МАҲАЛЛАИ «ЯНГИ АСР» ОБОД МЕШАВАД

Боре ба бозори деҳқонии шаҳри Фарғона мерафтам, то ки баъзе маҳсулоти заруриро ба хона харида оварам.

Ин бор гузорам аз назди идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янги аср», воқеъ дар ноҳияи Фарғона мегузашт. Манзарае диққатамро ҷалб намуд. Ходимони ҷамоати шаҳрвандони маҳалла пеш аз шурӯи кор, дар назди даромадгоҳи идора дастаҷамъона суруди миллиро замзама мекарданд. Баъди анҷоми суруди миллӣ аз раиси ҷамоат Дилшодҷон Каримов дар ин боб пурсидам.
– Вақте ки мо ҳар саҳар рӯзи навро зери садои суруди миллии худ истиқбол мегирем, ин дар мо ҳисси ифтихор аз кишвар, шукргузорӣ аз имрӯзи худ ва боварии бузург ба фардоямонро ба вуҷуд меорад, – гуфт Дилшодҷон Каримов.
Дарвоқеъ, ҷамоати шаҳрвандони маҳалла соли 2020 таъсис ёфтааст. Дар ин ҷо намояндагони беш аз даҳ миллат дар фазои ваҳдату ҳамгироӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло дар ин ҷамоат ғайр аз раис, ёвари ҳокими ноҳия Шерзод Норматов, фаъоли занон Ёрқиной Турдиматова, пешвои ҷавонон Дилафрӯз Мавлонова, роҳбари гурӯҳи пиронсолону нурониҳои маҳалла Ғайратҷон Бобобеков, инчунин нозирони профилактикӣ ва андоз машғули фаъолият мебошанд. 
– Ҷамоати шаҳрвандони маҳалла натанҳо дар ноҳия, балки дар вилоят яке аз сераҳолитарин маҳаллаҳо маҳсуб меёбад ва бо суръати тез шумораи аҳолии он меафзояд. Имрӯзҳо дар 3 ҳазору 422 оилаи он ҳудуди 11 ҳазору 300 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Чизе, ки «Янги аср» аз дигар маҳаллаҳо фарқ мекунад, дар он аст, ки дар ин ҷо 66 хонаи бисёрошёна ва 1 ҳазору 450 хонаи типи намунавӣ мавҷуд аст, – мегӯяд Дилшодҷон Каримов.
Ҷамоат дар натиҷаи корҳои фаъолони он дар шаш моҳи соли равон 9 оилаи дар арафаи ҷудошавӣ қарордошта оштӣ кунонида шудаву аз ятим мондани 22 нафар кӯдакон ҷилавгирӣ ба амал омадааст. Фаъолони маҳалла аз аҳволи 280 оилаи камбизоат ҳамеша бохабаранд. 65 нафар маъюбони гурӯҳи якум ва 93 нафар парасторон аз ғамхориҳо баҳраманд мешаванд. 
– Агар ба мисолҳои мушаххас рӯй оварем, – изҳор намуд раиси ҷамоат,– яке аз ҷанбаҳои хурсандиовар он аст, ки хонаҳои ошёнаи якуми 43 бинои истиқоматии давлатӣ ба ашхоси камбизоат, ниёзманд ва маъюб бо пешпардохт аз ҷониби давлат тақдим карда шуд ва соҳибони он аз супурдани пардохтҳои маҷбурӣ низ озод карда шуданд. Айни замон ба 19 оила, ки дар «Феҳристи оҳанин», ба 80 нафар, ки дар «Феҳристи занон» ва ба 5 нафар ҷавонон, ки дар «Феҳристи ҷавонон» ворид шудаанд, корҳои беҳбудсозии шароити иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд.
Ба таъкиди Д. Каримов яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дар маҳаллаҳо роҳандозии бунёдкориҳо, сабукӣ бахшидан ба тарзи ҳаёти мардум, фароҳам овардани шароит ва таъмини зиндагии орому осуда мебошад. Дар ин замина моҳи июни соли 2023 дар маҳалла 15 хонаи 5-ошёна ба истифода дода шудааст. 
– Агар дар ҳар бинои нав 20 хона мавҷуд бошад, тасаввур кунед, ки боз 300 оила дар хонаҳои нав бурёкӯбон хоҳанд кард ва шароити манзили зисти онҳо хеле беҳтар хоҳад шуд. Ҳоло саҳни хонаҳои нав мумфарш гардида, корҳои ниҳоӣ дар майдончаҳои бачагона ва роҳравҳо ба охир мерасанд, – қайд намуд Дилшодҷон Каримов.
Қобил ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» босуръат давом дорад. Аз ҷумла, чунин мавзеъ дар маҳаллаи «Янги аср» низ бунёд мешавад. Мувофиқи лоиҳа дар он 32 хонаи панҷошёна ва 16 хонаи ҳафтошёна қомат меафрозад. Аллакай сохтумони 2 бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ дар арафаи ба охир расидан қарор дорад. Биноҳои дигар низ дар мӯҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамаи инфрасохтор дар мавзеъ ба таври замонавӣ эъмор мешаванд.
– Дар моҳи октябри соли хониши 2023-2024 мактаби дорои 960 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабии давлатии барои 140 нафар сохтаву баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Поликлиникаи оилавӣ, ки барои қабули 50 нафар беморон пешбинӣ шудааст, низ дар ин радиф ба истифода дода хоҳад шуд, – мегӯяд раиси ҷамоат.
Ба гуфтаи ӯ дар ин маҳалла мушкили оби равон вуҷуд дорад ва онҳо бо истифода аз шабакаи обрасоние, ки ба боғи «Ӯзбекистони Нав» оварда мешавад, ин мушкилро ҳал хоҳанд кард. Ғайр аз ин, дар ин мавзеъ 3 манораи оби тозаи нушокӣ мавҷуд аст ва шабакаҳои он низ кашида шудаанд. Аммо дар рӯзҳои гарми тобистон камбуди оби нӯшокӣ эҳсос мешавад. Бо назардошти он ки барои таъмини оби нӯшокӣ ба маблағи 1 миллиарду 950 ҳазор сӯм анбори оби махсуси 500 тоннагӣ сохта шудааст, аз ҳисоби он тавассути қубури калон аз масофаи қариб як километр шабакаи обёрӣ кашида шуда, масъалаи нарасидани оби нӯшокӣ низ ба зудӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Алишер ХОЛОВ. 
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: