МАҲАЛЛАҲО ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ҲУКУМАТАНД

Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов зимни мулоқот бо намояндагони сохтори маҳаллаҳо гуфт, ки нақши ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии қаламрав хеле муассир аст ва мақомот ба ин сохтор эътимоди қавӣ доранд.

Ҳокими вилоят онҳоро бо «Рӯзи сохтори маҳаллаҳо» табрик намуд ва ба як гурӯҳ мукофоти давлатӣ ва нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла»-ро супорид, ки бо Фармони Президент тақдир шудаанд.
М. Азимов аз он низ ёдовар гашт, ки ҳоло дар вилояти Қашқадарё 814 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла мавҷуд аст, ки соли 2022 барои 148-тои онҳо биноҳои нави муҷаҳҳаз сохта шуданд. Дар се моҳи соли равон 45 бинои маҳаллаҳо сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо дар ноҳияи Косон 30 бинои нав сохта, ба ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои қаламрав супорида шудааст. Назар ба маълумоти оморӣ имрӯз тамоми биноҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои Кӯкдала, Миришкор ва Муборак аз нав сохта шудаанд ва дорои шароити хуб ҳастанд. Шароити кори сохторҳои маҳаллаҳои дур аз марказ низ ба тадриҷ беҳтар мешаванд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: