МАҲАЛЛАИ ФАРҒОНАЧИҲОИ ҚУНДУЗ

Рӯзе иттифоқ афтод, ки дар бозори деҳқонии Юнусободи шаҳри Тошканд бо як шаҳрванди Афғонистон дидору гуфтугӯ кунам.

Рӯзе иттифоқ афтод, ки дар бозори деҳқонии Юнусободи шаҳри Тошканд бо як шаҳрванди Афғонистон дидору гуфтугӯ кунам. Вай Ғулом Сахӣ ном доштааст ва аз роҳи тронзит ба шаҳри Тошканд омадаву муваққат меҳмони шаҳр будааст. Мехост, ки тавассути шаҳри Тирмиз ба кишвари худ баргардад. Ба гуфтааш зодаву парвардаи шаҳри Қундуз мебошад, ки аз саёҳати Аврупо бармегардад. 
Борҳо дар шаҳри Қундуз меҳмон шудаам. Солҳои кор дар Афғонистон нафареро ба номи Ғулом Сахӣ мешинохтам, ки дар меҳмонхонаи “Спинзар”-и шаҳри Қундуз маъмур буд. Ба Ғулом Сахӣ ин матлабро баён кардам ва афзудам, ки зодаи вилояти Фарғонаам. Вай ин ҳарфҳоямро шунида, бештар мутаваҷҷеҳ шуд.
– Пас, шак надорам, ки шумо “Маҳаллаи фарғоначиҳо”-и шаҳри моро медонед. Сокинони онро мардуме ташкил медиҳанд, ки баъди пирӯзии инқилоби октябри соли 1917 аз минтақаҳои мухталифи водии Фарғона ба Афғонистон фирор кардаанд ва он ҷоро ватани худ хондаанд,– гуфт ӯ.
Вай ба соати дасташ нигарист ва маъзарат хост, ки бояд ба майдони ҳавоӣ биравад. Маълум шуд, ки ӯ аз тариқи Ҳайратон вориди Афғонистон мешавад. Аммо хотираҳои беш аз сисола дубора маро ба ин шаҳре бурданд, ки борҳо нону намакашро хӯрдаам.
Дарвоқеъ, яке аз хонаводаҳое, ки соли 1922  ба Афғонистон гуреза шудааст ва аъзои он солҳои зиёд маҳз дар ҳамин маҳаллаи шаҳри Қундуз зистаанд, аз зодгоҳи банда– деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона мебошанд. Ин хонаводаи Акбарӣ аст. 
Аҳмадалӣ Акбарӣ дар 12-солагӣ бо падару модар ва хешовандони дигари худ ба шаҳри Қундуз рафтааст. Ҳарчанд хонаводааш сарватманд набудааст, сиёсати ҳамон замон онҳоро зери таъқиб қарор додааст.
Як воқеаро ин ҷо ёдовар мешавам, ки марбути ҳамин хонавода мебошад. 
Дар синфи даҳ мехондам. Рӯзе миёни мардуми деҳа овоза паҳн шуд, ки аз Афғонистон меҳмонҳо меоянд. Онҳо хешу табори хонаводаи бобои Абдуфаттоҳ ва момои Ҳидоятхон ҳастанд.   
Рости гап, дар он солҳо аз наздик дидани чунин меҳмонҳо барои мо завқи беандоза дошт. Бо эҳсоси баланду ҳаяҷони зӯр мо манзараи истиқболгирии меҳмонҳоро тамошо мекардем. Одамони зиёд гирдиҳам омада буданд ва назди ин ҳавлӣ ҷойи сӯзанзанӣ набуд. 
Ин лаҳза мошине омада истод ва аз он аввал марди қоматбаланде фаромад. Вай дар тан либосҳои сап-сафед ва дар сараш кулоҳи зебое дошт, ки аз пӯсти қароқӯл тайёр мекардаанд. Вай бо ҳар як нафар, ки саф кашида  вайро истиқбол мегирифтанд, бо такаллуфи хос муносибат мекард. Ӯ гоҳ-гоҳ дасти росташро мисли низомиён ба чакааш бурда мерасонд, яъне “чест” медод. 
Аҳмадалӣ Акбарӣ каме бо лаҳни дигар суҳбат мекард. Ҳамроҳи вай завҷааш низ омада буд. Вай низ либоси сафед дар бар дошт ва бори аввал занро дар чунин либос медидем. Мизбонҳо меҳмонҳоро ба ҳавлӣ даъват карданд. Мо ба мактаб баргаштем. Боз чанд бор Аҳмадалӣ Акбарӣ ва ҳамсари ӯро дар кӯчаҳои деҳ медидем, ки ба хонаҳои хешовандон барои меҳмонӣ давъат шуда буданд.
Соли 1979 инқилоби саври Афғонистон рӯй дод. Хонаводаи Акбарӣ дастовардҳои инқилоби саврро пазируфта, аз Қундуз ба Кобул кӯчидаанд ва машғули кору зиндагии худ шудаанд. Маълум шуд, ки Акбарӣ вақти боздид аз шаҳрҳои мухталифи кишвари мо, хоссатан, деҳаи падару бобои худ эътимод ҳосил кардааст, ки инқилоби савр Афғонистонро аз вартаи камбағаливу нодорӣ ва қафомондагӣ наҷот мебахшад ва ҳаёти мардуми он фаровон мешавад.
Ногуфта намонад, ки фарзандони Аҳмадалӣ донишгоҳҳоро хатм кардаанд. Духтари ӯ – Инобат ҳамроҳи шавҳараш – Файзуллоҳи Аймоқ солҳои дароз дар садову симои Афғонистон ба ҳайси хабарнигор кор кардаанд. Дар ҷараёни сафари аввал ба Афғонистон дар шаҳри Кобул онҳоро пайдо карда будам ва гоҳ-гоҳ ба дидори ҳамдигар мерасидем. 
Баъд Файзуллоҳ докторанти Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон шуд. Зану шавҳар бо чаҳор  фарзанд ба Тошканд омаданд. Онҳо дар шабакаи “Дӯстӣ”-и  садову симои Ӯзбекистон барномаҳои бахши дарии радиоро таҳия,  таълиф ва пахш  мекарданд. Зану шавҳар то кӯч бастан ба Канада машғули ин кор буданд.
Вақте ки бори дувум ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафтам,  чанд муддат дар Қундуз меҳмон будам. Ҷойи кори мо объекти сохтмонии “Кӯкча”-и  вилояти Тахор тобеъ ба Вазорати кишоварзӣ ва обёрӣ буд. Азбаски ҳавопаймо аз Кобул мустақим ба шаҳри Толуқони вилояти Тахор парвоз намекард, мо бо ҳавопаймо то Қундуз мерасидем. Баъд аз он ҷо тавассути чархболҳои низомӣ ба вилояти Тахор мерафтем. Аммо баъзан ҳафтаҳо мунтазири чархболи низомӣ дар Қундуз мемондем.
Ҳаргиз фаромӯш намекунам, ки субҳи аввали сукунат дар Қундуз моро садои баланде аз хоб бедор  кард. Ин садо дар филмҳои даврони Ҷанги дувуми ҷаҳон ба гӯш мерасид ва маънои “тревога”-ро мефаҳмонд. Гумон кардем, ки муҷоҳидон ба шаҳри Қундуз ҳамла кардаанд ва саросема ба долони меҳмонхона баромадем. Намедонистем, ки  чӣ сарнавиште моро дар пеш аст. 
Ин лаҳза маъмури меҳмонхона табассумкунон омад ва гуфт, ки нигарон набошем. 
– Тавассути ин садо ҳар субҳ коргарони корхонаи пахтатозакунии “Спинзар”   ба кор даъват мешаванд. Ин корхонаи пахтатозакунист, ки дар наздикиҳои меҳмонхона воқеъ гаштааст,– гуфт маъмур.
Баъди чанд лаҳза гурӯҳ-гурӯҳ  коргаронро дидем, ки аз ҳар тараф ба сӯйи ин корхона меомаданд. Ин корхона будааст, ки дар васати солҳои бистуми қарни гузашта аз тарафи соҳибкори маъруфи Қундуз  Шерхони Ноширӣ таъсис ёфтааст ва муддати дароз ба ин сӯ ҳазорҳо сокинони ин шаҳр ва шаҳраку деҳоти атрофи онро ба кор таъмин мекардааст. Бо вуҷуди вазъи ногувор, ҷангу низоъ ва даргириҳои бисёрсола ин корхона ҳанӯз ба номи “Spinzar Cotton Company” фаъолияташро идома медодааст.
Муҳандис Довудхон намояндаи Вазорати обёрии Афғонистон  дар вилоятҳои шимоли ин кишвар буд. Вай масъулияти аз Қундуз ба вилояти Тахор интиқол додани мутахассисони шӯравиро низ бар дӯш дошт. Шароити он замон тақозо менамуд, ки мо тавассути чархболҳои низомӣ ба манзил расем. Аммо ин чархболҳо баъзан машғули амалиёти низомӣ мешуданд, барои ҳамин моро лозим меомад, ки боз чанд рӯз дар Қундуз бошем.
Ҳар рӯз ошпазҳои ресторани меҳмонхонаи “Спинзар” таомҳои лазиз мепухтанд. Ба онҳо Ғулом Сахӣ ном марде сарварӣ мекард. 
Рӯзе Ғулом Сахӣ ҳамроҳи мо нишаст ва хоҳиш кард, ки аз машруботи русӣ барои вай низ камтар диҳем. Гуфт, ки аслан одати шаробнӯшӣ надорад ва намедонад, ки шӯравиҳо ин оби тунду талхро чӣ тавр менӯшанд.  Вақте ки каме сархуш гардид, хушчақчақ шуд. Сонӣ ба таърифу тавсифи шӯравӣ шурӯъ намуд ва аз ҷой  хеста, дасти роҳбари гурӯҳи моро ба бӯсидан даромад. Аммо ин рафтори ӯ  қаҳру ғазаби Довудхонро овард. 
– Эй, беору беномус, афғониатро ҳифз кун! Бо ин корат ҳамаи моро шарманда сохтӣ. Дарҳол аз ин ҷо дафъ шав! – гуфт Довудхон бо шеваи тунд.
 Бо вуҷуди сархушӣ Ғулом Сахӣ ба вай чизе нагуфт, баръакс маъзарат хоста, канор рафт. Довудхон гуфт, ки Ғулом Сахӣ аз нӯшидани водкаи русӣ маст шудааст ва мо дастбӯсии вайро ҷиддӣ нагирем. 
– Мардуми мо одат надоранд, ки шаробнӯшӣ кунанд. Ҳастанд афроде, ки чилим мекашанд, тарёк мехӯранд ё кӯкнорӣ мебошанд, аммо дасти бегонаҳоро намебӯсанд, – изҳор кард хиҷолатомез Довудхон ва мехост бо ин ҳарфҳо вазъияти дармиёномадаро нарм созад.
Баъди пурсуҷӯ донистам, ки Ғулом Сахӣ аксари аъзои хонаводаашро аз даст додааст. Дилам ба ҳоли ӯ сӯхт. Аз Довудхон хоҳиш кардам, ки ба Ғулом Сахӣ гапи сахт нагӯяд.   
Баъди якуним ҳафта шаҳри Қундузро ба қасди вилояти Тахор тарк мекардем. Рафта бо Ғулом Сахӣ самимона хайрухуш кардам  Вале вай ба ҳамроҳонам наздик нашуд ва моро маҳзунона гусел кард. Тавассути ду чархболи низомӣ ба Тахор парвоз кардем. Аммо чанд рӯз симои маҳзуни Ғулом Сахӣ аз пеши назарам дур нарафт. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: