МАҲАЛЛА – ИНСТИТУТИ НОЁБИ ҶАМЪИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Маркази омӯзиши фикри ҷамоатчигии ҷумҳуриявии «Ижтимоий фикр» таҳти мавзӯи «Ӯзбекистониён дар бораи маҳалла: тасаввурот ва умедҳо» пурсиши телефонӣ гузаронд, дар он оиди фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандӣ фикри респондентҳо омӯхта шуд, ақидаи аҳолӣ оиди самаранокии ҳалли масъалаҳои долузарби рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар тасарруфи мақомоти худидора аниқ гардид.

Дар тадқиқот намояндагони аҳолии ҳамаи минтақаҳои мамлакат, мардон ва занон, шаҳрвандони миёнсол ва калонсол, вакилони миллат ва қишрҳои иҷтимоии гуногун иштирок намуданд. Натиҷаҳои дар давоми тадқиқот бардошташуда тасдиқ намуд институти маҳалла зинаи муҳими муттаҳидгардони давлат ва ҷамъият, айни замон шаҳрвандон мебошад. Ӯзбекистониён бар онанд маҳалла ба сифати мақомоти худидора дар таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ҳисса мегузорад. Айни замон, он дар ҳалли масъалаҳои долузарби аҳолӣ, ба амал баровардани ҳуҷҷатҳои муайяни меъёрию ҳуқуқӣ ё амал кардан ба қоидаҳо байни шаҳрвандон ва вакилони сохторҳои давлатӣ вазифаи ба худ хоси «кӯпрук»-ро адо менамояд. 
Маҳалла дар Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини шуғли аҳолӣ, мустаҳкамсозӣ ва барқарории пойдевори оила дар ҷамъият ҷойи муҳим ишғол менамояд, дар ҳудуди дахлнок ба шаҳрвандон ҷиҳати ба роҳ гузоштани фаъолияти соҳибкорӣ кумак мекунад, оиди ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон корҳои ҷамоатиро ташкил менамояд, шаҳрвандони ниёзманд ва оилаҳои камтаъминро дастгирӣ мекунад, вобаста ба ид ва санаҳои муҳим чорабиниҳои оммавӣ ташкил месозад.
Дар давоми тадқиқот оиди чӣ тавр шудани маҳаллаи замонавӣ, дар Ӯзбекистони нав чӣ гуна вазифаҳоро ба иҷро расондани он фикри шаҳрвандон аниқ карда шуд. Назар ба маълумоти дастрасшуда, дар тасаввури 45,2 фоизи шаҳрвандон маҳалла – ин неъматест, ки бояд ба авлод расонда шавад, маҳаллаи замонавӣ бояд оилаҳо, бонувон, ҷавонон, слохӯрдагонро пуштбонӣ кунад, ба аҳолӣ, хусусан ба камтаъминҳо, қишрҳои заифи иҷтимоӣ мадади моддӣ расонад.
Назар ба фикри 32 фоиз иштирокдорони пурсиш, маҳаллаи замонавӣ самараноктарин мақомоти худидораи ҳамкории байни халқ ва давлатро баамалбароранда мебошад. Ба фикри респондентҳо, маҳалла бояд ба майдончаи муаммоҳои долузарби аҳолӣ ва роҳи ҳалли онҳоро ҷустуҷӯкунанда табдил ёбад, дар ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ кумак расонад, дараҷаи иштироки онҳоро дар қабул кардани қарорҳо баланд бардорад, ҳамчунин мулоқоти пурраро байни ҳукумат ва ҷамъият таъмин намояд.
Дар давоми пурсиши телефонӣ 37,4 фоизи шаҳрвандон гуфтанд маҳаллаи замонавӣ – ин иттиҳодияи деҳа, шаҳрча, авул, микроноҳия, аҳолии ҳудуди муайяни канораи шаҳр буда, функсияи асосии он бояд дар ҳалли долузарбтарин муаммоҳо, аз ҷумла, таъмини тартиби ҷамъиятӣ ва ободонии ҳудудҳо, ҳалли масъалаҳои объектҳои иҷтимоӣ, хусусан, майдончаҳои бачаҳо, барпои истироҳатгоҳҳо барои ҷавонон ва вакилони авлоди калонсол, кумак расондан ба шаҳрвандон муайян гардад. Аз иштирокдорон пурсида шуд, ки: «Ба фикри шумо, маҳалла ба ҷамъият суд меорад ё не, дар ҳалли муаммоҳои долузарб ба шаҳрвандон кумак мерасонад ё не?» 80,9 фоиз, яъне аксарияти респондентҳо – «Маҳалла ба шаҳрвандон кумак мерасонад, аз манфиатҳои аҳолӣ, анъанаҳои таърихию маҳаллии он баромада омада, ба ҷамъият ва давлат фоидаи калон мерасонад», ҷиҳати офаридани шароит барои ҳаёти хуб ба роҳ мондани аҳолӣ дар ҳудуд, ҳалли муаммоҳои ҳамарӯзаи аҳолӣ кумак мекунад, гӯён меҳисобанд.
Натиҷаҳои гирифташуда имрӯзҳо ба қисми ҷудонопазири ҳаёти одамон табдил ёфтани маҳалла, аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон, ки дар мамлакатамон фаъолият мебаранд, оиди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, ҳифзи иҷтимоию манзилноки аҳолӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳо боис шудани маҳалларо тасдиқ менамоянд: 38,3 фоизи респондентҳо ба дараҷа ва самаранокии мақомоти худидора дар ҳалли муаммоҳои долузарби аҳолӣ баҳои мусбат медиҳанд, 36,3 фоизи пурсидашудагон доири чӣ тавр баҳо гузоштан ба фаъолияти маҳаллаҳо «мехоҳам баҳои мусбат диҳам», гӯён ҷавоб доданд.
Дар фикри ҷамоатчигӣ баҳои мусбии ба фаъолияти мақомоти худидора додашуда устуворӣ касб менамояд, айни замон дар давоми пурсиши телефонӣ ба фаъолияти маҳалла баҳои манфӣ додани респондентҳо аниқ гашт, 9,6 фоиз пурсидашудагон «баҳои манфӣ додан мехостам», гӯён ҷавоб доданд.
Солҳои охир миқдори ташаббусҳои шаҳрвандонро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалбкунанда зиёд мешавад, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва қабул кардани қарорҳо барои қишрҳои васеи аҳолӣ шарт ва шароитҳои зарурӣ офарида мешаванд.
Аз нисф бештари иштирокдорони тадқиқот дар вақти ҳозира дар фаъолияти маҳаллаи худ шахсан иштирок карданашонро изҳор карданд.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки «хоҳиши ба одамҳо, ба ҷамъият ёрӣ додан, дастгирӣ сохтан, дар ҳалли муаммову масъалаҳои онҳо кумаки самимӣ ва беғараз расондан доштан» дар намоён сохтани фаъолнокии шаҳрвандии аҳолӣ ва иштирок дар ҳаёти маҳалла сабаби асосӣ мегардад. 60,4 фоизи респондентҳо ҳамин тавр ҳисоб мекунанд. Ҳамчунин, шаҳрвандон дар ҷавобҳои худ қайд карданд, ки яке аз сабабҳои дар кору ҳаёти маҳалла иштирок карданашон – ин, умуман, хоҳиши ба ҷамъият, ба инсонҳои муайяне, ки ба кумак муҳтоҷанд, фоида расондан мебошад.
Пурсиши телефонӣ ҳаминро нишон дод, ки дар нисф бештари (54,4 фоиз) шаҳрвандоне, ки дар мақомоти худидораи маҳаллӣ ва ҳаёти маҳалла фаъолона иштирок намекунанд, хоҳиши иштирок мавҷуд, онҳо омодаанд дар ҳалли масъалаҳои долузарби худидораи маҳаллӣ ширкат ҷӯянд, ба корҳои кумитаи маҳалла кумак расонанд, ба мақомоти худидораи маҳаллӣ бо таклифу шикоятҳо муроҷиат намоянд, дар ҷамъомадҳо иштирок кунанд, дар ободонии ҳудудҳо, пурмазмун гузарондани вақти холии аҳолӣ ва ташкили навъҳои дигари фаъолияти он ҳисса гузоранд.
Назар ба натиҷаҳои пурсуҷӯи телефонӣ, дар фикри ҷамоат қиёфаи мусбати ходимони мақомоти худидора, оқсақолон ва фаъолони маҳалла ташаккул ёфтааст: назар ба фикри 60,9 фоиз респондентҳо, онҳо одамҳоеанд аз кумак расондан ба одамҳо манфиатдор, шахсонеанд самимӣ, беғараз, боинсоф, ки ба манфиати ҷамъият ва давлат кор мекунанд.
Соли 2022 дар Ӯзбекистон «Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол» эълон шудааст. Дар фикри ҷамоат бинобар боз ҳам ривоҷ додани ҷамъияти шаҳрвандӣ, амалӣ сохтани сиёсати иҷтимоии адолатнок, кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳои камтаъмин, ҳалли муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ тавассути васеъ сохтани имконият ва ваколатҳои маҳалла доираи баланди дастгирисозӣ ва маъқулшумории чораҳое, ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатӣ барои соли 2022-юм ба амал бароварда мешаванд, устуворӣ касб менамояд.
40,8 фоизи иштирокдорони пурсиш ба саволи «Шумо дар фаъолияти маҳаллаи худ чӣ хел дигаргуниҳо мехостед?» ҷавоб додаанд, ки дар навбати аввал модернизатсияи инфрасохтори маҳалла, такмили нақшаҳои меъмории маҳаллаҳо ва беҳсозии қиёфаи онҳо, барпои хонаву ҷойи арзон ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ, офаридани муҳити қулай ва бехавф барои тамоми аҳолӣ хеле зарур.
Ба фикри шаҳрвандон, тавассути баланд бардоштани дараҷаи даромад ва шуғли аҳолӣ, фаъолноксозии ҳаракатҳо оиди таъмини аҳолӣ, хусусан, ҷавонону бонувон бо шуғл, ба кор андохтани корхонаҳои нав, объектҳои хидматрасонию савдо, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим мебошад.
Такмил додани сифати хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой барои иштирокдорони пурсиш долузарб ҳисоб меёбад. Ба фикри онҳо, аҳолии ҳар як маҳалла бояд аз имконияти истифода аз энергияи барқ, оби нӯшокӣ, сохтори гармӣ муттасил баҳра бурда тавонад.
Дар доираи пурсиш масъалаи огоҳии шаҳрвандон аз интихоботи ҷамоаи шаҳрвандон гузошта шуд. Аксарияти респондентҳои пурсиш (63,5 фоиз) оиди интихоботи раиси (оқсақол) ҷамоати шаҳрвандон дар соли 2022 хабардор будани худро баён карданд.
Пурсиши телефонӣ имкон дод хоҳиши шахсан иштирок кардани шаҳрвандон дар интихоботи раиси (оқсақол) ҷамоати шаҳрвандон аниқ карда шавад. Ба респондентҳо савол дода шуд: «Шумо иштирок ба интихоботи раиси (оқсақол) ҷамоати шаҳрвандонро ба нақша гирифтаед?» Ба ин пурсиш 87,8 фоизи шаҳрвандон ҷавоби мусбӣ доданд.
Умуман гирем, тавре натиҷаҳои тадқиқот тасдиқ менамояд, фикри асосии ҷамоат  дар он аст «маҳалла институти ноёби ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳисоб меёбад, он дар масъалаҳои таъмини асосҳои ҳаёт дар манзилҳои зисти шаҳрвандон, дастгирии манзилноки иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати оилавӣ, ба вуҷуд овардани муҳити эҳтироми байниякдигарӣ, дӯстиву ҳамҷиҳатӣ қарорҳои дахлдор қабул менамояд, айни замон вазифаҳои худро бобати тарбияи авлоди ҷавон, мустаҳкамсозии оила, баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷамъият, ба амал баровардани назорат аз болои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ самаранок ба иҷро мерасонад».
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки вазифаҳои дар Барномаи давлатии «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» муайяншуда ба сифати механизми самараноки рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ ба боз ҳам такмил ёфтани фаъолияти маҳаллаҳо кумак мерасонад. Васеъсозии вазифаҳои маҳаллаҳо, таъмини ҳамкории наздики он бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат дастгирӣ меёбад, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани тафаккури шаҳрвандии аҳолӣ, дар интихоботи мақомоти худидораи шаҳрвандон, ки моҳи майи соли 2022 баргузор шуда истодааст, ба вусъати фаъолнокии электоралии аҳолӣ ва рушди ташаббускории он кумак мерасонад.

Маркази омӯзиши фикри ҷамоатии ҷумҳуриявии «Ижтимоий фикр».
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: