Ҳофизи мумтоз, ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик, оҳангсоз Далер Назар солҳои зиёд аст, ки қарини дилу дидаи мардум мебошад.
Ҳофизи мумтоз, ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик, оҳангсоз Далер Назар солҳои зиёд аст, ки қарини дилу дидаи мардум мебошад. Зеро дар таронаҳои Далер Назар рамзи Боми Ҷаҳон, қуллаҳои баланди сарсафеди Бадахшон, гармҷӯшиҳои эҳсоси ҷавонӣ, дӯстии халқҳо, армони дили ошиқ ва хоссатан фазилатҳои неки инсонӣ таҷассум гардидаанд. Силсилаи сурудҳоеро, ки сароянда аз эҷодиёти Рӯдакӣ, Ҳилолӣ, Хоҷа Ҳофиз, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони мумтозу муосир сурудааст, бо гузашти айём бештар қадр пайдо карда, дар ҳама ҷо муаррифгари ҳофиз мебошанд.
Мӯйи мошу биринҷ, риши сафедаш чеҳраи нурониашро нуронитар мекарданд. Мо сари суҳбати самимона, дилнишин аз саломатӣ, кайфият, сафару саёҳат ба кишварҳои ҷаҳон пурсон шудем. Далер Назар бо табассуми базеб ва лутфи ба худ хос арзи сипос намуд ва илова кард:
– Ин дафъа, як суруди ӯзбекӣ низ хоҳам хонд, ки эҳтироми ман ба ин халқи ҳамдилу ҳамсоя аст. Чун таклифи сафари эҷодӣ ба Самарқанд пеш омад, бо ҷону дил қабул кардам. Охир пазмони дӯстон ҳастам. Аз фурсат истифода бурда, ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мекунам, ки маҳз бо ташаббуси эшон дару дарвозаҳои баста кушода шуданду мо ба дидор расидем. Тасаввур кунед, мо қариб бисту панҷ сол аз ҳам ҷудо, пазмони якдигар будем!
– Ҳоло Самарқандро чӣ гуна дарёфтед?
– Ташаккур. Воқеан, ман хоҳ дар Боми Ҷаҳон, хоҳ дар Душанбешаҳр, ё Остона ё Маскав ба шаҳри умеду орзуҳо – Самарқанди бостонӣ, ёдгориҳои таърихии Регистон, Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек дилбандам. Имрӯз дидам ва шоҳид гаштам, ки бо роҳнамоии масъулони оқилу кордон шаҳри куҳану ҳамешаҷавон ободтару шукуфотар гардида, биноҳои осмонбӯс қомат меафрозанд, боғу гулгаштҳои нав пайдо мешаванд. Бесабаб нагуфтаанд, ки Самарқанд Сайқали рӯйи Замин аст!
Дар ин ҷо Левича, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов барин ҳунармандон, устоди маънавии санъаткорон ба камол расидаанд. Ҳоло сарояндагон Абрам Толмасов, Асадулло Атоуллоҳ, Мардони Мавлон, Насиба Абдуллоева, Сафия Сафтарӣ ва дигарон дар ин ҷода пасовандони онҳо мебошанд, хушбахтона, ки бо ҳамаи онҳо дӯсти қаринам.
– Бисёр санъаткорони ҷавону умедбахш шуморо устоди худ медонанд...
– Сипос. Аммо насиҳату маслиҳати ман ба онҳо ин аст, ки ҳар як ҳофиз бояд пайроҳаи худро дошта бошад. Пайравӣ хуб, вале тақлидкорӣ бад аст... Фақат туфайли ҷидду ҷаҳди доимӣ, меҳнати пурмашаққат, ҷустуҷӯ, навоварӣ ба муроди дил метавон расид. Асрори комёбии рӯзафзун ҳамин асту халос. Мардуми мо аз қадимулайём ҳам шоир буданду ҳам мутриб. Масалан, роҳи ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакии Самарқандӣ, Мирзо Бедил далели ин фикр аст. Фақат мутрибу ҳофизоне, ки завқи баланд доранду талаботи мухлисонро қонеъ карда метавонанд, эҳтиром пайдо карда, дар таърихи фарҳанги мо чун Борбад ҷовидон хоҳанд монд.
Дар саҳнаи меҳмонхона шаби эҷодии ситораи эстрадаи тоҷик Далер Назар бо суруди «Чак-чаки борон» оғоз ёфт. Овози фораму дилнишини ӯ аз лаҳзаҳои аввалин ба торҳои нозуки дили сомеон роҳ ёфту кайфияту лаззати хуше бахшид, ки толор аз кафкӯбӣ гӯё таркид. Инчунин ҳангоми иҷрои сурудҳои «Азизон», «Биёед» ва ғайра рақсу бозии санъатписандон авҷ гирифта, аз ғояти шавқу ҳаяҷон ба ӯ ҷӯр мешуданд.
Воқеан, ҳунарвар қабл аз иҷро ё баъди ба поён расидани ҳар як суруд ба ҳаводорон сар фуруд оварда, арзи сипос мекард, паёму дуруд мефиристод ва ба маврид доир ба муаллифи матн, оҳангсоз, сафарҳояш ба кишварҳои хориҷа қисса мекард.
Мушоҳида кардан душвор набуд, ки Далер Назар на танҳо ҳофизи маҳбуби халқ, инчунин инсони ниҳоят хоксор, дилёбу дарёдил, пурдону бомаърифат, аз ҳама муҳимаш, рӯҳшиносу рамузфаҳм аст. Шояд ин хислатҳо аз падари бузургвораш, шодравон Меҳрубон Назаров, ки солҳои тӯлонӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон буд, барои ривоҷу равнақи санъату адабиёт саҳми арзанда гузоштааст, мерос мондааст.
Ҳангоми иҷрои суруд нолаи ӯ чунон табиист, ки гӯё аз дил хеста ба дилҳо менишинад.
Барномаи дусоатаи ҳофиз дар як нафас анҷом ёфт. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз «Ба як чашм задан суҳбати ёр охир шуд».
– Ман дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаам, аммо дар ягон ҷо чун имшаб вуҷудамро хушиву фараҳ фаро нагирифта буд, – иброз дошт Далер Назар. – Бовар кунед, ҳарчанд мисли мизбонам, Самарқанди азиз салобати хосса дорад. Имшаб чеҳраҳои шиносро дида, табъам болида гашт.
Ҳангоми хайрухуш ҳунарпеша аз мо хоҳиш намуд, ки тавассути рӯзнома тамоми мухлисони ӯзбекистониашро бо Соли нав муборакбод намоем.
Амина ШАРОФИДДИНОВА,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
САМАРҚАНД.