МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД

Пӯшида нест, ки аввалҳо ба ин мактабҳо қадами шоирону нависандагони Тоҷикистон намерасид.

Хушбахтона, насими фораме вазиду офтоби оламоро ба дилҳо гармӣ ва нуру зиё бахшид.
Бо ташаббуси сарони ду кишвар дару гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардиданд. Одамон ба дидори пайвандону наздикони хеш шитофтанд.  Дидор муяссар шуд баъди ин қадар солҳо. 
Шоира Махфират Юсуфӣ дугонаи худ, рӯзноманигор, фаъоли корҳои иҷтимоӣ Барфимоҳ Ғанизода бино ба даъвати нависанда Юнуси Имомназар ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато барои вохӯрӣ бо хонандагон ва  алоқамандони каломи бадеъ омаданд.
Хонандагони мактаб Парвин Абдуназаров, Гулбону Қӯрғонова, Акобир Йӯлдошев, Дилшода Кӯчимова, Манижа Давлатова, Дилдора Худойбердиева, Ганҷина Ҷумъаева, Фарзона Халилова,Тӯҳфанисо Ҳасанова, Гулсанам Тилабова, Ҷасмина Холова аз ашъори шоира, ки мавзӯъҳои модар-Ватан, поси забони модарӣ, ишқу зебоӣ, зиндагӣ, умеду орзуро дар бар мегирад,  намунаҳо қироат намуданд. Садри маҳфил, омӯзгори мактаб Холбикка Нурназарова риштаи суханро ба шоира Махфират Юсуфӣ дод. Ӯ шеъри дилписанди худро бо лаҳни ширин хонд.
Махфират Юсуфӣ зодаи деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор мебошад. Ӯ дар оилаи омӯзгор ба камол расидааст. Бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба хатм расонидааст.
Дафтари шеърҳои узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Махфират Юсуфӣ таҳти номҳои «Гаҳворабони ғам» (соли 2003), «Гӯётар аз садо» (2004), «Дардҳои ниҳон» (2005), «Гули ёс» (2005), «Печутоби сарнавишт» (2011), «Фоли Ҳофиз» (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кирилӣ, 2009), «Пайки Наврӯз» (2012), «Асири зиндагӣ» (2013), «Тозакориҳои Истиқлолият» маҷмӯи мусоҳибаҳо (2013) ба дасти хонандагон расидаанд.
Барфимоҳ Ғанизода барои чунин пазироии гарму ҷӯшон ба мизбонон арзи сипос кард ва аз шеърҳояш намунаҳо қироат кард. 
Сурудҳои дилнишини овозхонони хушадо Дилмуроди Қӯзӣ ва Сардори Икром ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: