МАҲАЛЛА – МАКТАБИ ДЕМОКРАТИЯ

Ҷамоатҳои шаҳрвандон қодиранд муҳимтарин масъалаҳои маҳалларо ҳаллу фасл намоянд.

Ҳоло ду сол аст, ки ба маҳалла эътибор зиёд шуда, давлат низ ба ин мақомот такя мекунад. Аз рӯйи қонунгузорӣ низ мавқеи маҳалла мустаҳкам мегардад. Ваколатҳое, ки маҳалла молик аст, водор месозанд раисони онҳо масъулиятро амиқтар ҳис кунанд.
Моҳи  майи соли ҷорӣ дар интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон, интихобкунандагон бо боварии калон раисони нави муносибро интихоб карданд.
Дар вилояти Намангон аз 775 нафар раисон 450 нафарашон бори аввал ба раисӣ интихоб шуданд, ки ин қариб 60 фоизро ташкил менамояд. Ин водор месозад, ки раисони нав малакаашонро баланд бардошта, таҷриба омӯзанд. Ба ҳамин муносибат бо ташаббуси Шӯрои маҳаллаҳои ҷумҳурӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон курсҳои таълимӣ оиди баланд бардоштани малакаи мақомоти худидораи шаҳрвандон ташкил карда шуд. Оре, раисони маҳаллаҳо баробари ташаббускору дурандеш будан, аз рӯйи ҳама соҳаҳо бояд соҳиби дониши баланд бошанд.
Чунин курсҳои таълимӣ дар чор минтақаи вилояти Намангон ба роҳ монда шудааст. Машғулиятҳо аз тарафи омӯзгороне, ки дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил гирифтаанд ва роҳбарони ташкилотҳои гуногуни давлатӣ, мутахассисони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда мешаванд. 
— Ҳар машғулият шавқовар ва ҷолиби диққат мегузарад, ки ин ба иштирокчиён писанд меояд, – гуфт омӯзгори Донишгоҳи давлатии Намангон Озода Чубоева.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: