Маҳбуба ТУРСУНОВА: «НАСЛИ НАВРАС БОЯД КИТОБ ХОНАД»

Дар муҳити адабии Самарқанд Маҳбуба Турсунова аз чеҳраҳои шинохта аст.

Ӯ муаллифи китобҳои «Савдои мушкил», «Аҷаб мардумоне», «Хазинаи ханда» ва ғайра мебошад. Зодгоҳи адиба деҳаи хушҳавои Миронқул аст. Чанде пеш мо меҳмони хонадонаш будем. Суҳбатамон бо ӯ доир ба адабиёт, ба қавле, қаймоқ баст.
– Шояд шумо хабардор ҳастед, ки «адабиёт» аз калимаи «адаб» ташкил ёфта, маънояш дониш, хулқи нек, ҳунар, тарбия аст, – гуфт Маҳбуба Турсунова, – бо мурури замон он аз рӯйи мазмуну шакл ба навъу жанрҳо тақсим шудааст. Он, бе муболиға, саҳнаи сухани воло ҳам ҳаст. Боиси ифтихор, ки гузаштагонамон бо асари безавол – «Авасто» ба адабиёти мо асос гузоштаанд. Хушбахтона, ҳоло адабиёти тоҷик дар дунё мавқеъ ва нуфузи хосса дорад. Воқеан, ман ҳангоми дарс додан ба шогирдонам дар ҳамин бора бештар ҳарф мезадам.
– Муаллима, чӣ сабаб шуд, ки Шумо маҳз ба адабиёт дил бастед?
– Дар мактаби рақами 28-уми деҳаамон Тоҷиой Қаноатова (рӯҳаш шод бод!) аз забони модарӣ ва адабиёт сабақ медод. Ӯ ба маънои томаш педагог буд. Дарсҳояш шавқовар мегузашт. Вақте ки занг садо медод, афсӯс мехӯрдем, ки дарс зуд ба охир расид. 
Пас аз гирифтани номаи камол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудам. Солҳои донишҷӯӣ ва  омӯзгорӣ ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ рафта, аз суҳбати Болта Ортиқов, Мардонқул Муҳаммадқулов, Маҳмуд Диёрӣ, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ва дигарон баҳраманд мешудем. Он айём баҳсу мунозираи адабӣ, таҳлилу таҳрири чакидаҳои хомаи навқаламон хеле аҷиб ҷараён мегирифт. 
Боре ман ҳикояи худро ба идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ирсол доштам. Дере нагузашта ба нигоштаам аз адиби маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев ҷавоб омад. Сафар ба Душанбешаҳр ниҳоят хотирнишин гузашта, барои бебокона ба боғи адабиёт дохил шудан такон бахшид, риштаи дӯстӣ бо бисёр адибон мустаҳкам  гардид. Хотираҳоям бо устоди шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев дар матбуот чоп шудааст.
Аммо афсӯс, ки ҳоло дар Самарқанд он муҳити адабӣ, маҳфили эҷодкорон, ки бузургон асос гузоштаанд,  мавҷуд нест. Чаро дар осорхонаи устод Садриддин Айнӣ нишасти адабӣ барҳам хӯрд ва қабулхонаи ҷамоатии «Овози тоҷик» нест шуд, ҳама ҳайрон. Бо ин мушкил Маркази фарҳанги тоҷикон ва хабарнигорон машғул шаванд, кори савоб-ку!
– Таклифи олиҷаноб ...
– Муҳтарам Президентамон, ки маърифатпарвару дилсӯзи халқ ҳастанд, барои тарғиби китоб ва баланд бардоштани савияи дониши мардум қарору фармонҳои судманд эълон мекунанд, аммо натиҷаи он, алалхусус, дар ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдаст ба назар намерасад. Замоне дар ҳар як гузар китобхона мавҷуд буд. Ҳозир нуқтаҳои фарҳанг на танҳо дар деҳаи Миронқул, ҳатто дар маркази ноҳия нест. Вале биноҳои муҳташами мағоза ва тарабхонаҳо мисли замбӯруғ пайдо мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
– Муаллима, маслиҳати шумо ба навқаламон?
– Мутолиа ва омӯхтан. 
– Шумо ҳамчун муаллимаи собиқадор ва эҷодкори шинохта асарҳои кадом адибонро барои хондан тавсия медодед?
– Уқёнуси адабиёт беканор аст. Бештар классиконро мутолиа намудан лозим. Шахсан ман такрор ба такрор асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сорбон, адибони русу ҷаҳон Толстой, Достоевский, Чехов, Маркес, Айтматов ва дигаронро пайваста варақ мезанам.
Ба насли наврас маслиҳат ҳамин, ки саргарми телефону компутер нашаванд, вақти холиашонро ба мутолиаи рӯзномаву китоб сарф намоянд. Зеро китоб ба донишу маънавияти онҳо меафзояд.

Суҳбатнигор 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: