МАҲАЛЛА ЗАМИНАИ ИСЛОҲОТ, ЛОКОМОТИВИ РОҲИ ТАРАҚҚИЁТ МЕГАРДАД

Президент Шавкат Мирзиёев 23 ноябр бо корҳои созандагие, ки дар маҳаллаҳои ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ба амал меояд, шинос гардид ва бо мардум суҳбат орост.

Президент Шавкат Мирзиёев 23 ноябр бо корҳои созандагие, ки дар маҳаллаҳои ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ба амал меояд, шинос гардид ва бо мардум суҳбат орост.
Шавкат Мирзиёев аввал аз маҳаллаи ноҳиявии Сархумдон боздид намуд.
Ҳалли мушкилот дар маҳалҳо тавассути фаъолияти вазорату идораҳо дар сатҳи поёнӣ, татбиқи тамоми барномаҳо дар қисмати маҳаллаҳо – имрӯз талаботи асосии сарвари давлатамон мебошад.
Дар маҳаллаи Сархумдон низ кор мувофиқи ин талабот ташкил карда шудааст. Роҳҳои дохилӣ ва майдончаҳои бачагона обод гардонда шуданд. Ба қарибӣ дар ин ҷо гузари нави маҳалла сохта шуд. Мағозаҳо ва бунгоҳҳои хидматрасонии маишӣ, майдончаҳои бачагона ва ҳарбию ватандӯстӣ кушода шуданд.
Дар маҳалла зиёда аз 6,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, 45 бинои бисёрошёна дар солҳои 70-ум сохта шуда буд ва дар тӯли вақти гузашта дар он таъмири калон гузаронда нашудааст. Солҳои охир бом ва фасадҳои ин хонаҳо таъмир карда шуданд.
Дар ҳудуд муассисаи таълими томактабии дорои 360 кат ва мактаби хусусӣ барои 600 ҷой мавҷуд аст. Дар зиёда аз 10 корхонаи хурд ҷавонон ва занони маҳаллӣ кор мекунанд.
Президент бо шароити маҳалла шинос шуд. Ҳангоми азназаргузаронии майдончаи ҳарбию ватанпарварӣ оид ба ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва варзишгарон ба ин ҷо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ифтихори миллӣ ва мардонагӣ тавсияҳо дода шуд.
Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар маҳалла дарахт шинонда, боғи хурд ташкил карда шуд. Шавкат Мирзиёев якҷоя бо оқсақолони маҳалла дар боғ дарахт шинонд. Намояндагони насли калонсол бо орзуҳои сулҳу субот дар кишварамон дуо карданд.
Сарвари давлатамон ғайричашмдошт қарор намуд, ки аз маҳаллаи Гулобод дидан кунад. Вай дар роҳ бо сокинон суҳбат карда, бо шароити маҳалла шинос шуд.
Анвархӯҷаотаи 93-сола Президентамонро дуо кард. Оқсақол дигаргуниҳои маҳалларо қайд карда, хоҳиш намуд, ки барои пиронсолон чойхона сохта шавад. Шавкат Мирзиёев ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, ба пири муҳтарам саломатӣ таманно намуд.
Дар маҳаллаи Гулобод мактаби варзишии бачагонаву наврасон ва мактаби таълими ҳамагонии №45-и ноҳияи Шайхонтаҳур фаъолият нишон медиҳад. Президент низ аз ин мактабҳо дидан карда, бо омӯзгорон суҳбат орост.
– Чи тавре ки мебинед, мо кӯшиш дорем барои таълиму тарбия ва муаллимон шароит фароҳам оварем. Ман ба ин ҷо ташриф оварда, бароям хулосаҳои бисёр баровардам. Бинои ин мактабро низ таъмир мекунем. Барои дарс ва варзиш шароити хуб фароҳам оварда мешавад. Ин рӯз барои шумо таърихӣ хоҳад гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент бо таъомномаи ошхонаи мактаби таълими умумии №41 шинос шуд. Барои дар ошхонаҳои мактабҳо таомҳои хушсифат, серғизо ва мутавозин омода намудан ба масъулин оид ба тайёр кардани лоиҳаи бодиққат тарҳрезишудаи ташкили хидмати кайтеринг дар асоси аутсорсинг супориш дода шуд.
Зарурати кабудизор кардани саҳни мактаб, шинонидани дарахтон ва аз ҳама мухимаш дар мактаббачагон аз хурдсолӣ ташаккул додани маҳорати чунин корҳо кайд карда шуд.
Сарвари давлат бо сокинони маҳалла суҳбат кард.
Сарвари давлат аз поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Шайхонтаҳур дидан кард.
Муассисаи тиббӣ соли 1994 сохта, соли 2017 таъмир карда шудааст. Шуъбаҳои терапия, неврология, кардиология, ревмотология, аллергология, педиатрия ва ҷарроҳӣ фаъолият доранд, муассиса бо таҷҳизоти ташхискунӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Поликлиникаи марказӣ ва 9 поликлиникаи оилавии таркиби он ба 346 ҳазор нафар сокинони 51 маҳаллаи ноҳия хидмат мерасонад.
Президент дастур дод, ки дар заминаи ин поликлиникаҳо кластери тиббӣ созмон дода шавад.
– Тибби хусусӣ ривоҷ меёбад, талаботи замон низ чунин аст. Қисми муайяни аҳолӣ ба клиникаҳои хусусӣ муроҷиат мекунад. Аммо давлат бояд тамоми аҳолиро бо доруҳои хушсифат таъмин намояд. Аз ин рӯ бояд ин ҷоро ба кластер табдил дода, муолиҷаи мақсаднокро ба роҳ монда, самарабахшӣ ва фарогириро баланд бардошт. Мардум бояд адолатро дар тибб эҳсос кунанд, – гуфт сарвари давлат.
Ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода шуд.
Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз маҳаллаи Олим Хӯҷаеви ноҳияи Шайхонтаҳур дидан кард. Дар назар дошта шудааст, ки хонаҳои дуошёнае, ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шудаанд, таъмир карда шаванд. 
Ба сарвари давлат дар бораи лоиҳаи азнавсозӣ маълумот дода шуд. Дар ин ҷо Президент бо намояндагони насли калонсол ва сокинони маҳалла суҳбат кард.
Президент инчунин бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Реал текс Тошканд»-и ноҳия шинос гардид.
Корхонае, ки қимати лоиҳавиаш 50 миллион доллар мебошад, моҳи майи соли ҷорӣ ба кор андохта шуд. Таҷҳизоти замонавӣ насб гардида, истеҳсоли калоба, матоъ ва газвори омода, рангубордиҳӣ ва нақшбандӣ ба роҳ андохта шудааст. Дар давраи кӯтоҳи гузашта ба миқдори 390 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, ба миқдори 19 миллион доллар амвол содир гардид.
Корхона соле иқтидори тавлиди 22 ҳазор тонна калоба ва қариб 6 миллион погонометр матоъро дорад. Дар ин ҷо 1800 нафар меҳнат мекунанд.
Роҳбари давлат маҳсулоти корхонаро аз назар гузаронда, ба шахсони масъул дар бобати азхуд намудани марҳилаҳои баъдии азнавкоркард, васеъ намудани номгӯй ва ҷуғрофияи содироти маҳсулот супоришҳо дод.
Дар ин ҷо ҷамъомад бо иштироки ҳокимон, роҳбарони секторҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои пойтахт ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҷамъомад хусусан ба ташкил намудани фаъолияти ёварони ҳокимони ноҳияҳо ва ёварони ҳокими шаҳри Тошканд — пешвои ҷавонон дар маҳаллаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.
— Чунин таҷриба дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Барои иҷрои ин вазифа пеш аз ҳама бояд шуҷоатнок буд, халқи худро дӯст бояд дошт. Онҳое, ки дар ин ду вазифа кор хоҳанд кард, пойгоҳи ислоҳот дар маҳалла мегарданд. Онҳо сиёсати давлатро дар бобати инкишофи соҳибкорӣ, коҳиши бекорӣ ва дастгирии ҷавонон татбиқ хоҳанд кард. Ин масъулияти бузург ва шарафи калон аст, — гуфт Президент.
Ёварони навтаъини ҳокимон ва пешвоёни ҷавонони ноҳияи Шайхонтаҳур дар бобати масъалаҳои маҳаллаҳо нақл карданд ва дар бобати ҳалли онҳо фикрашонро иброз намуданд. Роҳбари давлат пешниҳодоти онҳоро дастгирӣ намуд ва ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

Авазбек ХУДОЙҚУЛОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: