МАҲАЛЛА – НИҲОДИ МУҲИМИ ҶОМЕА

Дар кишвари мо ниҳоди маҳалла ба сифати як қисми муҳими ҷомеа муаррифӣ шудааст ва он дар мустаҳкам намудани оила ва аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Дар кишвари мо ниҳоди маҳалла ба сифати як қисми муҳими ҷомеа муаррифӣ шудааст ва он дар мустаҳкам намудани оила ва аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Дар конфронси байналмилалӣ, ки бо ибтикори Сенати Олий Маҷлис, Вазорати пуштибони маҳалла ва оила, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Маҳалла ва оила” ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, шуғл ва муносибатҳои меҳнат, Академияи сохтори давлатӣ, Маркази “Рушди стратегӣ” ва Ҷунбиши умумимиллии “Юксалиш” роҳандозӣ гардид, маҳз ҳамин масъала дар меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор гирифт.
Дар конфронс намояндагони созмонҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи рушд ва хазинаи аҳолишиносии СММ, ЮНИСЕФ, САҲА, Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Агентии ҳамкории байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ, ҳамчунин вакилони корпусҳои дипломатии Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, ходимони муассисаҳои таълими олӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва хабарнигорони воситаҳои ахбор низ ширкат карданд.
Гуфта шуд, мазмун ва моҳияти ислоҳоте, ки ниҳоди пуштибонии маҳалла ва оила аз рӯи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти мамлакат ба Олий Маҷлис муқаррар шудаанд, татбиқ менамояд, бояд ба ҷомеаи байналмилалӣ ироа гардад.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, вазири дастгирии маҳалла ва оила Раҳмат Маматов, вакили доимии Барномаи рушди СММ Матилда Димовска, ҳамоҳангсози барномаҳои САҲА Ҷон МакГрегор ва дигарон аз баргузории ин конфронс ибрози қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки маҳалла дар минтақаи мо аз замони қадим ба сифати гаҳвораи накӯӣ, ошёни тарбияву тарзи зиндагии солим, тарғибкунандаи суннатҳои миллӣ ва урфу одатҳо мебошад. Дар маҳалла одамон аҳлона ба сар мебаранд ва нисбати ҳамдигар меҳру муҳаббат, муруввату саховатмандӣ зоҳир мекунанд. 
 Ба гуфтаи нотиқон чораҳои зиёд пиёда мегарданд, то ки мавқеи иҷтимоии маҳалла дар ҷомеа ба сифати сохтори фаъол ташаккул ва ривоҷу равнақ ёбад. Ин ниҳоди худидоракунӣ буда, ваколатҳояш беш аз пеш афзоиш меёбад. 
– Давраи Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистон маҳз аз натиҷаи сайқалёбии ниҳоди маҳалла маншаъ мегирад. Дар ҳоли дар давраи пандемия ба назар расидани аз ҳам дуршавиҳо ва авҷ гирифтани бегонашавиҳо, дар миёни сокинони маҳалла акси ин ҳол ба мушоҳида расид. Онҳо аз ҳоли ҳамдигар хабар гирифта, кӯмакашонро нисбати ҳамдигар дареғ надоштанд. Ин аз қадриятҳои хеле олии мардуми мо маҳсуб меёбад, – гуфт Раҳмат Маматов.
Маълум шуд, ки дар чаҳор соли охир оиди ин соҳа 49 ҳуҷҷат, аз ҷумла панҷто қонун, паҷто фармони сарвари мамлакат ва 40 қарори  ҳукумат содир ва қабул шудааст ва ба 40 ҳуҷҷат тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Хоссатан, бар асоси фармони Президент “Дар бораи чораҳои солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷомеа, тавсеа бахшидани корҳои пуштибонӣ аз ниҳоди маҳалла, инчунин ба дараҷаи баланд бардоштани сохтори кор бо оила ва занону духтарон” аз 18 феврали соли 2020 мавқеи ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ба марҳилаи нав бардошта шуд.
Директори Институти илмӣ-тадқиқотии “Маҳалла ва оила”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нодира Эгамбердиева таъкид намуд, ки ҳадафи асосӣ барои ниҳоди маҳалла таъмини оромиву осудагӣ ва суботи мардум, устувории қонун, татбиқи ғояҳои миллӣ, ҳамчунин мустаҳкам намудани нақши ҷамоатҳои шаҳрвандон ҷиҳати кор бо занону духтарон мебошад. Дар Муроҷиатномаи Президенти мамлакат ба Олий Маҷлис омадааст, ки маҳалла оинаи ҷомеа ва қадриятҳои мост. Он дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши муҳим мебозад. Ба таъбири сарвари давлат маҳалла аз қадим мактаби бузурги ҳаёт, эҳтироми якдигар, меҳру уқубат, таҳаммулпазирӣ, маскани қадриятҳои накӯ ва урфу одат, гаҳвораи тарбия маҳсуб ёфта, дар дунё назирашро надорад ва шакли ба худ хоси демократӣ мебошад.  
Ҷонишини вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Баҳодур Умрзоқов зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронсро ҷалб намуд, ки дар чунин сатҳи байналмилалӣ перомуни маҳалла ягон бор анҷумани васеъмиқёс баргузор нашудааст. Ин шаҳодат медиҳад, ки алтернативаи ниҳоди маҳалла мавҷуд нест. Дар маҳалла фаъолон барои ҳаллу фасли масъалаҳо маслиҳату машварат мекунанд. Маҳз ана ҳамин машварат қадаме ба сӯи демократия мебошад. Аммо бо таассуф қайд мекунам, ки қаблан як миллион ҷои нави кор фароҳам оварда шуд, ин қадар ба бозомӯзӣ ҷалб гардиданд ва ҳоказо гуфта, ҳам худро ва ҳам дигаронро фиреб медодем. Президент тақозо намуд, ки мо роҳи дурустро интихоб кунему пеш равем.
Вай афзуд, ки дар давраи пандемия мо бештар ба худ омадем ва кӯмакҳои иҷтимоиро бештару беҳтар ҷорӣ намудем. Одамони зиёд аз вартаи ноумедӣ наҷот ёфтанд. 
– Яке аз рукнҳои асосии кори моро коҳиши камбизоатӣ бояд ташкил диҳад. Инро Президенти мамлакат ҳамчун вазифаи устувор дар назди мо гузоштааст. Нақши маҳалла дар ин самт метавонад хеле бузург бошад. Мо зимни ба таҳсили касбӣ ҷалб намудани ҷавонон бояд муайян кунем, ки кадом соҳаҳо бештар ба кадрҳо ниёз доранд. Зикр бояд кард, ки қаблан ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баҳои манфӣ дода мешуд. Аммо акнун мо ба ин аз равзанаи дигар назар мекардагӣ шудем. Ин қишри ҷомеаи мо низ бояд таҳти ҳимояти иҷтимоӣ қарор гирад, – изҳор кард Баҳодур Умрзоқов.
Директори иҷроияи Маркази “Стратегияи рушд” Элдор Туляков таъкид намуд, ки ҳолати бозори меҳнатӣ имрӯз ба 4 дарсад коҳиш ёфтааст. Одамони зиёд ба таври ғайрирасмӣ ба меҳнат ҷалб карда шудаанд. 
– Таҳти ҳимояи иҷтимоӣ қарор додани онҳо кори саҳлу сода нест. Бо вуҷуди ин, онҳо бояд аз ҳимояи иҷтимоӣ бархурдор бошанд. Гузашта аз ин, дар бозорҳо нарху наво мӯътадил гардид. Дар баъзе бозорҳо барои мардум бо нархи нисбатан арзон маҳсулот мефурӯшанд, ки як рукни ҳимояи иҷтимоиро ташкил мекунад. Аммо 65 дарсади хоҷагии хонаводагӣ соҳиби захираҳои молиявӣ намебошанд, – гуфт Элдор Туляков.
– Маълум шуд, ки зимни расонидани кӯмакҳо аз риояи шаффофият парҳез мекунанд ва ба коррупсия роҳ медиҳанд. Агар дар ин раванд намояндагони ниҳодҳои дигар низ ҷалб карда шаванд, пеши роҳи коррупсия гирифта хоҳад шуд, – изҳор кард ноиби раиси Ҷунбиши умумимиллии “Юксалиш” Шерзод Сафаров.
Вай афзуд, ки Президент аз баъзе маҳаллаҳо боздид намуд ва як қатор камбудиҳоро мушоҳида кард. Дарвоқеъ, Президент аз маҳаллаи Бунёдкори шаҳри Намангон боздид намуд ва гувоҳи он шуд, ки номи маҳалла бо воқеъияти ҳол тавъам нест. Дар ин маҳалла набудани оби ошомиданӣ, гази табиӣ, бад будани роҳҳои дохилӣ, сурат нагирифтани ободонии атроф ва амсоли он сарвари мамлакатро хеле дилтанг намуд. Бинои идораи маҳалла низ хароб буд. Президент бо раиси маҳалла ва мушовири ӯ суҳбат кард  ва гуфт, ки давлат ба маҳалла эътибори хоса ва ваколатҳои калон медиҳад, аммо онҳо дар қиболи чунин ғамхориҳо вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд.
Дар конфронс намояндагони созмонҳои байналхалқӣ аз он ибрози қаноатмандӣ карданд, ки дар Ӯзбекистон маҳалла ҳамчун ниҳоди беназир фаъолият мекунад, ки сокинони ҳамон минтақаро муттаҳид намудааст. Онҳо дар барпо намудани ҳашар, корҳои ободонӣ, баргузор намудани расму ойинҳои миллӣ ва анъанаҳои дигар хеле фаъолнокӣ нишон медиҳанд. 
Ҳамчунин як қатор маърӯзачиён аз он ёдовар шуданд, ки ниҳоди маҳалла дар як қатор мамолики дигар низ мавҷуд аст, вале кору фаъолияти он шояд ба он дараҷа ба роҳ андохта нашудааст, ки имрӯз мислашро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушоҳида мекунанд. 
Ногуфта намонад, ки дар мамлакатамон дар чаҳорчӯби “Ҳафтаи мустаҳкам намудани қадриятҳои миллӣ дар маҳаллаҳо” чорабиниҳои доманфарох низ баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо мувофиқи тамоюли “Аз давлати муқтадир – ба ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ” сурат гирифтанд. Дар ҳамаи ин чорабиниҳо намояндагони созмонҳои байналмилаӣ ширкат намуданд ва бо навгониҳое ошно шуданд, ки дар ин самт сурат гирифтаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: