МАҲБУБИ ДИЛҲОСТ «ОВОЗИ ТОҶИК»

Чандест, ки рӯзномаи маҳбуби тоҷикони мамлакат – нашрияи расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Овози тоҷик» таҳти рукни «Обуна – 2019» силсилаи фикру андешаҳои муштариёни огоҳу хайрхоҳро манзури хонандагон мегардонад, ки аз оҳанги ифтихор, ташвишу изтироб, дилбастагиву қадршиносӣ саршор буда, мавзӯи доғи рӯзро дар бар мегирад.

 Чунки мавсими басо муҳим ва серташвиши обуна барои соли 2019 ба ҳар яки мову шумо, тоҷикону тоҷикзабонони кишвар сахт марбут аст. Ба такрори сухан роҳ надода,  гуфтанием, ки фурсат ғанимату дастгирии рӯзномаи миллат, минбари баланди сухани тоҷикӣ вазифаи шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, амри виҷдони мо мебошад. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки солҳои 70-уми садаи гузашта рӯзномаи мазкур бо унвони «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп мешуду ҳаводоронаш хеле зиёд буданд. Аввалин шеърҳои ин ҷониб бо салоҳдиди шодравон Ҷонибек Қувноқ таҳти унвони  «Ояд ҳаме», «Се қатра» дар саҳифаи он ба табъ расида буд. Ҳанӯз ҳам бастаҳои рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Машъал», «Хорпуштак» ва ғайра дар бойгонии шахсиам нигоҳдорӣ мешаванд. Аз онҳо бӯйи таърих, нафаси давр, садои замонҳоро эҳсос мекунам. Шояд ҳамин таваҷҷӯҳ ва дилбастагӣ ба матбуот маро пасон ба рӯзноманигорӣ ҳидоят кардааст, ки аз ин хеле хушам. 
Бо чандин чеҳраҳои гарму нуронӣ монанди Шавкат Ниёзов, Раҳматҷон Норов, Мӯҳсин Умарзода, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Бекназар Тӯйназаров, Ҳисомиддин Абдувалиев, Шоқаҳҳор Салимов, Абдулло Субҳон, Паймон, Тоҷибой Икромов, Шерпӯлод Вакилов, Муҳаммад Шодӣ ва дигарон саодати суҳбат кардану рафоқат варзидан насибам гардидааст. Зиёда аз ним аср ин ҷониб бо рӯзномаи  «Овози тоҷик» робитаи эҷодӣ дорам. 
Агар хоҳем, ки ин оинаи ҳаёти тоҷикон, ин минбари баланди миллии диёр пойдору устувор бимонад, аз мову шумо, азизон, дастгирӣ ва муҳаббати пайваста лозим аст. Саъдии бузург мегӯяд: 
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Пас биёед, саъй кунем, ки ин «гули мақсуд»-и мо ҳамеша шукуфон ва тару тоза бошад:
Маҳбуби дилҳост «Овози тоҷик»,
Ҳамхонаи мост «Овози тоҷик».
Бо ҳастии он фахрему болем,
Ҳамрози аълост «Овози тоҷик».
Мо рӯ натобем аз лафзи модар,
Бо пиру барност «Овози тоҷик»...

Нормурод КАРИМЗОДА,
журналисти собиқадор.

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: