МАҲАЛЛАИ ОБОД – ФАРОВОНИИ КИШВАР

Бино ба фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 апрели соли 2022 таҳти шиори “Маҳаллаи обод – фаровонии кишвар” имрӯз ҳашари умумихалқии хайриявӣ гузаронда мешавад.

Тозаву озода ва саранҷом нигоҳ доштани хонаву ҷой, кӯчаву маҳалла яке аз арзишҳои қадимии халқамон ба шумор меравад. Бо саршавии баҳори оламафрӯз дар кишварамон корҳои ободонӣ, тоза кардани кӯчаву роҳрав, ҳавлиҳо, хиёбону боғҳо, дар атроф шинондани дарахту бутта ва гулу райҳон аллакай оғоз ёфтааст. Ташаббускори ин ғояи савобнок Фонди ҷамоатии хайрияи “Маҳалла”, бунёди дастгирии иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон “Нуронӣ”, вазоратҳои маҳалла ва дастгирии куҳансолон, хидмати коммуналии хонаву ҷой, Оҷонсии кор бо ҷавонон, мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеаи васеъ мебошанд. 
Дар рафти ҳашар маҳалла, масканҳои истиқоматӣ, гузар, хиёбон, зиёратгоҳҳо, майдончаи бачаҳо ба тартиб дароварда мешаванд. Кабудизоркунию ободонӣ боз ҳам васеъ мегардад. Дар чаҳорчӯби ҳашари хайриявӣ қисми эҳтиёҷманди аҳолӣ фаъолона дастгирӣ карда мешавад. 
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” дар маҳаллаву ҷойҳои истиқоматӣ, атрофи кӯчаҳо шинондани гулҳои рангоранг, дарахтони манзаравӣ ва меванок, сафед кардани танаи онҳо идома меёбад. Намудҳои дигари корҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳашари умумихалқӣ дахл надоранд, аз ҷумла бидуни ҷалби ҳатмӣ ба корҳои сохтмону таъмир ва кишоварзӣ ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани ҷойи кор ба роҳ монда мешавад.  
Мувофиқи фармоиш бо ҳамкории Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, Боғи ботаникаи ба номи академик Ф.Н. Русанов, Институти илмӣ-тадқиқотии боғдорӣ, ангурпарварӣ ва виносозии ба номи М. Мирзоев, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба ҳамаи ташкилотҳои хоҷагии вилоятҳо, ки хоҳиши гирифтани кӯчат ва қаламчаҳоро доранд, дар асоси шартномаи муайянкардаи қонунгузорӣ маблағ ҷудо карда шудааст ва ба ин чорабинӣ равона кардани он таъмин карда мешавад.      
Дар давоми ҳашар ба беҳтар намудани хонаву ҷойи табақаи аҳолии ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ, танҳо, ногироӣ дошта ва ба онҳо расондани кумаки моддӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад. 
Ҳашари хайрияи “Маҳаллаи обод – фаровонии кишвар”, бешубҳа, намунаи равшани саховат ва ҳамҷиҳатии шаҳрвандонамон мебошад. 

Н. УСМОНОВА, 
мухбири ӮзА.        
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: