Ба қарибӣ дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ бахшида ба 581-солагии зодрӯзи Навоӣ ва муаррифии достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и ӯ дар тарҷумаи шодравон Ҷонибек Қувноқ маҳфили адабию маърифатӣ баргузор шуд.
Дар он шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, намояндагони сафорати Тоҷикистон ва дӯстдорони шеъру адаб иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз дӯстии азалию абадии халқҳои тоҷику ӯзбек ва маҳорати тарҷумонии тарҷумони достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Алишер Навоӣ сухан ба миён овард.
Вай, аз ҷумла, гуфт, ки шоир Ҷонибек Қувноқ барои қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек корҳои зиёдеро анҷом додааст. Осори бисёр адибони классику муосири ӯзбекро ба забони тоҷикӣ ва шоиру нависандагони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Тарҷумаҳои ӯ ба наздик шудани халқҳои мо хидмат кардаанд. Яке аз шоҳкориҳои ӯ дар боби тарҷума достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Навоӣ мебошад. Вақте ки тарҷумаи ӯро хондам, ба маҳорати тарҷумонии мутарҷим қоил шудам. Шоир ҳангоми тарҷума, дар баробари вазни маснавӣ санъат ва ибораву ифодаҳои хоси шеъриро нигоҳ доштааст.
Адабиётшинос Султонмурод Олим дар бораи дӯстӣ ва шахсияти ибратпазири Мавлоно Ҷомию Алишер Навоӣ ва маҳорати тарҷумонии Ҷонибек Қувноқ сухан кард.
– Ҷомию Навоӣ, – гуфт ӯ, – ҳар ду адабиётро як адабиёт ҳисобидаанд. Бинобар ин, ба тарбияи адибони ҷавони тоҷику ӯзбек баробар саҳм гузоштаанд.
Дуруст мегӯяд олим. Шогирд ва дӯсти Абдураҳмони Ҷомӣ – Навоӣ дар тарбияи бисёр адибони ҷавони тоҷик низ ҳисса гузоштааст.
Дар поёни маҳфили адабӣ мушоира баргузор шуд. Адибони ҷавон аз ғазалҳои Алишер Навоӣ чанд намуна қироат карданд. Ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагон Ғ. Маҷидӣ таҳти кафкӯбиҳои бардавом “Куллиёт”-и бузургҳаҷми Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар тарҷумаи адибони ӯзбек, ки бо сифати баланд дар кишварамон чоп шудааст, ба сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода пешкаш намуд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.