МАҲАЛЛАИ «ТЕПАГУЗАР» ОБОД ШУД

Дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ кардани Барномаи «Маҳаллаи обод» аксар маҳаллаҳо обод мешаванд.

Агар суратҳои қиёсӣ намебуданд, ба он бовар кардан душвор буд, ки чӣ қадар корҳои азим иҷро гардидаанд. Маҳаллаи «Тепагузар»-и ноҳияи Олмазори Тошканд ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфт, симои зебову замонавӣ гирифт. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил карда шуд, намояндагони ҷамоаҳо, фаъолони маҳаллаҳо, кумитаҳои занон, иттифоқҳои касаба, падарону модарони соҳибэҳтиром даъват шуданд. 
Раиси бунёди «Нуроний» Ш. Ҷалилов ва дигарон зикр намуданд, ки ислоҳоти васеъмиқёс, ки ба татбиқ сохтани барномаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, ба ҳаёт ва тақдири ҳамватанонамон асорати мусбат мегузоранд. Ин дар ҷараёни татбиқшавии Барномаи «Маҳаллаи обод» равшан ба назар мерасад.
Федератсияи иттифоқҳои касаба бобати татбиқ кардани барномаи мазкур саҳми назаррас мегузорад. Намояндагони он ба оилаҳое, ки дар маҳаллаи «Тепагузар» зисту зиндагӣ мекунанд, омада, бо онҳо суҳбат карданд. Пас аз таҳлили муфассали аҳволи иҷтимоиву маишӣ, масъалаҳои рӯзмаррае, ки оилаҳоро ба ташвиш овардаанд, дар маҳалла корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ иҷро шуданд. Нӯҳ майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, маҷмӯи «Мавзеи нурониҳо» бунёд ёфтанд. Дар маҳалла роҳҳои дохилӣ таъмир ва асфалтпӯш карда шуданд. Дар шафати хонаҳои бисёрошёна барои сокинон нишастгоҳҳои хуб ва барои истироҳати онҳо соябонҳо гузошта шуданд. Дар назди даромадгоҳҳо ва байни хонаҳо 8 ҷойи замонавӣ барои истироҳат ва тақрибан 180 адад зарфҳои махсуси ахлотпартоӣ устувор гардиданд. Низоми ирригатсионӣ, ҷӯю заҳбурҳо тоза карда шуданд. Дар ҷараёни ободонии хонаҳои истироҳатӣ ҳудуди онҳо аз партовҳои зиёд тоза карда шуд.
Бинобар суханони муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Бахтиёр Маҳмадалиев туфайли Барномаи «Маҳаллаи обод», ки дар мамлакати мо татбиқ мегардад, нирӯи ин сохтори ҷамъиятӣ бештар мешавад. Барои омухтани масъалаҳои рӯзмарраи маҳаллаҳо, вазъияти оилаҳо корҳои амалӣ мунтазам давом мекунанд. 
– Корҳои васеъмиқёсе, ки дар доираи Барномаи «Маҳаллаи обод» татбиқ мегарданд, дар таърихи маҳаллаи мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, – мегӯяд фаъоли маҳалла Ҳайдаралӣ Орипов. – Аз замони бунёди хонаҳои серошёна дар ин мавзеъ 47 сол гузашт. Он чиз хушоянд аст, ки ободониҳои дар доираи Барномаи «Маҳаллаи обод», ки дар тамоми мамлакат бо суръатҳои баланд татбиқ мегарданд, ба маҳаллаи мо ҳам расид. Ин барнома мардумро нафақат бо бунёдкорӣ, балки бо кӯмакҳои амалӣ, ки ба оилаҳои бепарастор, пирони танҳо мерасонад, хурсанд мекунад.
– Маҳаллаи мо симои куллан нав пайдо кард, – мегӯяд омӯзгори соҳибэҳтиром Шукурнисо Муслимова. – Агар гӯем, ки ин тағйирот дилҳои сокинони маҳалларо ба ваҷд овард, муболиға намешавад. Аз майдончаҳои бачагона хандаҳо ва шодиву хурсандиҳои бачагон ба гӯшҳо мерасанд. Ҳама хеле хушнуданд. Эҳтиёт кардан, чун гавҳараки чашми худ ҳифз намудани ин ободониҳо ва бо эҳсоси миннатдорӣ зистан қарзи ҳар кадоми мо ба шумор меравад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба оилаҳои камтаъмин ва эҳтиёҷманд техникаи маишӣ, ба беморон аробачаҳои махсус, воситаҳои протезиву ортопедӣ, дорувор, роҳхат ба шифохонаҳо, ба бачагон бошад, барои истироҳат дар лагерҳои солимгардонӣ роҳномаҳо супурда шуданд. Нисбат ба оилаҳои махсусан эҳтиёҷманд, пирони соҳибэҳтиром ва беморон ғамхорӣ зоҳир карда шуд. Кор дар самти мазкур идома дорад.
Дар чорабинӣ Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Худойбергенов иштирок кард. 

Н. УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: