар тарбияи насли наврас сухан меравад. Пас, ин байтҳои шоир имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.
Имрӯз ҳам – дар даврони истиқлолият занону духтарон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб карда мешаванд.
Дар шеъри «Модарам»-и шоири бузург ҳолати рӯҳии кӯдаки аз модар хеле барвақт ҷудогашта табиӣ ба қалам дода шудааст:
Тифл мондам аз ту, 
модар, рӯйи ту дар 
ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, 
абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам 
худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, 
кӯйи ту дар ёд нест.
***
Шеър гӯям, ояд аз 
шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд 
ҳавои модарам.
Солхӯрда гар зане рӯзе 
дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, 
то ҳастам, ба ҷои 
модарам.
Шеъри «Дили модар», ки симои модарони фарзандонашон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокшударо пеши назар меоварад, яке аз шеърҳои таъсирноктарини устоди сухан дар бораи зан мебошад. Дар он сабру таҳаммул ва бурдбории зани тоҷик хеле боварибахш тасвир ёфтааст:
Агар аз гиря кардан об 
мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ 
манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид 
мушкил, мушкили
 ман буд,
Ба зери мавҷи дарё 
монда соҳил, соҳили ман 
буд.

Агарчӣ мурдани 
фарзандро дар ҷанг дидам 
ман,
Агарчӣ борҳо бегонаи 
дилсанг дидам ман.
Ба уммеде, ки бинам 
чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо 
чашмам аҷал ҳар ранг 
дидам ман.
Дар шеъри «Бигзор, зан бошад мудом» ҳам муҳаббату самимияти шоир ба сарчашмаи зиндагӣ – зан ҳис карда мешавад.
Шоири нотакрор дар шеъри «Чашми ман» ҳусни занро аз ҳусну ҷамоли замин боло гузоштааст. Зебоии рӯйи заминро аз дасти зан медонад, ӯро «ҳусни зебои замин», «маҳфилорои замин» қаламдод кардааст. Аз нигоҳи шоири ошиқ зан (модар) – замин ва замин – модар (зан) аст ва аз ҳамаи гӯшаҳои замин бӯйи зан ба машомаш мерасад:
Чашми ман маҳви ҷамолу 
ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад 
ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як 
гашт чун ду модарон,
Бӯйи зан ояд машомамро 
аз ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан, 
ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гӯем занро 
маҳфилорои замин...
Дар шеърҳои ба занони машҳури дунё, аз қабили «Тара-Чандри», «Ба духтари Астурия»,«Ба шоира Зулфия» низ симои занони ҳунарманд тасвир ёфтааст.
Бисёр мушоҳида кардаем, ки шоҳбайтҳои зерини шоир дар Рӯзи зан, базмҳои зодрӯз садо додаанд:
Зан агар оташ намешуд, 
хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом 
мемондем мо.
Фикр мекунем, ки шеъру байтҳои ҷовидонии шоир асрҳо дар байни мардуми шеърпарвар садо медиҳанд.

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: