МАҲАЛЛА ОБОД – КИШВАР ОБОД

Алҳол ҳамаи мо зери таъсири табрикоти илҳомбахши сарвари давлат ба муносибати фарорасии Соли нав ва «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» эълон шудани сол зиндагӣ мекунем.

Алҳол ҳамаи мо зери таъсири табрикоти илҳомбахши сарвари давлат ба муносибати фарорасии Соли нав ва «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» эълон шудани сол зиндагӣ мекунем. Воқеан, бо дастгирию ташаббусҳои Президент маҳалла ҳамчун ҳалқаи асосии ҷомеа пазируфта шуда, бобати баланд бардоштани нақши он корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд.
Ҷамоати шаҳрвандони мо, ки номи Мирзо Улуғбекро дорад, дар 2-3 километр қисмати шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, қариб 3 ҳазор нафар аҳолӣ дар 445 хонадон умр ба сар мебаранд. Ба оилаҳое, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари бонувон», «дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, кумаки моддӣ ва маънавӣ расонида мешавад.
Камина ҷонишини раиси ҷамоат оид ба масъалаҳои  оила ва бонувон ҳастам.
Пӯшида нест, ки зиндагӣ фарозу нишебиҳои зиёд дорад. Мешавад, ки хушдоманҳо ва арӯсон  аз нафаҳмидани феълу атвори якдигар муноқиша мекунанд, ки ҳатто баъзан боиси вайрон шудани оила мегардад. Барои ба мурасо овардани онҳо на танҳо асабҳои мо, инчунин асаби нозирони ҳуқуқу тартибот, мӯйсафедон, фаъолон низ хароб мешавад.
Умедворам, ки дар соли нав корҳои тарбиявӣ боз ҳам авҷ гирифта, комёбиҳои мо дар ин самт бештар мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар пешрафти  фаъолияти мақомоти маҳалла хидмати шахсони рӯзгордида Насриддин Саъдуллоев, Комил Сулаймонов, Ҳоҷӣ Ҷӯрақул Эргашев, Илҳом Сафаров, Ҷумъагул Узоқова ва дигарон хеле калон аст.
Боз як комёбиҳои назаррас он аст, ки дар асоси қарори Президенти мамлакат мо барои ҷалби шаҳрвандони бекор ба соҳибкорӣ, афзудани фаъолнокии меҳнатӣ, касбу ҳунаромӯзонӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин кардани онҳо низ корҳои ибратбахшро идома медиҳем, алалхусус ҷавононро бо корҳои фоиданок машғул менамоем. Зеро тавре ки мегӯянд: «Аз бекор – ҳама безор» аст.
Хулоса, бовар дорам, ки имсол мақомоти шаҳрвандӣ соҳиби нуфузу эътибори боз ҳам бештару баландтар мешавад. Охир беҳуда: «Маҳалла обод – кишвар обод» нагуфтаанд.

Шоиста НАҶМИДДИНОВА,
ҷонишин оид ба корҳои оила ва бонувони раиси маҳаллаи ба номи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Самарқан
д.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: