Маҳбуба ТУРСУНОВА

ШАВҲАРИ ПАРАЛЛЕЛ

Булҳавасе бо зани таннозе ошноӣ намуд. Оқибат ба вай изҳори дил кард:
– Эй нозанин, минбаъд бе шумо зиндагӣ кардан номардист. Иҷозат диҳед, шуморо чун зани параллели шахсӣ истифода барам.
Хонуми нозанин ҳам паст наомад:
– Марҳамат, ба шавҳари параллел будан розӣ бошед, бо ҷону дил.

ДАСТОВЕЗ

– Чаро ин қадар дору харидед? – пурсиданд аз шахсе.
– Аз дари касе дароӣ, дарҳол ба даст нигоҳ мекунад. Дастовез карда барам.

ИСЁНИ ХАРИДОР

Шахсе аз дӯкон равған харид. Қасдан пулро кам дод. 
– Ҳой, номард, инсоф дорӣ, пуламро деҳ, ки милиса ҷеғ мезанам,– барошуфт дӯкондор.
– Ҳа-а-а, бародар, ту ҳар рӯз ҳаққи маро мехӯрӣ, милисая ҷеғ зан канӣ, пуштибони кӣ мешавад. 


Ночорӣ

Дарвеше ба муҳтоҷӣ афтид ва гилеми дӯсташро дуздид. Ҳоким фармуд, ки дастони ӯро арра кунанд. Соҳиби гилем ба дарвеш раҳмаш омада гуфт:
– Ман аз гуноҳи ӯ гузаштам.
Ҳоким гуфт: – Ту бахшида бошӣ ҳам, қонуни шариат намебахшад.
– Дуруст гуфтед, аммо дасти шахсеро, ки моли вақфро дуздидааст, намебуранд. Ҳамаи чизи дарвешон вақфи муҳтоҷон ба шумор мераванд,– гуфт соҳиби гилем.
Ҳоким дуздро авф намуда гуфт:
– Ба ту дунё танг буд, ки ба хонаи дӯстат барои дуздӣ даромадӣ?
– Эй ҳоким, магар нашунидаӣ, ки «рабудани чиз аз хонаи дӯст, беҳ аст аз кӯфтани дари душман» гуфтаанд, – ҷавоб дод дарвеш.

Обид 

Подшоҳ аз худоҷӯйи серфарзанд пурсид:
– Вақти азизу қиматбаҳоятро чӣ тавр мегузаронӣ?
Худоҷӯй ҷавоб дод:
– Аз шаб то саҳар ба Офаридгор муноҷот мекунам, саҳар барои эҳтиёҷ дуо мехонам, рӯзи дароз бошад, барои нафақаи аҳли аёлам даву тоз дорам.
Подшоҳ ба обид (Худоҷӯй) тасанно гуфта, туҳфаи қиматбаҳо дод.

Кулфати талабида

Зани дарвеше ҳомила буд. Вақте моҳу рӯзи ӯ наздик шуд, дарвеш гуфт:
– Агар Офаридгор ба ман писар ато намояд, ғайр аз хирқаи танам, дигар молу мулкамро ба фақирон инъом мекунам.
Иттифоқо, писар дид ва мувофиқи аҳд бисоташро ба фақирон дод. Баъди солиёни дароз як шиноси дарвеш ба маҳаллаи ӯ омада, хост аз аҳволаш хабар гирад. Мардум гуфтанд, ки дарвеш зиндонӣ аст. Сабабашро пурсид.
Шахсе гуфт:
– Писараш дар ҳолати мастӣ нафареро ба ҳалокат овардааст. Барои ҷинояти писар ба гардану пойи  падар занҷир андохтанд.
– Ин кулфатро худи ӯ аз Офаридгор талабида буд! – гуфт шиноси дарвеш.

Аз «Дафтари маърифат»,
таҳияи Б.ФАРИШТА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: