МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ БОБУР

Ба мақсади таъмини иҷрои панҷ ташаббусе, ки сарвари мамлакат ба миён гузошта буд, бино ба шартномае, ки байни мудирияти мустақили ансамбли Регистон ва шуъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд ба тасвиб расидааст, чанде қабл дар мадрасаи Мирзо Улуғбеки ансамбли Регистон бо ҳамкории роҳбарияти мактаби таълими ҳамагонии рақами 77-уми шаҳр ба муносибати 538-умин солгарди зодрӯзи шоир, олими бузург, арбоби давлатӣ ва саркарда Заҳириддин Муҳаммад Бобур таҳти номи «Ёдкарди Бобур» маҳфили адабӣ баргузор шу

Ба мақсади таъмини иҷрои панҷ ташаббусе, ки сарвари мамлакат ба миён гузошта буд, бино ба шартномае, ки байни мудирияти мустақили ансамбли Регистон ва шуъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд ба тасвиб расидааст, чанде қабл дар мадрасаи Мирзо Улуғбеки ансамбли Регистон бо  ҳамкории роҳбарияти мактаби таълими ҳамагонии рақами 77-уми шаҳр ба муносибати 538-умин солгарди зодрӯзи шоир, олими бузург, арбоби давлатӣ ва саркарда Заҳириддин Муҳаммад Бобур таҳти номи «Ёдкарди Бобур» маҳфили адабӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии адабие, ки ходими илмии ансамбли Регистон Темур Болтаев созмон додааст, омӯзгорон, хонандагони мактаб, алоқамандони каломи бадеъ ва намояндагони созмонҳои гуногун ширкат ҷустанд.
Саҳнаҳои аз ҷониби хонандагон ба маъраз гузошташуда ва қироати ғазалу рубоиҳои шоир аз ҷониби онҳо ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.
Меҳмонон ва сайёҳони хориҷие, ки барои тамошои ансамбли Регистон омада буданд, аз намоишҳои басаҳнагузошташуда баҳра бурданд ва аз он ки насли ҷавон ба аҷдоди номвари худ арҷ мегузорад, бо қаноатмандӣ маҳфилро тарк намуданд.

А. САМАДОВ,
ҷонишини директори ансамбли Регистон.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: