МАҲФИЛИ АДАБИИ «АМВОҶИ ВАРОРУД» ДАР ХОНДИЗА

Деҳаи зебоманзару шоирхези Хондизаи ноҳияи Сариосиё дар канораш бисёр эҷодкорони хушсалиқа ва шахсони фарҳангиро парвардааст.

Дар гузашта шоири ориф, домулло Сӯфии Ҳисорӣ – мутахаллис ба Маъюсӣ шеърҳои баландмазмуни орифона эҷод карда бошад, имрӯз шоири ҷавону умедбахш ва нозукбаён Хусрави Саъдуллоҳ дар Тошкандшаҳр ва шоири дигари ҷавон Баҳром Сатторӣ дар деҳаи Хондиза машғули эҷоданд.

Ба қарибӣ маҳфили адабии «Амвоҷи Вароруд» дар истироҳатгоҳи «Хондиза» бо иштироки аҳли адаб ва фарҳангдӯстони воҳа ба вуқӯъ пайваст. Дар ин маҳфили навбатӣ тақдимоти китоби «Қарзи фарзандӣ»-и шоири ҷавон Баҳром Сатторӣ баргузор гардид. Сатторӣ аз шаҷара ва авлоди шоири сӯфимаоб Маъюсӣ буда, ҳоло дар мактабҳои рақами 75 ва 76-уми деҳа ба шогирдон аз мусиқӣ дарс медиҳад. Ӯ баробари маҳорати шеърнависӣ, ҳунари навозандагию сарояндагӣ ҳам дорад. Ба шеърҳои худ ва дигарон оҳанг баста месарояд. Овози марғуб дорад. Азбаски аз падар ва модари худ дар хурдсолӣ маҳрум шудааст, мавзӯи аксари ашъор ва сурудаҳояшро падар ва модар, дарду ормони ҷудоӣ, тараннуми ватани зебоманзараш ташкил мекунанд. Ба касби омӯзгорӣ, пешаи шоирӣ, ҳунари навозандагию сарояндагӣ ҳамеша содиқ буда, ҳамчун инсон дорои хислатҳои наҷиб аст, хоксору камтарин ва қадршинос мебошад.
Дар китоби «Қарзи фарзандӣ», ки зери назари инҷониб дар нашриёти «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд рӯйи чопро дид, маҳз ана ҳамин мавзӯъҳои фавқ ироа гардидааст. Мехоҳад, ки ҳамеша қарзи фарзандии хешро дар назди падару модари марҳум ва Ватан сарбаландона адо намояд.
Роҳбари маҳфили адабии «Амвоҷи Вароруд» Олим Панҷизода дар бораи ҳусну қубҳи ашъори шоир Баҳром Сатторӣ ҳарф зада, бо навбат ба меҳмонони эҷодкор сухан дод. Ровии хушсухан Аҳтам Сафаров, шоири зуллисонайн Рӯзибойи Ғанизод, мардони суханшиносу маърифатдӯст Тоштемур Шукуров ва Раҳматулло Соҳибов, омӯзгорони мактаби рақами 75 Абдуманнон Маҳмадқулов (директор), Абдураҳмон Маҳмадқулов ва шоир Сайфуллои Бадал дар ҳақи шоир ва ашъори ӯ суханҳои самимӣ иброз доштанд.
Хонандагони макотиби рақами 75 ва 76 бо навбат баромада маҳорати хешро нишон доданд, аз ашъори шоир шеърҳоро хушоҳанг қироат намуданд.
Ҳофизон Равзатулло Шоқулов, Суҳроб Нарзуллоев, Тоҳирҷон Зокиров, Парвиз Муродуллоев ва Асомиддин Тошев аз ашъори Баҳром Сатторӣ сурудҳо хонда, табъи ҳамагонро болида сохтанд. 

Олим ҶУМЪАҚУЛОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: