МАҲБУБА – МАҲБУБИ ДИЛҲО

Ҳавзаи адабии тоҷикии Осиёи Марказӣ дар равнақи адабиёти бадеӣ саҳми назаррас дошту дорад.

Адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи хаттии классикии форс-тоҷик дар оғӯши худ он қадар шоираҳои тозагӯро ба камол расонидааст, ки на ҳамаи онҳоро мову шумо ба хубӣ медонему мехонем. Робияи Балхӣ, Маҳастӣ, Дилшоди Барно, Нодира, Увайсиву Зебуннисо ва дигарон. Дар садаи XX-XXI авлоди нави бонувони сухангӯ ба майдони шеъру адаб қадам ниҳоданд, ки Робияи Озод, Озод Аминзода, Гулрухсор, Ҳадиса, Мавҷуда, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Парисо, Зулфия Атоӣ, Меҳринисо, Дилшода, Дилрабо, Фарзона аз он ҷумлаанд.
Чунин ҳолатро дар адабиёти ӯзбеку қазоқ, русу украин, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ҳам мебинем.
Адабиёти бачагон як қисмати бузурги баҳри бекарони каломи бадеъ мебошад. Дар олами ин адабиёт зиёда аз 50 сол аст, ки Маҳбуба Неъматзода, ки ҳоло 70-сола шуд, заҳмат мекашад. Портрети адабии шоираи маҳбуби бачаҳо дар назари мо чун суханвари поксиришт, рангинхаёл, хоксору ҳалим, навҷӯву навгӯ, андешаманду ватандӯст, дилёбу ҳозирҷавоб ба ҷилва меояд. Ашъори бузургони адаб А. Лоҳутӣ, С. Маршак, С. Айнӣ, Миршакар, Лоиқ, Иқбол, М. Турсунзода барои ӯ сарчашмаи илҳоманд.
Маҳбуба тафаккури баланд, нигоҳи фароху идроки тез дорад, ҳаёти бачагону наврасонро амиқан кашф карда, боварибахш ба риштаи тасвир мекашад.
Синну соли бачагонро ба ҳисоб мегирад, характер ва руҳияи онҳоро дониста, эҷод мекунад. Эътибор диҳед:
Барф борид рӯи дара,
Шуд дара хушманзара.
Хирсак гуфто ба ёрон,
– Дӯст дорам барфу борон.
Афсӯс, ки омад хобам,
Бояд ҷойи хоб ёбам.
Хоб дар тан орад роҳат,
Хоб баҳри мо фароғат.
Хобам, то тамоми сол,
Бошам солиму хушҳол.
Мехобам чил шабу рӯз,
Хайр, ҷӯраҳо, то Наврӯз!
Чунин тасвири ҷаззоб, хулосаҳои мантиқӣ ва бозёфтҳо дар аксари шеърҳои ӯ ба чашм мерасанд.
Бояд гуфт, ки барои калонсолон шеър гуфтан мушкил асту барои хурдтаракон мушкилтар. Кӯдаконро танҳо бо сеҳри сухан ва фаҳмиши кӯдакона, ба олами зебоӣ, ватандӯстиву меҳнат, хонишу дониш, амалҳои хуб ҳидоят карда метавонем.
Ҳикояву афсона, чистону тезгӯякҳои шоира далели тавони салиқаи ӯянд. Чунончӣ:
Чист он, ки дар тани мо,
Беш аз ҳама ғамхор аст.
Шабҳо моро хобонад,
Аммо худаш бедор аст.
                           (Дил)
Тафдони мо таф дорад,
Ҳафт фатири ғафс дорад...
Имрӯзҳо бо ҳидояти Президент китобхонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ ба маҷрои пуршиддат ворид шуд, ки хеле мамнунем. Воқеан, адибон барои чӣ ва барои кӣ менависанд?
Шукри Худо, шукри давру даврони истиқлол, ки барои рушди маънавии халқ, хусусан авлоди наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дил мехоҳад, ки ба ҷавонон, хурдтаракон ишоратан гӯем:
Рӯдворона зиндагӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун.

Нормурод КАРИМЗОДА,
муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги».

ВилоятиСАМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: