МАҲФИЛИ АДАБИИ “ҚОФИЛАИ РӮДАКӢ” КОРИ ХУДРО ОҒОЗ КАРД

Дар толори фаъолони Донишгоҳи давлатии Самарқанд нахустин вохӯрии маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ” доир гардид.

Дар толори фаъолони Донишгоҳи давлатии Самарқанд нахустин вохӯрии маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ” доир гардид.
Дар ин маҳфили адабӣ шоиру нависандагон, журналистону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҷ.Ҳамроев ифтитоҳ бахшид ва дар бораи мақсади маҳфил, аҳамияти он дар тарбияи навқаламон, такмили маҳорати эҷодии онҳо ҳарф зад.
Дар идомаи тадбир декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Азамат Пардаев, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, устоди донишгоҳ, раиси маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ” Дилшоди Фарҳодзод ва дигарон сухан карданд.
Зикр гашт, ки солҳои пеш низ дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд маҳфилҳои гуногуни адабӣ амал мекарданд. Имрӯз бисёр дастпарварони ин маҳфилҳо чун шоирони соҳибкитобу соҳибсалиқа дар ҷомеа мавқеи хосаи худро доранд. Ташкили маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ” барои дарёфти истеъдодҳои нав, сайқали қалам ва такмили маҳорати эҷодии шоиру нависандагони ҷавон, дастгирии онҳо мусоидат хоҳад кард. 
Сипас, аз тарафи иштирокдорон ҳайати корӣ ва собиқадорони маҳфил тасдиқ карда шуд. 
– Қофиласолори адабиёт – Устод Рӯдакӣ бо назми сеҳрофарини худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, – гуфт раиси маҳфил Дилшоди Фарҳодзод. – Мо бо умеде ин маҳфили адабиро роҳандозӣ намудем, ки дар оянда аз байни ҷавонони мо чунин шоирони соҳибсалиқа ба камол расанд. Маҳфили адабӣ моҳе ду маротиба гузаронида мешавад ва дар раванди вохӯриҳо натанҳо шеърҳои тозаэҷоди шоирони навқалам, балки намунаи эҷоди насрнависони ҷавон низ баррасӣ мегардад. Ният дорем, ки дар оянда маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ”-ро ба минбари ҷавонони эҷодкор тадбил диҳем.
Нахустин вохӯрии маҳфили адабӣ ба ёдбуди шоир ва мутафаккири бузург, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ бахшида шуд.  
Ҳозирин дар бораи паҳлӯҳои эҷоди шоири зуллисонайн ҳарф заданд. Як гурӯҳ донишҷӯён аз ғазалиёти тоҷикии Навоӣ қироат карданд.
Шоирони маъруфи Самарқанд Нормурод Каримзода, Асадуллоҳ Шукуров, Алишер Сабрӣ низ шеърҳои тозаи худро қироат карданд.  
Дар поёни кори маҳфил ҳозирин дархост ва пешниҳодоти худро оиди беҳтар намудани кори он баён намуданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: