Маҳаллаҳои Тошканд ба феҳрасти ЮНЕСКО дохил карда шуданд

Ба Феҳрасти муқаддамотии мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудани маҳаллаҳои Тошканд дар миқёси байналмилалӣ ҳодисаи таърихӣ маҳсуб меёбад.

Саида Мирзиёева: Ба Феҳрасти муқаддамотии мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудани маҳаллаҳои Тошканд дар миқёси байналмилалӣ ҳодисаи таърихӣ маҳсуб меёбад. Аввалин қадамҳо барои нигоҳ доштани қишрҳои фарҳангии маҳаллаҳои Шаҳри кӯҳна ҳанӯз соли 2019, вақте ки лоиҳаи “Маҳалла: ҳаёти шаҳр ва деҳот” пайдо шуда буд, дар меъмории Биенналеи Венетсия муаррифӣ гардидааст.
Коршиносони байналмилалӣ маҳаллаҳои моро ҳамчун эҳёи меъмориҳои экологӣ, роҳи наҷоти шаҳрҳои ҳозиразамон аз урбанизатсия ё шаҳришавии оммавӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои иҷтимоӣ ва ҷомеа қабул кардаанд.
Бунёди рушди фарҳанг ва санъат дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО олимон, мутахассисон, меъморон ва пажуҳишгаронро гирди ҳам овардааст. Ман хеле хушҳолам, ки мо дар сатҳи маҳаллӣ ба дарки арзиши таърихии маҳалла, беназир будани рамзи миллии фарҳангии он даст ба кор шудаем. Худ аз худ маълум аст, ки дар ин ҳудуд ягон лоиҳаи инвеститсионии сохтмонӣ имконпазир намебошад.
Ман аз ҳамаи онҳое, ки барои сарнавишти қалби Тошканд-кӯчаи қадимии Зарқайнар дилсӯз ҳастанд-ходимони ҷамъиятӣ, фаъолон, журналистон ва блогнависҳо, ибрози сипосгузорӣ мекунам.
Инчунин аз ЮНЕСКО барои дастгирии лоиҳаи ҳифзи маҳалла ва минбаъд ворид намудани он ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии табиӣ ва фарҳангӣ минатдорӣ баён мекунем. Мо бо дарназардошти эҳсоси масъулият ва муносибати бошууронаи аҳли ҷамъият нисбати масъалаи нигаҳдории маҳалла умед баста, дар ин раванд корҳои илмӣ-тармимро давом медиҳем.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: