МАҲАЛЛА – ГАҲВОРАИ АРЗИШҲОИ БУЗУРГ

Маҳалла як маскани бисёр ҳам азизу боқадр буда, метавон онро ба мафҳуми Ватан, оила ва ҷамъият низ маънидод кард.

Аз ин рӯ, он гаҳвораи қадриятҳои бузург маҳсуб меёбад. Маҳалла миёни халқ ва мамлакат як вазифаи кӯпрукро адо менамояд. Чунон ки оила як қисми ҷудонашавандаи маҳалла ба ҳисоб меравад, маҳалла низ дар навбати худ пойдевори ҷамъияти имрӯза мебошад. Бесабаб нест, ки шаҳрвандон арзу доди хешро пеш аз ҳама ба маҳалла бурда, барои ҳаллу фасл намудани муаммоҳои худ чун хонаи умед ба ин даргоҳ қадам мегузоранд.
Дар даврони истиқлолияти Ӯзбекистон эътибор ба маҳалла, сохтору ваколатҳои он афзуд, зеро дар пешрафту тараққиёти ҷомеа он имрӯзҳо нақши бориз дорад. Вобаста ба ин масъулият ва вазифаҳои он низ ба маротиб зиёд гардид. Президенти кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар нутқи хеш оид ба маҳалла ва фаъолияти онҳо чунин суханони бузургу созанда эрод кардааст: «Мо аз рӯзҳои нахустини фаъолиятамон ҳама корро дар маҳалла бо халқ якҷоя ташкил карда меоем. Ин равандро зина ба зина ривоҷ додем. Акнун бошад, қувва ва имкониятҳои иловагӣ дода мешавад. Ин ҳам ваколат ва ҳам масъулият мебошад. Маҳаллаҳо замини аз ҳама калони давлати мост».
26 сентябри соли 2023 Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи роҳандозӣ кардани фаъолияти «ҳафтгона»-и маҳалла маҷлис доир сохта, дар ин самт як қатор вазифаҳои муҳимро муайян карда буд. Ва баъдтар, яъне 21 декабри соли сипаришуда боз Фармони Президент барои рушди фаъолияти маҳаллаҳо ба имзо расид. Имрӯзҳо раҳбарияти маҳаллаҳо дар асоси мезонҳои «Маҳаллаи обод» «Кӯчаи обод» ва «Хонадони обод » кори худро пеш бурда, фаъолнокии шаҳрвандонро дар ин самт таъмин месозанд. 
Маълум, ки як ҷиҳати фаъолияти намояндагони халқ, яъне депутатҳо ҳамеша ҳамкорӣ кардан бо маҳаллаҳо буду ҳаст. Барои минбаъд боз ҳам барқарор ва мустаҳкам кардани муносибатҳои намояндагони халқ бо маҳаллаҳо ва шаҳрвандони он қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 апрели соли 2024 таҳти рақами КҚ-706-IV «Дар бораи чораву тадбирҳои ба роҳ мондани ҳамкории сенаторҳо ва Шӯрои депутатҳои маҳаллӣ бо «ҳафтгона»-и маҳалла дар ҳал намудани муаммоҳои маҳалла» ба имзо расид, ки ин ҳам барои рушди фаъолияти маҳаллаҳо хидмат мекунад. Ҳоло дар ҷойҳо бо мақсади тавзеҳ додани мазмун ва моҳияти қарори мазкур бо иштироки намояндагони «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо, фаъолону ҷавонон ва дигар шаҳрвандон бо сенатор ва намояндагони халқ вохӯрӣ ва мулоқотҳо доир мегарданд.
 Ба қарибӣ чунин вохӯрӣ барои фаҳмонидани мазмун ва моҳияти қарор дар маҳаллаҳои «Халқобод», «Гулобод», «Шохча» ва «Миршодӣ» бо иштироки депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилоят А.Орипов, депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия Ҳ.Исматуллоев, раиси хазинаи «Нурониён»-и ноҳия Ю.Ҳакимов бо фаъолони маҳалла вохӯрӣ ва мулоқот доир гардид. Инчунин, ҳамин гуна вохӯрӣ ва мулоқот бо депутати Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлис О.Абдуллоева, депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилоят А.Орипов ва мудири котибияти депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия М.Хӯҷанов дар толори ҳокимияти ноҳия хотирмон баргузор гардид. 
Ҳоло дар ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё 54-то маҳалла босамар фаъолият бурда истодааст. Дар ин маҳаллаҳо ба таври мунтазам бо депутатҳои Шӯрои ноҳия, намояндагони «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо, фаъолону собиқадорон, ҷавонон ва шаҳрвандони дар рӯйхати дафтарҳо шомилбуда вохӯриву мулоқотҳо доир гашта, мушкилоти шаҳрвандон омӯхта, дар ҳалли онҳо кумак расонида мешавад. Дар айни замон дар асоси мизонҳои «Маҳаллаи обод», «Кӯчаи обод» ва «Хонадони обод» дар маҳаллаҳои «Тӯхтамиш» як қатор корҳои назаррас амалӣ карда шуд. Дар маҳаллаҳои «Бӯстон», «Хоҷаи пок», «Халқобод» ва «Гулобод» корҳои ободонӣ, таъмири биноҳои иҷтимоиву маъмурӣ бо ҷадал пеш бурда мешавад. Ба ҳар як хонадони маҳаллаҳо сар халонида, тарзи зисту зиндагонӣ, бо кор банд будан ва ё набудани онҳо омӯхта, ба дармондагону қишри камбизоати аҳолӣ кӯмаки амалӣ расонда мешавад.
Сарвари мамлакатамон таъкид кардааст: «Замон бо шиддат дигаргун шуда истодааст. Маҳаларо дар ҷойҳо бояд ба институти ҳақиқие, ки муаммоҳоро ҳал мекунад, табдил дод. Боз таҷриба меандӯзем, боз месозем. Ҳаёт моро ба ҳамин маҷбур карда истодааст». Ин суханони аз таҳти дил гуфташудаи Президент бояд ҳар нафаре, ки дар маҳалла кору зиндагӣ мекунад, ба андеша кардан водор созад. Бояд ҳар нафар ба ривоҷу равнақи маҳалла ҳиссагузор бошад. 
Дар ҳамин маврид зикр кардан ба мақсад мувофиқ аст, ки дар асоси қарори мазкур дар 8 раванд ҳамкории намояндагони халқии Шӯрои депутатҳои маҳаллӣ ва «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо муайян карда шудааст. 
Бояд тазаккур дод, ки дар зимни ҳар 8 раванд, боз вазифа ва масъулиятҳое низ мавҷуданд, ки «ҳафтгона»-и маҳалла ва депутатҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ кор бурда, мушкили мардумро бояд осон намоянд.

Илҳом РОЗИҚОВ, 
сармутахассиси котибияти Шӯрои депутатҳои халқи 
ноҳияи Олтинсой.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: